Аз аввали даврони соҳибистиқлолии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи маориф ва тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста барои пешрафт ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Агар даҳ соли аввали соҳибистиқлолиро, ки барои пойдор намудани рукнҳои давлатдорӣ, бартарафсозии оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бахшида шуданд, ба эътибор нагирем, корҳои азиме, ки дар 15 соли охир барои рушди маориф анҷом ёфт, бесобиқа аст.
Чуноне Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, шумораи муассисаҳои таълимии аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо пурра баровардашуда, азнавсозӣ ва бунёдгардида беш аз 800 ва маблағи умумии барои ин кор сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил дод. Танҳо соли 2016-ум 201 бинои таълимӣ бунёд ва азнавсозӣ гардид. То замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо фарогирии 70 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Сӣ ҳазор ҷавони лаёқатманд аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Ин ғамхориву дастгириҳо ба хотири имрӯзу ояндаи неку дурахшони мамлакат буда, аз насли ҷавон масъулияту қадршиносӣ, заҳмату талошро тақозо дорад. Сарвари давлат дар суханрониҳояшон масъалаҳои ба ҷавонон вобастаро муҳим арзёбӣ намуда, масъулонро барои ҳалли мушкилоти онҳо вазифадор месозанд. Барои рушди ҳамаҷонибаи насли наврас дар шаҳру навоҳии мамлакат маҷмаа ва майдонҳои варзишии муҷаҳҳаз, марказҳои фарҳангӣ фаъолият доранд. Ҷавонони имрӯза дар симои Пешвои миллат такягоҳи боэътимод ёфтаанд. Месазад, ки аз ин такягоҳи азим барои донишандӯзӣ, пешрафт ва хидмат ба Ватан самаранок истифода намуд. Соли 2017 ба хотири таваҷҷуҳ ва дастгирии ин қишри ҷомеа Соли ҷавонон эълон гардид, ки ғамхории навбатии Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон аст.
Дар радифи чунин ғамхориҳо содир намудани рафторҳои ношоиста, ҷиноятҳои вазнин аз ҷониби ҷавонон камоли беақлист. Чанд сол аст, ки зуҳуроти номатлубе чун экстремизму терроризм, ки ақли як идда ҷавононро торику дидаҳояшонро кӯр сохтааст, дар ҷаҳон доман паҳн намудааст. Ақидаҳои ин афрод маъниву мантиқ надошта, ҳадаф ҳар чӣ бештар қурбонӣ овардану ободиро ба харобазор табдил додан аст. Чаро бештар ҷавонон ба чунин корҳои хатарзо дода мешаванд? Чаро аз моҳияту мақсади ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо огоҳ нашуда, ҷони худу дигаронро ба хатар мегузоранд? Зеро ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа буда, ақидаи ташаккулноёфта ва шаклногирифта доранд. Баъзан раванди ҷаҳонишавӣ ба мафкураи онҳо таъсири манфӣ расонида, аз асолату рисолати воқеии инсонӣ дур месозад. Аз ин рӯ, масъулони тарбия — волидайн, мактаб ва ҷомеа бояд ба рафтору одоб, ақидаҳои насли наврас диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Роҳбари мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала чунин таъкид намуданд: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».
Имрӯз ҷаҳон дар гирдоби хатарҳои эҷоднамудаи гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгаро қарор дорад. Ҳар як ҷавон аз дидани чунин вазъияти даҳшатбор дар давлатҳои замоне орому осуда бояд хулоса барораду дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ кӯшиш намояд. Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба доми дасисабозону ифротгароён наафтад, зеро оқибати ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ пушаймонист, ки суд надорад.
Алишо ҚУРБОНИЁН,
муовини якуми раиси Суди шаҳри Душанбе