Проблема ва мулоҳиза

Эҳтиёт! Пулҳои қалбакӣ дар гардишанд

№№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

Зарур аст, ки масъулин усулҳои нави мубориза бо сохтакориро истифода намоянд, вагарна…

9CDE318F-159A-43F4-A5BE-40F930C6DEB1_w1023_r1_sБонки миллии Тоҷикистон аз пайдо шудани 100 сомонии қалбакӣ ва 5000 рубли русии қалбакӣ ҳушдор додааст.

Ҳушдор дар ҳолест, ки 18-уми июни соли ҷорӣ кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як сокини 21-солаи шаҳри Душанберо ҳангоми ба муомилот баровардани 24 купюраи 100 сомонии қалбакӣ боздошт карданд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз ин шахс се дастгоҳи чопи ранга мусодира шудааст, ки эҳтимол тавассути онҳо пули қалбакӣ нашр кардааст.

Табиист, ки ҷаҳонишавӣ, сиёсати дарҳои кушод ба мамлакати мо ҳам, дар баробари ҷиҳатҳои мусбӣ, таъсири манфӣ  низ мерасонанд ва дар баробари дастоварду таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, иллату мушкилиҳои нав, аз ҷумла ҷиноёти гуногунро  таҳмил менамояд.

Яке аз орзуҳои дерин ба муомилот баровардани асъори миллӣ буд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба он мушарраф шудем. Ибтидо шубҳаҳо мавриди ба рақобат тоб оварда натавонистани пули миллӣ зиёд шуд, чунки то солҳои наздик дар ҷумҳурӣ истеҳсолот фалаҷ буд. Имрўз ҳам мутаассифона, фаъолияти корхонаҳои бузурги саноатӣ қаноатбахш нест. Ҳатто пиёзу картошка барин маҳсулоти кишоварзиро аз хориҷи мамлакат ворид менамоем. Дуруст, ки бо гандуми истеҳсоли худӣ талаботи мардумро қонеъ гардонидан мушкил аст ва аз хориҷа харидани он боиси маломат нест. Вале, вақте ки пиёзу картошка, помидору сирпиёз, себу анор ва дигар анвои маҳсулотро аз хориҷа ворид мекунем, набояд бахшиданӣ бошад. Маҳсулоти зайл, ки дар ҷумҳурӣ парвариш мешавад, аз маҳсулоти хориҷа бомаззаю ғизонок ва барои саломатӣ фоиданок мебошад.

Дар баробари ин, ба хотири баланд бардоштани қурби асъори миллӣ бояд аз ҷиноёти гуногун, ки ба иқтисодиёту амнияти кишвар латма ворид месозанд, пешгирӣ бояд намоем. На ба мисли он  ки бо фасод, интиқол ва фурўши маводи мухаддир мубориза эълон кардаему натиҷаҳо табъи дил нестанд. Мутаассифона, ҳанўз ҳам фасод доман зада, интиқолу фурўши маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ пинҳону ошкоро идома дорад ва касе ҳисоби аниқи қурбониёни ин маводи марговарро намедонад. Ин ҳама кам буд, ки боз нуқтаҳои чилимкашӣ ба фаъолият оғоз намудаанд.

Аз он ки дар натиҷаи ин ҷавонони зиёд ба ҳалокат мерасанд, оилаҳои зиёде бесаробон мемонанд, насли ҷавон сироят ва ба марг маҳкум мешавад, бархе аз масъулинро парво нест. Дар сурати ба даст афтодан наҳангҳояшон илоҷи халосиро меёбанд, моҳичаҳо бошанд, аз шаст берун шуда наметавонанд.

Ҷои пинҳон нест, ки ин гуна гўру имонсўхтаҳо, ба қавле, дар мақомоти қудратӣ ва дигар сохторҳои муҳими давлатӣ «криша» — ҳои худро доранд ва чунин нафарон фаъолияти ҷинояткоронаи онҳоро нодида мегиранд. Ҳатто ҳангоми ба даст афтодан ва ба маҳбас равона шудан ҳам сарвату дороии аз ҳисоби бадбахтии дигарон бадастовардаашон пурра мусодира намешавад. Онҳо баъди ба озодӣ баромадан ҳам мушкиле надоранд, то азоби дигаронро эҳсос карда тавонанд. Дар натиҷа, нашъаҷаллобон сарватманду нашъамандон бадбахту касод мегарданд.Чунин муборизаҳои бо ном ва сар – сарӣ мазҳакаеро мемонаду бас, дар сурате ки бо ин вабо танҳо дар натиҷаи муборизаи ҷиддӣ дастболо шудан мумкин аст. Дар Чин барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ва фасод ҳукми қатл муқаррар гардидааст. Чаро дар ҷумҳурии мо ин гуна ҷазо муқаррар нашавад? Нашъаҷаллобони сарватманд ба ҷои хиҷолат кашидану худро аз мардум дур гирифтан, баръакс, худро қаҳрамон меҳисобанд. Кӣ бояд мардуми бечораро аз ҷабру зулм ва таҳдиди доираҳои нашъаҷаллоб ҳимоят намояд?

Аз суҳбат бо сокинони ҷабрдидаи  ноҳияи сарҳадии Фархор, ки худ низ зодаи он ҷо ҳастам ва мушоҳидаҳо ба хулосае омадам, ки бозори сиёҳи сафедаи марговар ҳанўз ҳам тафсон аст. Чанд нафар модарони писаронашонро аз касофатии героинфурўшӣ аздастдода, аз камина ҳамчун рўзноманигор илтиҷо карданд, ки дар хусуси ин  масъала нависам, вале ному насабашонро зикр накунам, чунки аз тақдири дигар фарзандону наберагон бим доранд. Ҳатто як зани бечорае, ки ўро хуб мешиносам, якбора ду писари ҷавонашро аз касофати истеъмоли героин аз даст додаву ба хотири ояндаи набераҳо, рафъи дарду ғам гўшаи бозорро аз саҳар то шом ба иҷора гирифтааст,  мисле ки дар вақташ бо умед писарони ғуррамаргашро парварда буд.

Намуди дигари ҷиноят, ба хотири ворид шудан ба қатори одамони сарватманд, сохтани пулҳои қалбакӣ мебошад. То солҳои наздик як андоза хотирҷамъ будем, ки бинобар қурби пасти асъори миллӣ, сомонии қалбакӣ намесозанд. Камина ҳам чунин ақида доштам, то даме ки бароям даҳ сомонии қалбакиро нишон доданд. Бо андаке диққат фарқ кардани пулҳои сохта имкон доштааст, ҳатто барои одами ғайримутахассис низ. Фарқ кардани пули қалбакӣ барои мутахассисон ва онҳое, ки ҳамарўза бо пул сарукор мегиранд, тамоман мушкилӣ надорад, зеро агар аз як тараф, ин кори ҳаррўзаи онҳо бошад, аз тарафи дигар, таҷҳизоти пулҳисобкунӣ бо осонӣ қалбакӣ будани пулҳоро муайян карда метавонад. Вале боре, баъди маошамро дар ҷои кории пештараам — Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтану дар нуқтаи ивази асъор дусад сомониро майда намудан, ходими ҷавон баробари ба даст гирифтани садсомонии дуюм қалбакӣ будани онро муайян намуд. Мани ҳайратзада: «ҳеҷ мумкин нест, маоши моро аз бонк меоранд, дар он ҷо ҳам ҳамин гуна асбоби пулгузаронӣ ҳаст», — гўён изҳори нобоварӣ кардам. Ходим барои исбот ду маротиба садсомонии шубҳанокро аз асбоби пулгузаронӣ гузарониданӣ шуд, вале ҳар дафъа асбоб онро қабул накарда, пас мегардонд. Ноилоҷ пулро бозпас гирифтам. Дар рўшноӣ ин тарафу он тараф гардонда, диққат додам. Дар пули қалбакӣ нишонаҳои пули ҳақиқӣ дида мешуд. Боз ҳам ба ҳунари «усто»-ҳои сохтакор қоил шудам. Ҳамин қадар фарқ дошт, ки ранги пули қалбакӣ хиратар буда, коғазаш ба коғази пулҳои ҳақиқӣ монанд набуда, сабукияш ҳис мешуд. Аммо ба пулҳои ҳақиқии бисёр молишхўрда шабоҳат дошт, ки касро гумроҳ менамуд. Аз ин ҷиҳат бе мушкилӣ метавонистам бо харидани молу маҳсулот аз  пули қалбакӣ халосӣ ёбам, вале виҷдонам нагузошт, ки дидаю дониста каси дигареро фиреб диҳам, чунки дар ин сурат пули қалбакӣ, ки маълум нест он чӣ қадар ба муомилот бароварда шудааст ва чӣ муҳлатест, ки дар гардишу аз даст ба даст мегузашт. Тасмим гирифтам, онро ба хазиначӣ бурда медиҳам, то ба бонк супорад ва ҳолати корро нақл кунад.

Қарзи инсонию шаҳрвандӣ ва вазифаи касбиам водор намуд, ки  ин мавзўъро пайгирӣ кунам. Хуб дарк мекунам, ки ошкор ва гирифтани пеши роҳи ин сохтакорӣ кори  осон нест. Мутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосир тайёр бояд кард, то онҳо тавонанд, ки дар ошкор ва маҳв кардани ҷиноятҳои  зайл пешдастӣ нишон диҳанд. Зиён аз пулҳои қалбакӣ ҳам на камтар аз зиёни маводи мухаддир буда, ба фалаҷ кардани давлат ва касод сохтани миллат равона гардидааст. Алҳол номаълум мемонад, ки ин пулҳои қалбакӣ дар ҷумҳурӣ бароварда шудаанд ё ягон давлати бегона?  Ошкор ва дастгир кардани ҷинояткорон набояд масъулонро орому осуда гузорад, зеро нест гиреҳе, ки кушода нашавад.

 

М. Нуралиев,

«Садои мардум»