Боғсори ваҳдати мардум сабзу хуррам асту бо гулҳои рангоранг ва фазои муаттар ҷонҳоро масту махмур месозад. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ беҳуда намегӯяд, ки «ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Ҳамдил будан, ба ҳамдигар меҳр варзидан, дасти муҳаббати якдигарро гирифтан, ба рӯи ҳамдигар табассум кардан… яъне дар оғӯши саодат зистан аст.
Ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» пайваста аз ҷониби қаламкашон дар тараннуми Ваҳдат шеърҳое мерасанд, ки ифодагари ишқи онҳо нисбат ба ин вожаи муқаддас мебошад. Дар зер намунаеро аз онҳо манзур мегардонем.
ПАЙҒОМИ ВАҲДАТ
Эй миллати озоди ман,
Эй оташи фарёди ман,
Эй решаат илму ҳунар,
Асли ману бунёди ман.
Дӣ ғарқи хуни лола буд,
Ҷисму танат андар Ватан.
Ҳоло ки сабзу хуррамӣ,
Монанди гулҳои чаман.
Дар сояи хуршеди бахт,
Ояндаи худро бисоз.
Сар каш ба авҷи осмон,
Эй қаҳрамон, эй сарфароз.
Побанди азми хеш шав,
Эй миллати бедори ман.
Девори эҳсонро бисоз,
Девори нафратро бикан.
Бо ҳам шавем як оламем,
Бе ҳамдигар чун як хасем.
Дар фикри худ бошем агар
Рӯзе ба мақсад мерасем.
ФУРӮЗОНФАР
САРЧАШМАИ СУЛҲУ КОМРОНӢ
Дил ба домони ҳавас гул мекунад,
Ваҳдати мо ҳар нафас гул мекунад.
Ҷон хуш аст, аммо дар оғӯши Ватан,
Дур аз андуҳу яс гул мекунад.
***
Халқро сарҷамъияш ҷамъият аст,
Мулкро ободӣ дар амният аст.
Даври мо имрӯз даври ваҳдат аст,
Ҳамдиёрон, обрӯ аз меҳнат аст!
***
Сарчашмаи сулҳу комронӣ – Ваҳдат,
Хуршеди ҷаҳони ҷовидонӣ – Ваҳдат.
Иқболи баланду бахти пирӯзи ҳама,
Сармояи меҳру зиндагонӣ – Ваҳдат.
Ҳабиб СУЛАЙМОНӢ
ДАРСИ ИБРАТ
Тоҷикистонам диёри Ваҳдат аст,
Сабзу хуррам аз баҳори Ваҳдат аст.
Ғунчаи умеди мо гул мекунад,
То замоне дар канори Ваҳдат аст.
Тоҷикистон, ҷашни ту фархунда бод!
Ваҳдати созандаат поянда бод!
Тоҷикистон баҳри мо чун модар аст,
Ваҳдаташ машҳур дар баҳру бар аст.
Дарси ибрат дод бар аҳли замон
Тоҷики ман, халқи ваҳдатофар аст.
Тоҷикистон, ҷашни ту фархунда бод!
Ваҳдати созандаат поянда бод!
Кароматулло Садиров