Чанде пеш дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор ба муносибати 20-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – меъмори Кохи бегазанди Ваҳдат конференсияи илмию адабӣ доир гардид.
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода зимни ифтитоҳи ҳамоиш меҳмонон ва ҳозиринро бо фарорасии ҷашни 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, минҷумла гуфт, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва таъмини ояндаи дурахшони давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар назди ҳозирин баромад карда, махсус таъкид намуд, ки дар ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург буда, имрўз ин фарзанди баруманди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф гардидааст.
Номбурда ҳамчунин гуфт, ки 28 июни соли 1997-ро ҳама хеле хуб дар ёд дорем. Сокинону меҳмонони пойтахт ва кулли мардуми кишварамон дар фурўдгоҳи шаҳри Душанбе ташрифи ҳайати ҳукуматро бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Москва, ки ба мардум муждаи сулҳ меоварданд, интизорӣ доштанд.
Дар ин рўзи таърихию фаромўшношуданӣ гирдиҳамоии пуршукуҳи назди театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ низ хеле ҳаяҷонбахш буд.
Дар конференсия адиб ва рўзноманигор Уруни Назар (Ворис), устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нурзод Нуралӣ, устоди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Фирдавс Ҳаитов, шоираи ҷавон Мафтуна Назирова низ суханронӣ намуданд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»