Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор роҷеъ ба мақола бо номи «Чӣ тавр корхонаи шароббарорӣ ба саисхона табдил ёфт?», ки 14 марти соли 2017 чоп шудааст, гурӯҳи корӣ таъсис дода, аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Май» дидан намуд.
Маълум гашт, ки шаҳрванд Неъмат Абдуллоев дар асоси Шартномаи хариду фурӯш аз 24 октябри соли 2002, №53/5 аз Биржаи моликияти ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 фоиз ва соли 2006 — ум 20 фоиз, ҷамъ 70 фоиз саҳмияи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Май»- ро харидорӣ намудааст.
Баъдан, се нафар бо розигии худ саҳмияҳояшонро, ки 5,62 фоизро ташкил медод, ба Неъмат Абдуллоев додаанд. Масоҳати умумии корхона 4,85 гектарро ташкил дода, то соли 2006 ба истеҳсоли шароб машғул буд.
Соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳмдор Неъмат Абдуллоев барои ташкил намудани мағозаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар масоҳати 2 гектар розигӣ дода шудааст. Аммо бинобар аз маркази шаҳр дур будан ва ҳавасманд накардани соҳибкорон мағозаҳо аз фаъолият мондаанд.
Роҳбари Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Май» Неъмат Абдуллоев нақша дорад, дар сурати пайдо кардани сармоягузор истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва спиртиро ба роҳ монад.
Ҳангоми боздид аз корхона маълум гардид, ки аз тарафи масъулин дар он чор сар гӯсфанд, се сар асп ва ду сар чорвои калони шохдор парвариш ёфта истодааст. Аз сабаби солҳои тӯлонӣ фаъолият надоштан корхонаи мазкур партовгоҳи истеҳсолӣ надорад.
Аз ҷониби гурӯҳи корӣ барои ба тартиб даровардан ва тозаву озода намудани гирду атрофи корхона ба масъулон дастур дода шуд.
А. ИСМАТУЛЛОЗОДА,
муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор