Фарҳанги тоҷик дар Туркманистон муаррифӣ мешавад

№69 (3706) 10.06.2017

Аз 12 то 17 июни соли ҷорӣ  Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон баргузор мегардад.

Дар доираи ин чорабинӣ баргузории барномаҳои ҷолиби консертӣ, намоиши асарҳои санъати тасвирӣ ва акс­ҳои «Тоҷикистони муосир»,  либосҳои миллӣ ва филмҳо дар назар аст.

Ба ҳайат санъаткорони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва дигарон шомиланд.  Барномаи бадеиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлаталӣ Убайдуллоев таҳия кардааст.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»