Фаъолияти паркҳои технологӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

№61 (3698) 01.06.2017

фаъолиятПаркҳои технологӣ ҳамчун муассисаи инноватсионӣ бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат ташкил шуда, ҳадафашон қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсиониву инвеститсионӣ мебошад. Аввалин парк соли 1974 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсис ёфтааст. Имрӯз дар аксари кишварҳо паркҳои технологӣ дар сатҳи давлатӣ таъсис шуда, ба рушди инноватсия ва пешрафти технологияи замонавӣ мусоидат менамоянд.

Таъсис ва фаъолияти паркҳои технологӣ дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» шурӯъ гардид. Тибқи муқаррароти қонуни мазкур, «парк аз ҷониби шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, як ё якчанд муассисаи таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, ташкилотҳои саноатии давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъсис ёфта, барои амалӣ намудани мақсадҳо ҳамкориро байни онҳо ба роҳ мемонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парк дар шаклҳои зерин таъсис дода мешавад: Парки инноватсионию технологӣ, Парки илмӣ (ё Парки таҳқиқотӣ), Технополис ва инкубатори технологӣ (Бизнес-инкубатор)».

Инчунин, қонуну қарорҳои дигар низ фаъолияти парк­ҳои технологиро ба танзим медароранд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Дар бораи Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020», «Дар бораи стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015» ва «Дар бораи тартиби бақайд­гирии давлатӣ» барои фаъолияти паркҳои технологӣ заминагузоранд.

Аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» 7 сол гузашта бошад ҳам, чунин ба назар мерасад, ки масъулин моҳияти онро пурра дарк накардаанд. Аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар танҳо 9 — тои он парки технологӣ таъсис додаанду халос. Аксари муассисаҳои мазкур тибқи мақоли машҳури «Хоҷа боғ дорӣ? Дорам!» корро ба роҳ мондаанд. Дар натиҷаи пурсиш маълум гардид, ки ҳатто донишҷӯён аз мавҷудияти чунин паркҳо хабар надошта, ба моҳияти онҳо сарфаҳм намераванд. Ҳатто кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки аз муассисаҳои олии таълимии бонуфузи кишвар мебошад, ба саволи мо оид ба парки технологӣ бо савол муроҷиат карданд: «Парки технологиаш чӣ?».

Ба ғайр аз ин, бояд боиси ташвиши масъулин бошад, ки дар ягон парк нақшаи тиҷоратӣ (бизнес-нақша) вуҷуд надорад ва то ҳол ба паркҳои технологӣ соҳибкорон ва олимони варзида ҷалб нашудаанд.

ПАРКҲОИ ТЕХНОЛОГӢ  ЧӢ ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАНД?

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон аз соли 2011 парки технологӣ амал мекунад. Умдатарин коре, ки мутахассисони парки технологӣ кардаанд, сохтани лампаҳои каммасраф мебошад. Мувофиқи лоиҳа, лампаҳои истеҳсолшаванда нисбат ба лампаҳои тафсон қариб 10 ва нисбат ба лампаҳои каммасрафи айни замон дар истифодабуда 2-3 баробар камхарҷанд. Бино ба гуфти масъулин, ин лампаҳо аз лиҳози экологӣ ва техникӣ беза­рар буда, иқтидорашон ба 5 Вт баробар аст. Ҳамчунин, дар парки технологии мазкур истеҳсоли маводи фаъоли биологӣ иборат аз 6 номгӯй: татум (сумаха), барги газанда (листья крапива), алафи чойкаҳак (трава зверабоя), меваи настаран (шиповник), гармала (трава череда), барги мармарак (листья шалфей), ки аз ташхиси лабораторӣ гузаштаанд, ба роҳ монда шудааст. Корхонаи сангҳои ороишии факултети геология, корхонаи гиёҳчойи Литсейи донишгоҳ ва корхонаи равғани зағери назди донишгоҳ низ амал мекунанд, вале бинобар набудани маблағ танҳо барои намуна маҳсулот истеҳсол кардаанду халос.

Директори Парки технологии ДМТ Раҳматулло Юсупов зикр кард, ки ҳар сол бо мақсади дарёфт ва ҷалби ҷавонон ба  ихтироъкорӣ ва тавсеа бахшидани фаъолияти илмию инноватсионӣ озмун мегузаронанд. Аммо мушкили асосие, ки барои амалӣ кардани нақшаҳояшон монеа эҷод менамояд, кам будани маблағ аст.

Дар Технопарки инноватсионии «Фановар»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртии ташнагишикан ва навъҳои нави макарон аз тарафи кормандон ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ тартиб дода, аз мақомоти марбута иҷозатнома, сертификати истеҳсол ва савдои маҳсулоти ғизоӣ гирифта шудааст. Аммо чун дигар паркҳои технологӣ «Фановар» низ фаъолияти қобили мулоҳиза надорад.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ фаъолияти Парки технологӣ соли 2012 оғоз гардид. Зимни суҳбат муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои хориҷӣ, директори Парки технологии донишгоҳ Маҳмадамон Абдуллоев гуфт, ки айни замон корҳои илмию тадқиқотиро бо корхона ва ташкилотҳо дар асоси шартнома ба роҳ монда, барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҷҳизоти лабораторӣ тайёр карда истодаанд.

- Соли 2014 бо ҶДММ «Газпромнефт — Тоҷикистон» оид ба муайян кардани хосиятҳои техникии истифодаи сӯзишвории инноватсионии «Gdrive», бо Муассисаи махсусгардонидашудаи нақлиёти тиббии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба муайян кардани сарфи сӯзишворӣ, бо Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ тибқи шартнома корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида, барои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт комплекти озмоишӣ аз фанни физика истеҳсол намудем, — изҳор дошт М. Абдуллоев.

Дар таркиби Парки технологии донишгоҳ, инчунин озмоишгоҳи «Энергияи соф» амал мекунад, ки ба таҳқиқ ва истифодаи энергия аз манбаъҳои алтернативӣ машғул мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Парки технологии донишгоҳи мазкур бо ҶСК НБО-и «Роғун» барои муайян кардани меъёри аслии гашти шинаи автомобилҳои боркаш шартномаи ҳамкорӣ баста, дар вақти муайяншуда уҳдадориҳоро пурра ба анҷом расонд. Ҳамчунин, бастани шартномаи ҳамкорӣ оид ба муайян кардани меъёри истифодаи таҷҳизот, дастгоҳ, қисмҳои ҷудогонаи воситаҳои нақлиёт ва сӯзишворӣ, таҳияи низомнома, ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дигар санадҳо ба забони давлатӣ ва тайёр намудани ҷузъҳои алоҳидаи таҷҳизоту мошинҳо дар назар аст.

Аз тарафи устодони кафедраи «Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳои металбурӣ ва олот» якчанд дастгоҳи намунавӣ, аз ҷумла насоси гидротаран, дастгоҳи коркарди санг­ҳои қиматбаҳо, таҷҳизоти озмоишии таълимӣ ва ғайра омода  шудаанд. Аммо аз сабаби нарасидани маблағ ба истеҳсолот ворид намуданашон тӯл кашида истодааст, — зикр кард Маҳмадамон Абдуллоев.

Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Сад­риддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикис­тону Россия, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода низ паркҳои технологӣ таъсис дода шудаанд, ки фаъолияти назаррас надоранд. Дар бархе аз донишгоҳҳо сехи дӯзандагӣ, нонвойхона ва курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзиро парки технологӣ ном мебаранд. Ҳамчунин, тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбие низ ҳастанд, ки ба ном парк­ҳои технологӣ ташкил намудаанд, аммо онҳо ҳатто аз қайди давлатӣ нагузаштаанд.

Масъулини паркҳои технологӣ маблағи бақайдгирии ихтирооту навовариҳоро дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гарон арзёбӣ карданд. Аммо ин иддаоро дар маркази зикршуда, рад намуда, бо саволи риторикӣ мақсадро баён карданд: «То ҳол аз тарафи паркҳо ба мо чӣ навоварӣ ё ихтироот пешниҳод шудааст? Ё умуман навоварие, ки мекунанд, ба талаботи замон ҷавобгӯ ҳаст?».

Иттилоъ гирифтем, ки барои пардохти маблағи бақайдгирии ихтирооту навовариҳо Маркази патенту иттилоот ба паркҳои технологӣ имтиёз додааст. Масалан, агар маблағ барои бақайдгирӣ 1300 сомониро ташкил диҳад, пас парки технологӣ метавонад, ки онро қисм-қисм, дар давоми сол пардохт намояд.

Кам ҷудо шудани маблағ ба паркҳои технологиро масъулин ба мавқеи Вазорати молияи кишвар вобаста медонанд. Намояндагони вазорати мазкур дар бештар ҳолат пешниҳоди муассисаҳоро рад намуда, маблағи заруриро ҷудо намекунанд. Ҳол он ки дар дигар давлатҳо ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Масалан, Федератсияи Россия дар як сол танҳо барои паркҳои фаъоли донишгоҳҳо 11 миллиард рублро бебозгашт медиҳад.

 БО ҲАЛВО ГУФТАН ДАҲОН ШИРИН НАМЕШАВАД…

Тавре зикр шуд, аксари парк­ҳои технологӣ мушкилоти ҳамсон доранд. Ба ҷуз Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, дигар паркҳо фаъолият накарданашонро дар кам ҷудо шудани маблағ арзёбӣ мекунанд. Ҳол он ки дар қонун ва дигар санадҳои марбута дар баробари маблағгузории давлатӣ, ҷалби соҳибкорон барои таъсис ва фаъол намудани паркҳои технологӣ муайян шудааст. Дар банди дуюми моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» омадааст: «Парк барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ, дарёфти грантҳо, лоиҳаҳои инноватсионӣ    ба институтҳои молиявии байналмилалӣ доир ба амалигардонии фаъолияти истеҳсолӣ ва ворид кардани технологияи аълосифат лоиҳаҳо пешниҳод менамояд».

Пас чаро масъулин ин муқаррароти қонуни мазкурро нодида мегиранд?

Таҷрибаи ҷаҳонӣ далел аст, ки рушди аксари технопаркҳо маҳз ба таъсиси муассисаҳои зертобеи инноватсионӣ (резидентҳо) асос ёфтааст. Барои мисол, дар Технопарки Донишгоҳи миллии техникии Беларус 7 корхонаи илмию инноватсионӣ ва 2 ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд  таъсис дода шудааст. Резидентҳои технопарк дорои имтиёзҳои махсус дар бахши андозсупорӣ, пардохти боҷи гумрукӣ ва қарзҳои бонкӣ мебошанд. Бинобар ин, масъулинро мебояд, ки дар масъалаи ҷалби резидентҳо ва пешниҳоди имтиёз дар соҳаи андоз, пардохти боҷи гумрукӣ ва қарзҳои бонкӣ чораандешӣ намоянд. Тавсеаи фаъолияти чунин паркҳо ҷанбаҳои зиёди мусбат дорад. Он агар аз як ҷиҳат ҳамчун корхонаи истеҳсолӣ дар ғанӣ гардонидани бозорӣ дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳм гузорад, аз ҷониби дигар донишҷӯён дар он такмили малака намуда, мутахассиси дар бозори меҳнат рақобатпазир мешаванд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев