Луқма

Агар бемор барои табобат маблағ надорад…

№69 (3706) 10.06.2017

qarabolo_dush_9Агар бемор маблағи ташхиси дардашро надошта бошад, чӣ кор кунад? Ин суолест, ки ҳар фарди касалмандро нороҳат месозад.

Дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологӣ» фақат барои таҳлили умумии хун, пешоб ва ахлот 201 сомонӣ бояд пардохт кард. Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» нархи як ташхис 60 сомонӣ аст. Ҳол он ки барои бистарӣ кардани бемор аз чандин ташхисҳои дигари лабораторӣ гузаштан лозим меояд. Ин тартиби нархгузорӣ аз ҷониби вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва молия тасдиқ шудааст. Суоле пайдо мегардад, ки вазоратҳои мазкур барои муайян кардани нархи хизмат­расонии тиббӣ кадом меъёрҳоро ба инобат гирифтаанд?

Дар ҷумҳурӣ 680 муассисаи тиббии хусусӣ амал мекунад, аммо на ҳар кас қудрати табобат дар ин муассисаҳоро дорад. Муассисаҳои машҳур, аз қабили «Беморхонаи Сино»-ро сарфи назар мекунем.

Барои мисол, дар ҶДММ «Медиан» як машварати духтур 50 сомонӣ қимат дорад. Тӯли як моҳ ҳар қабул 25 сомонӣ аст. Баъди як моҳ боз 50 сомонӣ пардохтан лозим меояд. Нархи 3 ташхиси одӣ дар ин муассиса 142 сомонӣ буда, маблағи табобат ҳам миёншикан аст.

Муассисаҳои тиббии хусусиро набояд то ба ин дараҷа соҳибихтиёр  карду беназорат монд. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки таносуби маошу хариди дору ва ташхис ба сатҳи зиндагӣ созгор нест. Аммо мақомоти назоратӣ доир ба ин масъала хомӯшанд.

Таъмини маризиҳои душвортабобат бо рахти хобу доруворӣ низ ба талабот ҷавобгӯ нест.

Солҳои пеш дар Маркази илмии саратоншиносӣ дору ройгон буд ва маблағи он аз ҳисоби буҷети давлат пардохт мегардид. Ҳоло дору  фақат дар шуъбаи кӯдакона ройгон асту халос.

Як роҳи дастгирии беморон ин ташкили фондҳои хайриявӣ, мебошад. Дар Афғонистон кӯдакони оилаҳои ниёзмандро қадри имкон ба шарофати кумакҳои хайриявӣ табобат мекунанд. Дар Эрон бошад, тарҳҳои икромӣ (карам) мавҷуд аст, ки чанд нафар як ниёзмандро таҳти ҳимояти хеш қарор медиҳанд.

Дар ҷумҳурии мо ташкилоти хайриявии «Лона» амал мекунад, ки фаъолияташ назаррас ва боиси дастгирист.

Теъдоди беморон, хоса бемориҳои дил ва саратон, сол то сол афзуда истодааст ва ин намуди бемориҳо ба бемориҳои душвортабобат шомиланд. Мутасаддиёни соҳа бояд усулҳои нисбатан арзонтар табобат кардани ин гуна бемориҳоро ба роҳ монанд, то бемор дар ташхису табобат ба мушкил мувоҷеҳ нагардад.

Дар маҷмӯъ, мо бояд роҳи ҳалли  чунин мушкилоти иҷтимоиро ёбем, то бемор эҳсоси нокомӣ накунаду заъфи офият накашад. «Қадри офиятро касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд», — гуфтааст Саъдии Шерозӣ.

Абдухолиқ Мирзозода,

«Садои мардум»