Назорати сифати корҳои сохтмонӣ чӣ гуна ҷараён дорад?

№73 (3710) 20.06.2017

134116891Имрӯзҳо дар кишвар корҳои сохт­монӣ бо ҷӯшу хурӯш ҷараён доранд ва Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои назоратиро пайваста ба роҳ мемонад.

Муовини директори хадамоти зикршуда Искандар Муҳаммадҷонов гуфт, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар 43 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ назорати сифати корҳои сохтмонӣ ва риояи талаботи Кодекси шаҳрсозиро дар иншооти сохташаванда ба роҳ монда, 429 иншоотро зери назорат гирифтаанд. Дар 428 иншоот оид ба сифати корҳои меъморию сохтмонӣ 1132 санҷиш гузаронида, ба масъулин 458 амрнома дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Ҳамин тариқ, 1022 камбудӣ ошкор шудааст, ки аз он 44 ҳолат ба корҳои заминӣ, 244 — ба сифати конструксияҳои оҳану бетонӣ, 105 — ба сохтмони деворҳо, 118 — ба корҳои пардозгарӣ, 43 — ба сохтмони бом, 15 — ба корҳои сантехникӣ ва барқӣ,  44 — ба таъмиру сохтмони роҳҳо, 251 — ҳолат ба ҳуҷҷатгузорӣ ва ғайра рабт дорад. Аз 458 амрномаи додашуда, ба 342 амрнома аз масъулин ба хадамот оид ба ислоҳи нуқсонҳо маълумотнома ворид шуда, барои иҷрои 116 амрномаи боқимонда муҳлат дода шудааст. Ба 115 шахси воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор барои роҳ додан ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи  меъморӣ ва сохтмон  ба маблағи 129400  сомонӣ ҷарима таъин карда шуд, ки  80850 сомонии он  ба буҷет ворид гардид.

Дар баробари назорати сифати корҳои меъморӣ ва сохтмонӣ, мутахассисони хадамот дар иншооте, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ оид ба ченкунии ҳаҷми корҳои иҷрошудаи сохтмону васлгарӣ  санҷиш  гузаронида, 122659 сомонӣ изофанависиро  ошкор намуданд.

Изофанависӣ дар иншооти РСА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 104372 сомонӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав 10995 сомонӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон 7292 сомонӣ ба қайд гирифта шуд.

Инчунин, сохтмони 14 иншооти бе хулосаи мусбати экспертизаи давлатӣ, 15 иншооти бе иҷозати мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ,  9 иншооти бе лоиҳаи корӣ ва 7 иншооти бе қарори раисони шаҳру ноҳияҳо оғозгардида муваққатан манъ шуда, шахсони ба чунин камбудӣ роҳдода ба маблағи 39100 сомонӣ ҷарима шуданд.

Дар рафти суҳбат аз сифати масолеҳи сохтмонӣ пурсон шудем. Масъулин изҳор доштанд, ки чанде пеш оид ба санҷидани сифати хишти пухта  гурӯҳи корӣ ташкил шуда, коргоҳҳое, ки ба истеҳсоли он машғуланд, мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар натиҷа, муайян гардид, ки ҳангоми истеҳсоли хишт ба камбудиҳое чун мутобиқ набудани андозаи он ба стандарти давлатӣ ва ҷавобгӯйи талабот набудани сифат роҳ дода шудааст.

Аммо масъулин  изҳор доштанд, ки шумораи кормандони хадамот  дар минтақаҳо нокифоя  мебошад. Масалан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт як нафарӣ ва дар вилоятҳои Суғду Хатлон чор нафарӣ нозир фаъолият доранд, ки наметавонанд иншооти бунёдшавандаро пурра зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»