Оғози сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон

№85-86 (3070-3071) 09.07.2013

вилояти Хатлон

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон панҷуми июли соли 2013 барои шиносойии наздик бо вазъи зиндагии мардум, анҷом додани суҳбатҳои бевосита бо аҳолии касбу кори гуногун ва мусоидат кардан ба бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда ба вилояти Хатлон сафар кард.

Тайи ин сафар Сарвари давлат ба як қатор шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа ташриф оварда, иншооти зиёди дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бо иштироки Роҳбари давлат, ҳамчунин бунёди як зумра иншооти дигар оғоз ёфт.

Боздиди навбатии кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштирок дар хатнасури дастаҷамъонаи 150 кӯдаки ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд, ҳамчунин тӯйи арӯсии даҳ ҷуфт навҷавонон аз ҳамин гуна оилаҳо оғоз ёфт. Ин чорабинии дастаҷамъонаи хайрия дар тарабхонаи хусусии «Бандари куҳан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ки худи ҳамон рӯз ифтитоҳ ёфт, баргузор гардид.

Тавре зикр гардид, ин бинои зебои замонавӣ, ки иборат аз таҳхона ва ду ошёна мебошад, бо  харҷи беш аз чор миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамол Нуриддинов бунёд ёфтааст. Дар таҳхонаи он толору утоқҳои варзишии машқи бадан ва фитнес, дар ошёнаи якум тарабхона ва дар ошёнаи дуюмаш маркази дилхушии кӯдакон ҷойгир шудааст.

Маросими тӯйи арусӣ ва хатнасури дастаҷамъонаи хайрия қисман аз ҷониби ҳамин соҳибкор ва қисман аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ташкил карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як кӯдаки хатнашаванда ва ҳар ҷуфти навхонадорон кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим намуда, бо онҳо суҳбати озоду самимӣ анҷом дод.

Президенти кишвар ҳамчунин ба созмондиҳандагони ин кори хайру савоб, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон анҷом медиҳанд, арзи сипос карда, таъкид дошт, ки «хайроту садақоти худро мардуми мусулмон бояд маҳз ба ҳамин гуна табақаҳои ниёзманди аҳолӣ равона созанд».

Чунонки аён гардид, тарабхонаи ин бинои зебо дар дохил ва ҳавлӣ дорои 230 ҷойи нишаст буда, дар ошёнаи дуюми он барои кӯдакон техникаю таҷҳизоти гуногуни бозию дилхушӣ васл гардидааст. Дар ин бино 50 нафар соҳиби кори доимӣ мегарданд.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи бино ва сифати корҳои сохтмону васлгарӣ ва ороишӣ баҳои баланд дода шуд, зеро он дарвоқеъ бо усули хеле зебо ва ғайриоддӣ тарроҳию бунёд ёфтааст.

 

Ифтитоҳи нахустин мактаби инноватсионии ронандагии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри Қӯрғонтеппа нахустин пойгоҳи инноватсионии ронандагии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Пойгоҳ, ки бо харҷи беш аз панҷ  миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта ва таҷҳизонида шудааст, аз синфҳои муҷаҳҳази дарсҳои назариявӣ, машғулиятҳои амалӣ бо макетҳои электронии мошин ва майдони махсуси мошинронӣ иборат аст.

Мавриди зикри хос аст, ки тамоми синфхонаҳо ва майдонҳои таълимию имтиҳонӣ ба шабакаи ягонаи электронӣ пайваст буда, ҷараёни ҳама кор тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ва компютеру мониторҳо мудом назорат карда мешавад.

Дар ин марказ ҳоло курсҳои семоҳаи ронандагӣ ташкил шуда, ронандаҳои се намуди мошин – сабукрав, боркаш ва автобус омода карда мешаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ          Раҳмон маслиҳат дод, ки барои хуб омода кардани ронандаҳо муҳлати курсҳо ба шаш  моҳ расонида шавад. Дар як курс 60 донишҷӯй бо омӯзиш фаро гирифта мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин маслиҳат дод, ки дар ҳудуди пойгоҳ боз як бинои таълимӣ бунёд карда, таълимро дар ду баст ба роҳ монанд, то ки хоҳишмандони бештарро қабул карда тавонанд.

Ҳоло дар ин пойгоҳ 50 нафар мутахассисони баландпоя бо кор ва маоши калон таъмин шудаанд.

Аз ҷониби ҳамин гурӯҳи соҳибкорон дуюмин чунин пойгоҳ, вале аз ин калонтар ба наздикӣ дар пойтахти кишвар ба кор дароварда мешавад. Онҳо нақша доранд, ки то охири соли равон дар ҳафт шаҳру ноҳияи кишвар чунин пойгоҳҳои омӯзиши ронандагиро омода созанд.

Ин пойгоҳ хусусӣ буда, дарсҳо ва ҳам санҷишу имтиҳоноти вобаста ба азхуднамоии донишу малакаи ронандагӣ, албатта, ба таври тиҷоратӣ, вале дар якҷоягӣ бо мутахассисони Бозрасии давлатии автомобилӣ ба роҳ монда мешавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла дастур дод, ки ронандаҳо бо сифати баланд омода карда шаванд, ки оянда дар ҷумҳурӣ шумораи садамаҳои нақлиётӣ коҳиш дода шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки омодасозии ронандаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ низ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шавад.

 

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа корти теннисро ба истифода доданд

Иншооти сеюме, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, майдони калон ва тенниси рӯйи миз буд. Чунонки аён гардид, майдони тенниси калон ҳамчунин дорои 200 ҷойи нишаст буда, бо харҷи беш аз 150 ҳазор  сомонӣ омода гардидааст.

Дар ин майдон, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нусратулло Файзуллоев бунёд ёфтааст, шаш нафар бо кор таъмин мегарданд. Нусратулло Файзуллоев бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони боз корти дигари теннисро ба уҳда гирифта, изҳор дошт, ки то охири соли равон онҳоро ба дӯстдорони ин навъи варзиш пешниҳод хоҳад кард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар майдони теннис бо варзишгарони теннисбози шаҳри Қӯрғонтеппа чанд лаҳза бозӣ карда, дар тарғиби амалии варзиш ва тарзи ҳаёти солим саҳми бевосита гузошт.

 

Шиносойӣ бо кори хоҷагиҳои деҳқонии намунавӣ дар ноҳияи Бохтар

Дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Бохтар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кори якчанд хоҷагии деҳқонии намунавӣ, аз ҷумла хоҷагии деҳқонии Навкор, бевосита шинос шуд.

Тавре аён гардид, ин хоҷагӣ асосан бо парвариши зироатҳои гуногун, аз қабили пахта ва сабзавоту полезӣ ва ҳамчунин боғу токпарварӣ машғул аст.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ асосан тухмии пахтаи «Флора» кишт карда, аз он ҳосили фаровон меруёнанд. Соли гузашта онҳо аз ҳар як гектари ин навъи пахта 42 сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Нахнокии ин намуди пахта 43 фоизро ташкил дод. Аз 130 ҳазор гектар замини кишти пахтаи имсола дар вилоят низ 70 фоизашро ҳамин навъи пахта ташкил медиҳад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки майдони кишти пахтаи маҳиннах низ зиёд карда шавад.

 

Марҳилаи дуюми навсозии роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ ба поён расид

Панҷуми июли соли 2013 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Қӯғонтеппа-Дӯстӣ ба масофаи 18 км расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, навсозии ин қитъаи роҳ тайи як солу як моҳ бо харҷи 19 миллион доллари амрикоӣ маблағи грантии Ҳукумати Япония анҷом дода шудааст.

Дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Қӯрғонтеппа навсозии роҳҳои дохилии шаҳр оғоз ёфт. Чунонки иттилоъ доданд, дар навбати аввал наздики 5 километр роҳҳои мошингарди дохили шаҳр дар муддати кӯтоҳ навсозӣ мешавад.

 

Корхонаи «Ресанда»-и шаҳри Қӯрғонтеппа дубора ба кор даромад

Корхонаи Ресандаи

Панҷуми июли соли 2013 дар ҶСК «Ресанда»- и шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳҳои нави ресандагӣ, бофандагӣ, рангу бори ришта ва матоъ, дӯхти либос ва ҷӯроббофӣ ба кор дароварда шуд.

Тавре зикр гардид, ҶСК «Ресанда»-и шаҳри Қӯрғонтеппа аз соли 2007 ба ин сӯй бо сабаби кӯҳнаю фарсуда шудани техникаю таҷҳизот ва дар бозор рақобат карда натавонистан ҳамагӣ бо 15-20 фоиз иқтидораш фаъолият мекарду бас.

Аз ин сабаб имсол роҳбари корхона, соҳибкори маҳаллӣ Нусратулло Файзуллоев тасмим гирифт, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, бо ворид намудани техникаю таҷҳизоти нав ба ин муассисаи бузурги истеҳсолӣ умри дубора бахшад.

Тавре аён гардид, имрӯз эҳёи тадриҷии корхона ба назар мерасад. Бо харҷи 6,5 миллион доллари амрикоӣ ба корхона таҷҳизоти нави технологияи муштараки Хитой ва Кореяи Ҷанубӣ ворид карда шуд. Ҳамин тариқ, фаъолияти ресандагӣ, бофандагӣ, рангу бори ришта ва матоъ, дӯхти либосвории гуногун ва бофтани ҷӯроб ва дигар ашёи трикотажӣ, аз қабили ба истилоҳ футболка, таҳпӯшҳои мардонаю занона ва ғайра ба роҳ монда шуд. Бад- ин тартиб дар ин корхона коркарди нахи пахта то маҳсулоти тайёри ниҳойӣ, ки аз ҷумлаи супоришҳои доимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ба назар мерасад.

Корхона бо иқтидори кунунияш дар як шабонарӯз метавонад 5-6 тонна матоъ, 5 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, 1000 дона футболка ва тибқи фармоиши мизоҷон миқдори зарурии либосворӣ истеҳсол намояд. Дар маҷмуъ, имрӯз дар як шабонарӯз то 10 тонна маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад. Дар як сол дар ин корхона аз 8,5 ҳазор тонна нахи пахта маҳсулоти тайёри ниҳойӣ тавлид мегардад.

Ҳоло дар ҳама коргоҳҳои корхона 650 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Танҳо дар коргоҳҳои дӯзандагӣ 315 мошини дӯхти либос васл гардидааст. Дар сурати дар ду баст ташкил намудани кор танҳо шумораи дӯзандаҳо ба 630 нафар хоҳад расид.

Навсозии корхона, воридоти технологияи нав ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ идома дорад. Дар марҳилаи дуюми навсозӣ, ки то тирамоҳи соли равон ба поён мерасад, шумораи коргарон ба 2,5 ҳазор нафар расонда хоҳад шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳибкори фаъол арзи сипос карда, фаъолияти ӯро намунаи ибрат номид.

 

Ифтитоҳи Аквапарки муосир дар деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар

Дар деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар 5 июли соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маркази нави бозию дилхушии обӣ-Аквапарк ё худ парки обӣ мавриди истифодаи умум қарор гирифт.

Ин аквапарк бо як осоишгоҳи зебои замонавӣ дар 10 гектар замини соҳили рӯди Вахш аз ҷониби соҳибкорони маҳаллии ширкати «Эъмор» бо харҷи беш аз 20 миллион сомонӣ бунёд меёбад. То имрӯз барои омодасозии аквапарк ва оғози сохтмони биноҳои чорошёнаю шашошёна ва дигар иншооти ёрирасони осоишгоҳ беш аз се миллион сомонӣ сарф шудааст.

Чунонки иттилоъ доданд, дар аквапарк ва осоишгоҳи нави ин мавзеъ зиёда аз 200 нафар соҳиби кор ва маоши баланд хоҳанд шуд.

Тавре аён гардид, шодию нишоти кӯдакону наврасонро аз ифтитоҳи ин маркази обии бозию дилхушӣ ҳадду канор нест. Дарвоқеъ аквапарк бо тарҳи хеле зебою назаррабо ва бо завқу салиқаи баланд сохтаву муҷаҳҳаз шудааст.

Хотирасон бояд намуд, ки ин аквапарки муосир дар миёни шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд дар ҳудуди ноҳияи Бохтар қарор дошта, аз он кӯдакону наврасони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ин минтақаи вилояти Хатлон метавонанд, баҳравар гарданд.

 

Ифтитоҳи кӯдакистони муосири хусусӣ дар ноҳияи Бохтар

Панҷуми  июли соли 2013 дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустин кӯдакистони хусусӣ, ки бо номи «Садаф» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саидҷаъфар Ҷобиров бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Кӯдакистон барои 120 нафар кӯдакони синни томактабӣ пешбинӣ шуда, дорои шароити хуби муосир барои будубош, бозию дилхушӣ, истироҳат ва таълиму тарбия мебошад.

Маблағи хизматрасонии кӯдакистон  барои як кӯдак дар як моҳ 100 сомонӣ аст. Тавре иттилоъ доданд, сатҳи зиндагии мардум дар ин ҷамоат, ки беш аз 55 ҳазор аҳолӣ дорад, нисбатан баланд аст ва аксари онҳо имкони пардохти ҳармоҳаи чунин маблағҳоро доранд. Гузашта аз ин,  соҳибкори маҳаллӣ Саидҷаъфар Ҷобиров тасмим гирифтааст, ки давоми зиёда аз ду моҳи аввали фаъолияти кӯдакистон, яъне дар миёни ду иди муқаддаси миллӣ-Рӯзи Ваҳдат ва Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба кӯдакон ройгон хизмат расонанд.

 

Корхонаи нави пахтатозакунии Бохтар «Инвесткоттон» ба кор даромад

Дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар, ҳамчунин як корхонаи нави пахтатозакунӣ, ки бо технологияи нави каммасраф ва хушсифат ба кор омода шудааст, ифтитоҳ ёфт.

Тавре иттилоъ доданд,  ин корхона дар муддати як сол бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 120 нафар бо кор ва маоши аз 1200 то 1500 сомонӣ таъмин гардидааст. Ҳафтод  нафари коргарон занону духтарон мебошанд.

Корхона дар як сол то 20-25 ҳазор тонна пахтаро коркард намуда, нахи онро бо сифати баланд ҷудо мекунад. Техникаю таҷҳизоти ин корхона  каммасраф буда, нисбат ба дастгоҳҳои технологии пешин 50 фоиз камтар нерӯи барқ сарф мекунад.

Дар назди ҳамин корхона бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ба сохтмони корхонаи равғанкашӣ оғоз бахшида шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, дар корхона ҳар шабонарӯз то 50 тонна чигит ва ё дони офтобпараст коркард хоҳад шуд. Дар ин корхона чор навъи маҳсулот-равған, кунҷора, шулха ва тибити пахта тавлид мешавад. Танҳо равған дар ин корхона дар як сол беш се ҳазор тонна истеҳсол мешавад.

Ин корхона то даҳаи охири моҳи декабри соли равон ба кор омода шуда, дар он 105 нафари дигар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

 

Кӯмаки моддии Президент ба ятимони бе падару модари шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва чанде аз ноҳияҳои ин минтақа

Дар бӯстонсарои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 5 июли соли 2013 бо 279 нафар мактаббачагону донишҷӯёне, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, вохӯрии судбахш анҷом дод. Инҳо ятимони кулл аз шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд ва ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки онҳо кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои арзишманд тақдим намуда, ба хониши хубу аъло ва соҳиби касбу ҳунар шудан ҳидояташон кард.  Ба хонандагони аз синфи ҳафт боло ва донишҷӯёни ятим, дар баробари дигар кӯмакҳо, яктоӣ планшет тақдим гардид.

 

Шиносойӣ бо фаъолияти ширкати хусусии дорусозии «Мину Фарм»

Бегоҳии рӯзи 5 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Бохтар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти пурсамари яке аз корхонаҳои ширкати хусусии дорусозии «Мину Фарм» шинос шуд.

Тавре зикр гардид, ин ширкат соли 2009 таъсис ёфта, дар аввал бо ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, беш аз ҳама решаи ширинбияву шираи камол ва  омодасозии маводи доруворӣ аз онҳо машғул будааст. Ҳоло бошад, дар ин ширкат ҳамчунин ҷамъоварӣ ва парвариши  морҳои заҳрдор барои омодасозии доруворӣ аз заҳри онҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар ин корхонаи дорусозии ин ширкат то имрӯз истеҳсоли шаш намуди маҳсулот аз шираи камол ва як намуд экстракт аз решаи ширинбия, ки асосан маҳсулоти нимтайёр барои дорусозӣ мебошад, ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоташон бештар ба давлатҳои Покистону Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Япония ва Малайзия содирот карда мешавад.

Барои ҷамъоварию парвариши морҳои заҳрдор, гирифтани заҳри онҳо ва омодасозии чанд намуд дору аз он ин ширкат иҷозатномаи байналмилалӣ низ ба даст овардааст.

Ҳоло дар ин ширкат 30 нафар мутахассисони баландпояи табиатшиносу дорусоз бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ғайр аз ин, беш аз 600 нафар аз аҳолии деҳот дар мавсими ҷамъоварии ашёи хом ба кор ҷалб карда мешаванд.

Ба иттилои роҳбарияти ширкат, онҳо бо истифода аз захираю имконоти беканори табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз, фаъолияти пурсамари фоидабахш ба роҳ монда, ҳам ба нафъи худ ва ҳам буҷети кишвар хизмат мекунанд.

 

Дар ноҳияи Бохтар толори варзишӣ ба истифода дода шуд

6 июли соли 2013 сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Бохтару Вахши вилояти Хатлон идома ёфт.

Нахуст бо иштироки Сарвари давлат дар маркази ноҳияи Бохтар як толори бузурги варзишӣ бо майдони васеи бозиҳои гуногун дар саҳнаш ифтитоҳ ёфт.

Чунонки иттилоъ доданд, ин иншооти варзишӣ дар муҳлати кӯтоҳ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҷабалӣ Давлатов бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Майдони назди толори варзишӣ дорои шароити зарурӣ барои волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз ва дигар бозиҳо мебошад.

Худи толор бошад, дорои 250 ҷойи нишаст барои тамошобинон буда, барои намудҳои гуногуни гӯштӣ, варзиши сабук, аз қабили гимнастика ва фитнес, пешбинӣ шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони сершумори ноҳияи Бохтар, ки дар миёнашон ғолибону ҷоизадорони зиёди мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳам ҳастанд, суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои баланди варзиш ҳидоят намуд.

 

Ташриф ба корхонаи хушксозии мева дар ноҳияи Бохтар

Дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Бохтар 6 июли соли ҷорӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи хушксозии мева, ки дар назди хоҷагии деҳқонии Беҳбудӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳматулло Саъдуллоев бунёд ёфтааст, ташриф овард.

Тавре аён гардид, хушксозии мева дар ин ҷо бо истифода аз дастгоҳҳои технологии муосир ба роҳ монда шуда, маҳсулоти тайёраш дар дохил ва хориҷи кишвар бозоргузар ва рақобатпазир аст. Аҳли заҳмати ин корхона, ки зиёда аз 30 нафаранд, хушксозӣ ва ба навъҳо ҷудокунии зардолую шафтолу, себу нок ва дигар намудҳои меваро ба роҳ мондаанд.

Ҳарчанд шуғли асосии хоҷагии деҳқонии Беҳбудӣ пахтакорӣ аст, вале дар ин самти нави фаъолият низ комёб гардидаанд. Гузашта аз ин, роҳбари ин корхона ва ҳам хоҷагӣ Раҳматулло Саъдуллоев, асосан бинокори касбӣ будааст ва деҳқонию омодасозии меваи хушк аз ҷумлаи шуғлҳои иловагии вайанд.

Ин соҳибкори маҳаллӣ, ҳамчунин дар гулхонаи болопӯшида парвариши як навъи нодири помидорро ба роҳ мондааст, ки то 6 метр қад кашида, ҳар як ниҳолаш то 23-24  кг ҳосил медиҳад. Майдони умумии ин гулхона ҳамагӣ 8 садяк буда, аз 5 чинаки ин помидори нодир 14-15 тонна ҳосил ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳоло помидор ҳосили фаровон дошта, боз дар авҷи гулбандӣ қарор дорад. Аҳли заҳмати хаҷагии Беҳбудӣ умед доранд, ки аз он то тирамоҳ муттасил ҳосил ҷамъоварӣ кардан гиранд. Онҳо дар як гулхонаи дигар аз қаламчаи ҳамин помидорҳо боз ниҳолҳои нав сабзонда, умедворанд, ки аз онҳо то оғози зимистон ҳосил мегиранд.

 

Тӯйи арӯсӣ ва хатнасури хайрия дар ноҳияи Бохтар

Дар маркази ноҳияи Бохтар 6 июли соли 2013 бо ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тӯйи арӯсии даҳ ҷуфти ҷавон ва хатнасури 150 кӯдаки ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ороста шуд.

Ин маросими пурфараҳи хайрия бо дастгирию саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ ба таври дастаҷамъона ва каммасраф аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар созмон дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кӯдакон ва навхонадорон кӯмаки яквақтаи моддӣ ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим намуд.

 

Ба кор даромадани корхонаи равғанкашӣ дар ноҳияи Вахш

6 июли соли 2013 дар маркази ноҳияи Вахш бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи нави равғанкашӣ ба кор дароварда шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, ин корхона дар як шабонарӯз то 50 тонна чигити пахтаро коркард намуда, аз он 7,5 тонна равған мегирад. Корхона имкон дорад, ки дар як сол то 16 ҳазор тонна чигитро коркард кунад. Дар як моҳ дар ин корхона 150 тонна ва дар як сол 1800 тонна равған истеҳсол мешавад. Аз чигити пахта ҳамчунин кунҷора, пӯсти чигит ва тибит ҳосил мегардад.

Ҳоло дар ин корхона 52 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Роҳбарияти корхона ният доранд, ки дар ояндаи наздик ҳамчунин истеҳсоли собунро ба роҳ монда, шумораи коргаронро афзун намоянд.

 

Ифтитоҳи бинои нави идораи маҳаллии «Тоҷиксуғурта» ва як толори варзишӣ

Дар як гӯшаи маркази ноҳияи Вахш бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 6 июли соли ҷорӣ бинои нави идораи маҳаллии «Тоҷиксуғурта» ва як толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни боздид аз толори варзишӣ, ки дорои шароити хуб барои машқу тамрин аз рӯйи намудҳои гуногуни варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва 300 ҷой барои тамошобинон аст, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони навраси ноҳияро ба тарзи ҳаёти солим, аз бар намудани илму дониши замона ва ҳурмату эҳтироми падару модар ва калонсолон ҳидоят кард.

 

Дар ноҳияи Вахш бинои нави филиали ҶСК «Агроинвестбонк» боз гардид

Зимни ифтитоҳи бинои нави филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар маркази ноҳияи Вахш 6 июли соли 2013 аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар он панҷ ҷойи иловагии корӣ муҳайё гардида, шумораи умумии коргарон ба 20 нафар расидааст.

Тавре иттилоъ доданд, ҳоло пасандозҳои аҳолӣ дар ин филиал ба 3,3 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 1,5 миллион зиёд аст. Ин нишонаи афзоиши даромадҳои мардум ва ҳам бештар гардидани боварии онҳо ба бонкҳо мебошад.

Сандуқи қарзии ин филиали ҶСК «Агроинвестбонк» аз 3,4 миллион сомонӣ иборат буда, қариб 300 мизоҷи қарзгиранда дорад. Беш аз 70 фоиз қарзҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дода шудааст.

 

Гузоштани хишти аввали корхонаи нави ресандагӣ дар ноҳияи Вахш

Дар ноҳияи Вахш 6 июли соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаи бузурги ресандагӣ оғоз бахшид.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхона бо иқтидори солонаи коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта то моҳи сентябри соли 2014 аз ҷониби ширкати ватании «Беҳрӯзи Мурод» сохта, ба кор дароварда мешавад.

Корхона бо харҷи даҳ миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, дар он 350 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Ин муассисаи бузурги истеҳсолӣ бо технологияи муштараки Олмону Япония муҷаҳҳаз шуда, маҳсулоти хушсифати сатҳи ҷаҳонӣ тавлид хоҳад кард. Роҳбарияти корхона бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуданд, ки оянда коркарди нахи пахтаро то маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монанд, яъне корхонаҳои бофандагӣ, рангубори риштаю матоъ ва дӯхти либос низ бунёд хоҳанд кард.

 

Ширкати «Раҳмониён» дар ноҳияи Вахш корхонаи дӯзандагӣ кушод

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 6 июли соли 2013 дар ошёнаи дуюми маркази савдо ва хизматрасонии ширкати «Раҳмониён»-и ноҳияи Вахш як коргоҳи дӯзандагӣ ба кор дароварда шуд.

Дар ин коргоҳ 70 нафар, асосан занону духтарон ба кор ҷалб шуда, дар марҳилаи аввали фаъолият дӯхти 20 намуд либосворӣ, аз ҷумла либоси мактабӣ, тиббӣ ва либосҳои гуногуни корӣ, ба роҳ монда шудааст.

Роҳбари корхона соҳибкори маҳаллӣ Қурбоналӣ Достиев бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки маоши дӯзандаҳоро аз ҳамин моҳ аз 400 ба 700 сомонӣ мерасонад.

 

Ифтитоҳи коргоҳи хусусии дӯзандагӣ дар хоҷагии Кӯлоби ноҳияи Вахш

Дар ошёнаи дуюми маркази хизматрасонии хоҷагии деҳқонии Кӯлоб як коргоҳи дӯзандагӣ ба кор дароварда шуд, ки дар он 55 нафар занону духтарон соҳиби кори доимӣ гардиданд.

Роҳбарияти коргоҳ бо маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон азм доранд, ки дар ошёнаи якуми бино боз як коргоҳи дӯзандагӣ бо 50 ҷойи корӣ бунёд намоянд.

 

Ба кор шуруъ намудани шифохонаи Канзи Шифо дар ноҳияи Вахш

Дар хоҷагии деҳқонии Кӯлоби ноҳияи Вахш бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дармонгоҳ ва шифохонаи хусусии Канзи Шифо низ ба кор шуруъ намуд.

Чунонки иттилоъ доданд, ин муассисаи деҳотии тиббӣ аз панҷ утоқи муоина, аз ҷумла ташхиси ултрасадоӣ, санҷиши барқии кори дил, амрози занона, дандонпизишкӣ ва озмоишгоҳи кимиёӣ иборат буда, ҳамчунин дорои 12 кати хоб мебошад. Ояндаи наздик шумораи катҳои хоб ба 22 адад расонда мешавад. Дар ин муассиса ҳоло 22 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

 

Ба фаъолият шуруъ намудани шифохонаи нави бемориҳои сил дар вилояти Хатлон

Ҳафтуми июли соли 2013 боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон идома ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш ташриф оварда, дар маросими тантанавии ифтитоҳи шифохона ва диспансери нави вилоятии бемориҳои сил иштирок намуд.

Зимни шиносойӣ бо шароити хуби ташхису табобати бемории сил, аз ҷумла зикр гардид, ки шифохона ва диспансери нави вилоятии бемории сил бо ҳашт миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва кӯмаки хориҷӣ бунёд ёфтаанд. Диспансери нав дорои утоқҳои муҷаҳҳази муоинаю ташхиси беморӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадоӣ, рентгени электронии рақамӣ ва ғайра буда, шифохона дорои 60 кати хоб мебошад.

Танҳо дастгоҳи рентгени электронӣ, ки навтарин ва нахустин дар Тоҷикистон мебошад, бо маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ шудааст.

Ин муассисаи тиббӣ дорои утоқҳои физиотерапия, намакдармонӣ, қимиздармонӣ ва варзиши тиббӣ низ буда, ба талаботу стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардидааст.

Шифохона ҳамчунин дорои шароити осоишгоҳӣ ва шабакаи ягонаи мустақили гармидиҳӣ мебошад. Заминаи моддию техникии махсус ҳамчунин барои дарсҳо ва табобати фосилавӣ бо шаҳри Душанбе, шифохонаи Мачитон ва муассисаҳои дигари ин соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар муҳайё гардидааст.

Шифохона хоҷагии хурди ёрирасон низ дорад, ки дар он чорво, аз ҷумла аспу модаговҳои дӯшойӣ барои гирифтани шир ва қимиз парвариш меёбад. Ба раиси ноҳияи Вахш дастур дода шуд, ки барои зиёд намудани имконоти хоҷагии ёрирасони ин шифохона ба он замини иловагӣ ҷудо намоянд. Тавре таъкид гардид, яке аз давоҳои асосии бемории сил хӯроки хуби серғизо мебошад.

Дар шифохона ва диспансери нави вилоятии бемориҳои сил беш аз 80 нафар мутахассисони баландпоя ба кор ҷалб шудаанд.

Чунонки зикр гардид, беморхонаи пешинаи вилоятии бемории сил  дар ноҳияи Бохтар қарордошта хеле фарсуда гардидааст.

Ба иттилои роҳбарони соҳа, сохтмони боз як бинои иловагии табобатӣ дар назди шифохонаи нави вилоятӣ бо 100 кат ва 2 шифохонаи дигар, яке бо 60 ва дигарӣ бо 100 кат дар ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб идома дорад.

Дар ҳамин шифохонаи вилоятии бемории сил Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сардухтурони муассисаҳои тандурустии вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқоти судманд анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз шароити хубе, ки барои муоина, ташхис ва табобати беморон дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон муҳайё гардидааст, ҳозирин ва кулли олимону мутахассисони ин соҳаро ба муносибати ҷиддию ғамхорона бо ниёзмандон, омодасозии босифати кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла барои кор бо дастгоҳҳои навтарини замони муосир, даъват намуд.

Изҳори хушнудӣ карда шуд, ки солҳои охир Тоҷикистон аз кишвари ба хориҷа барои табобати шаҳрвандонаш муроҷиаткунанда ба давлати қабулкунандаи беморони хориҷӣ барои ташхису табобат табдил ёфтааст. Зикр гардид, ки танҳо соли гузашта беш аз се ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон табобати босифат гирифтаанд.

 

Тӯйи хайрияи дастаҷамъона дар ноҳияи Вахш

IMG_7775

Дар ноҳияи Вахш низ дар пайравӣ ба иқдомоти башардӯстонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 6 июли соли 2013 тӯйи хайрияи дастаҷамъонаи даҳ ҷуфти навхонадорон ва 150 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ороста шуд.

Ба ҳар яки онҳо низ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кӯмаки моддии яквақта ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим гардид.

Ба даҳ ҷуфти навхонадорон дар баробари телевизор, яхдон, мошини либосшӯйӣ, ҷиҳози хоб, қолин ва дигар ашёи рӯзгор ҳашт садякӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хона дода шуд.

 

Ифтитоҳи мактаб-интернат барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Вахш

IMG_8261

Бегоҳии рӯзи 6 июли соли 2013 дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Кӯлоби ноҳияи Вахш, ки аз ҷумлаи калонтарин хоҷагиҳои ин ноҳия ба шумор меравад, мактаб-гимназияи хусусии байналмилалӣ барои хонандагони болаёқат расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин мактаб, ки бо 32 синфхонаи ҳамаҷониба муҷаҳҳаз барои 640 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари хоҷагии мазкур Қурбоналӣ Юсупов бо харҷи беш аз 25 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Синфхонаҳои мактаб, вобаста ба фанҳои дарсӣ, бо компютерҳо, тахтаҳои электронӣ, дигар воситаҳои муосири таълимӣ, аз ҷумла барои ташкили дарсҳои фосилавӣ дар алоқа бо дигар мактабҳои дохил ва хориҷи кишвар муҷаҳҳаз мебошад. Барои дарсҳо аз фанҳои дақиқ, ба мисли физика, кимиё ва биология синфҳои озмоишӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ омода мегарданд. Барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ синфҳои лингафонӣ ҳам муҷаҳҳаз мешаванд. Барои дарсҳои ҳунаромӯзии писарону духтарон бошад, устохонаҳои муҷаҳҳази дуредгарӣ, дӯзандагӣ, пухтупази хӯрок ва ғайра пешбинӣ шудаанд.

Толори маҷлисии мактаб дорои 200 ҷойи нишаст буда, имкон аст, ки дар он ҳар гуна маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва дилхушӣ ба роҳ монда шавад.

Ошхонаи мактаб ҳам бо 200 ҷойи нишаст дорои шароити хуби замонавӣ мебошад.

Толори варзишии мактаб барои намудҳои гуногуни машқу тамрин ва бозиҳо, аз ҷумла фитнес ва тенниси рӯйи миз, пешбинӣ шудааст.

Мактаб ҳамчунин дорои майдони калони варзишӣ барои футбол ва дигар бозиҳо буда, дар як паҳлуи он майдони тенниси калон ҳам бо тамоми шароити муосир бунёд ёфтааст. Майдони калони варзишӣ дорои 1,5 ҳазор ҷойи нишасти болопӯшида мебошад.

Дар ҳудуди ин мактаб ҳамчунин ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ сохтаанд, ки ба стандартҳои варзишии ҷаҳонӣ мутобиқ аст.

Ҳамаи иншооти варзишии мактаб дорои шароити зарурӣ барои ташкил ва гузарондани мусобиқаҳои байнимактабии сатҳи ноҳия, вилоят ва ҳам ҷумҳурӣ мебошанд.

Хобгоҳи зебою муосири мактаб барои 400 нафар хонандаи ба ҷойи зист ниёздошта пешбинӣ шудааст. Дар он тамоми шароити будубоши шаборӯзӣ, дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғат муҳайё мебошад.

Беш аз 2,4 км роҳҳои дохил ва атрофи мактаб бо харҷи 2 миллион сомонӣ ободу мумфарш карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ, таҷҳизоти васлгардида ва омодасозии шароити таълимӣ, будубош ва истироҳату фароғат дар ин мактаб баҳои баланд дода, ба Қурбоналӣ Юсупов ва ҳамаи онҳое, ки дар иҷрои ин кори воқеан пурсавоб саҳм гузоштаанд, арзи сипосу қадрдонӣ кард. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки хонандагон барои таҳсил дар ин мактаб бояд тариқи озмун аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳам минтақаҳои дигари кишвар қабул карда шаванд. Тибқи ҳидоятҳои Президенти кишвар роҳбарияти мактаб ва ҳам омӯзгорони он бояд омодагӣ ва касбияти баланди сатҳи байналмилалӣ дошта бошанд.

Дар майдони бошукӯҳи варзишии мактаб Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва намояндагони сершумори соҳаи маорифи вилояти Хатлон бо иштироки масъулини ҷумҳуриявии ин соҳа ва ҳамчунин роҳбарону фаъолони ноҳияи Вахш машварати корӣ доир намуд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба соҳибкори ин мактаби муҳташамро бунёднамуда ва ҳамаи соҳибкорони дигаре, ки мактабу иншооти дигари варзиширо бунёд намудаанд, арзи сипос кард.

Бо ёдоварӣ аз тадбирҳои сершумору муттасили Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш аз масъулини соҳа даъват карда шуд, ки таълиму тарбияи насли наврасро дар сатҳу сифати баланд ба роҳ монанд.

Ҳамчунин доир ба рушди соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, роҳсозӣ ва ғайра дастур дода шуд. Таъкид гардид, ки кишти такрорӣ ва истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замини корами обӣ васеъ ба роҳ монда шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки рӯзҳои наздик барои навсозии қисмати зиёди роҳҳои мошингарди маркази ноҳияи Вахш аз манбаъҳои ҷумҳурӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар идома додани навсозии роҳҳои маҳаллии мошингард соҳибкорон низ саҳми худро дареғ намедоранд.

Дар охири мулоқот миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли нишаст маҳфили тӯлонии пурсишу посух баргузор гардид. Зимни он ба пурсишу дархостҳои зиёди иштирокдорони мулоқот посух дода шуд.

 

Иштирок дар тӯйи хайрияи 16 ҷуфти навхонадорон ва хатнасури 200 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ

Ҳафтуми июли соли 2013 боздиди Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштирок дар тӯйи хайрияи дастаҷамъонаи 16 ҷуфти навхонадорон ва хатнасури 200 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд оғоз ёфт.

Ин маросими бошукӯҳ ва дар айни замон каммасрафи хайрия дар деҳаи Чапаеви Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ баргузор гардид.

Ба ҳар як оилаи ҷавон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кӯмаки моддии хайрия ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид, ки аз телевизор, яхдон, мошини дӯзандагӣ, чангкаш, қолин ва дигар ашёи рӯзгор иборат аст.

Ба кӯдакони хатнашавандаи оилаҳои ниёзманд бошад, сару либоси гуногун, дучарха, дигар бозичаҳои кӯдакона ва ғайра тақдим карда шуд.

Базми шодию фараҳи дастаҷамъона, ки барои навхонадорон ва кӯдакони хатнашаванда ва ҳамчунин наздикону пайвандони онҳо барпо гардид, басо зебою хотирмон ҷараён гирифт.

Нишоти бепоёни онҳо беш аз ҳама аз иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин базми хурсандияшон буд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сипас ба ошёнаи дуюми ҳамин бино баромада, ҳамчунин ба 359 нафар кӯдакону наврасон ва донишҷӯёни ҳафт ноҳияи вилояти Хатлон, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, кӯмаки моддӣ расонд. Онҳоро аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Қумсангир, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон ҷамъ овардаанд.

Ба наврасони аз синфи ҳафт боло ва донишҷӯёни ятим дар баробари дигар ашёи зарурӣ, яктоӣ планшет тақдим карда шуд.

Ҳамин тариқ, тайи боздиди корӣ аз вилояти Хатлон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба 629 нафар ятимони бе падару модар кӯмаки моддӣ расонд.

Ҳамчунин дар шаҳри Кӯрғонтеппа ва се ноҳияи ин минтақа тӯйи арӯсии 46 ҷуфти навхонадорон ва 600 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ба таври дастаҷамъона гузаронда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти ҳузур доштани роҳбарият ва масъулини бахшҳои иҷтимоии ноҳияҳои мазкур, онҳо ва кулли мардуми саховатпешаро ба ғамхории доимӣ ба аҳолии ниёзманди кишвар, пеш аз ҳама ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва ғайра ҳидоят намуд.

 

Оғози сохтмони корхонаи коркарди меваю сабзавот ва ифтитоҳи филиали нави ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ

Дар деҳаи Чапаеви Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 7 июли соли 2013 ҳамчунин сохтмони як корхонаи бузурги коркарди меваю сабзавот оғоз ёфт ва филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ифтитоҳ ёфт.

Дар ин филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ки дар ошёнаи якуми бинояш, ҳамчунин мағоза мавҷуд аст, 20 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Зимни гузоштани санги асоси сохтмони корхонаи коркарди меваю сабзавот, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он дар майдони 5 гектар замин бо иқтидори коркарди 10 тонна меваю сабзавот дар як шабонарӯз то моҳи сентябри соли 2014 бояд сохта, ба кор дароварда шавад.

Корхона бо харҷи беш аз 4 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, дар он 205 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.

 

Маркази хизматрасонӣ дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба фаъолият оғоз намуд

Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 7 июли соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як бинои         сеошёнаи маркази хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, дар ин бино 150 нафар бо кори доимӣ таъмин ҳоҳанд шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз коргоҳи дӯзандагии он, ки дорои 40 мошини либосдӯзӣ аст, ба соҳибкорони соҳибмулк маслиҳат дод, ки ҳамаи толорҳои биноро пурра ба коргоҳҳои дӯзандагӣ табдил диҳанд. «Дар ин сурат 500 ҷойи корӣ, асосан барои занону духтарони маҳаллӣ омода мегардад, ки кори хайру савоб хоҳад буд», — таъкид дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

 

Ифтитоҳи мактаби нави ҳамагонӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ

Дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 7 июли соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ        Раҳмон як мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни шиносойӣ бо шароити мактаб иттилоъ дода шуд, ки он бо 16 синфхона барои 800 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Чунонки зикр гардид, ин мактаб аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия бунёд ёфта, мизу курсӣ ва бисёр ашёи дигари он аз корхонаҳои истеҳсолии ҳамин ноҳия харидорӣ шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар назди мактаб боз як бинои таълимӣ бунёд карда, синфхонаҳои махсуси фанҳои физика, кимиё, биология ва дигар фанҳои дақиқро бо дастгоҳу воситаҳои техникӣ ва озмоишӣ таъмин намоянд.

 

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ нахустин дармонгоҳ ва шифохонаи хусусӣ ба кор даромад

7 июли соли 2013 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустин дармонгоҳ ва шифохонаи хусусӣ дарҳои худро ба рӯйи ниёзмандон боз намуд.

Зимни шиносойӣ бо шароити ин муассисаи тиббӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дармонгоҳи он дар як басти корӣ метавонад ба 150 нафар ниёзмандон хизмат расонад.

Шифохона дорои 110 кати хоб буда, дар ҳар ду ҷузъи ин муассиса беш аз 120 нафар корманди соҳаи тиб бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Ин муассисаи тиббӣ бо техникаю таҷҳизоти муосири муоина, ташхис ва табобат муҷаҳҳаз буда, ба он мутахассисони баландпоя ба кор даъват шудаанд. Аз ҷумла шуъбаи ҷарроҳии он дорои дастгоҳе аст, ки бо он амалиёти ҷарроҳӣ бе буридани бадан танҳо бо сӯрох кардан анҷом дода мешавад.

 

Корхонаи коркарди тухмӣ дар ноҳияи Бохтар ба истифода дода шуд

Дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Бохтар 7 июли соли 2013 корхонаи поксозӣ, лучсозӣ ва заҳролудкунии тухмии зироатҳои кишоварзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, бори нахуст чунин корхона дар вилояти Суғд фаъол гардида буд. Дар вилояти Хатлон, ки калонтарин минтақаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакории кишвар аст, ин корхона бо супоришу маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи қариб 2,5 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфтааст.

Ин корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 32 тонна тухмии пахта ва 80 тонна тухмии ғалладонаро ба кишт омода созад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз соли 2014 сар карда, танҳо тухмиҳои дар чунин корхонаҳо коркардшуда кишт карда шавад. Таъкид гардид, ки аз ин ҳисоб ҳазорҳо тонна тухмӣ сарфа мешавад, зеро агар ҳозир дар як гектар замин аз 100 то 125 кг тухмии коркардношудаи пахта кишт шавад, аз тухмии коркардшуда 25 килограмаш барои як гектар кифоя аст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин мавзуъро таҳлил намуда, изҳор дошт, ки агар дар ҷумҳурӣ бо ҳамин роҳ 80 ҳазор тонна чигити пахта сарфа карда шавад, аз он 16-17 ҳазор тонна равған истеҳсол кардан мумкин аст. «Аз 15 ҳазор тонна чигит, ки  ҳар сол дар вилояти Хатлон кишт мешавад, дар сурати истифода аз тухмии босифати коркардшуда, 12 ҳазор тоннааш сарфа мешавад ва аз он имкон аст, ки 1600 тонна равған ва 7-8 ҳазор тонна хӯроки чорво истеҳсол карда шавад», — таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Тавре зикр гардид, нархи тухмии дар чунин корхона омодашуда нисбат ба тухмии бекоркард ва тозанашуда, албатта, баландтар аст, вале аз ҳисоби сифат, самарабахшӣ ва сарфи ками тухмӣ ҳангоми кишт хароҷоти деҳқон кам ва манфиаташ хеле бештар мегардад.

Дар ин корхона 30 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, аз 400 то 800 сомонӣ маош мегиранд.

 

Сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба поён расид

 Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 7 июли соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин боғи фарҳангу фароғатӣ пас аз навсозӣ, шифохонаи амрози занона ва боз як коргоҳи дӯзандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносойӣ бо шароит барои чорабиниҳои фарҳангӣ ва дилхушию фароғатии кӯдакону наврасон ва ҳам калонсолон, ки дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ муҳайё гардидааст, дастур дод, ки дар ҳудуди боғ майдони тенниси калон низ бунёд намуда, ҳамчунин ҷиҳозу асбоби варзиши баданро ҳам васл намоянд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар рафти шиносойӣ бо бинои нави шифохонаи амрози занона, ки ин ҳам аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бунёд ёфтааст ва ҳам боздид аз коргоҳи хусусии дӯзандагӣ  супориш дод, ки минбаъд дар маркази ноҳия биноҳои хурди якошёна сохта нашаванд. «Биноҳои маркази ноҳия бояд аз ду ошёна кам набошанд», — таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Соҳибкороне, ки ин коргоҳи дӯзандагиро бо 50 ҷойи корӣ бунёд намудаанд, бо ҳидояти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуданд, ки то моҳи сентябри соли 2014 боз чанд коргоҳи дигар бо 250 ҷойи корӣ сохта, ба кор медароранд.

Бо ҳамин сафари серӯзаи кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон ба поён расид.

Хотиррсаон бояд намуд, ки тайи ин сафар як зумра корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, иншооти зиёди хизматрасонӣ ва дорои аҳамияти иҷтимоӣ бо ҳазорон ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони се корхонаи бузурги саноатии равғанкашӣ, ресандагӣ ва коркарди меваю сабзавот дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ бо имкони муҳайё намудани қариб ҳазор ҷойи корӣ оғоз ёфт. Шумораи коргарони корхонаи нассоҷии «Ресанда»-и шаҳри Қӯрғонтеппа то охири сол аз 650 нафари ҳозира ба 2,5 ҳазор нафар расонда хоҳад шуд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа нахустин автодроми инноватсионӣ бо технологияи навтарини замони муосир, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ нахустин аст, майдони тенниси калон, дар ноҳияи Бохтар аквапарки замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ноҳияи Вахш мактаб-гимназияи байналмилалии хусусӣ, ки бо харҷи зиёда аз 25 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифт.

Зимни ин сафар ба 629 нафар ятимони бе падару модар аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон кӯмаки моддии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон расонда шуд. Ҳамчунин дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ маъракаҳои хайрияи тӯйи арусии 46 ҷуфти навхонадорон ва 600 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ба таври дастаҷамъона ороста шуд. Ин амалҳои хайру савоб, ки бо иқдомоти ҷавонмардонаю саховатмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон баргузор гардиданд, барои кулли мардуми сарватманду саховатпеша намунаи ибрату пайравӣ мебошад, зеро хайроту садақот, аз ҷумла дар ин моҳи шарифу муборак бояд маҳз ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ равона гарданд.

www.president.tj