Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Чӣ тавр корхонаи шароббарорӣ ба саисхона табдил ёфт?»

№80 (3717) 06.07.2017

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 7 феврали соли 2009, № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма», мақолае, ки дар шумораи № 29 (3666)-и рӯзномаи «Садои мардум» аз 14 марти соли 2017, зери сарлавҳаи «Чӣ тавр корхонаи шароббарорӣ ба саисхона табдил ёфт?» нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Аз муҳтавои мақола бармеояд, ки гурӯҳи саҳомони ҶСШК «Май»-и ноҳияи Ҳисор ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш намудаанд, ки Протоколи  музоядаи фурӯши 50 фоиз ва 20 фоиз саҳмияҳо аз 14 октябри соли 2002 ва 15 июни соли 2004 № 6/34, инчунин шартномаи хариду фурӯши 50 фоиз ва 20 фоиз саҳмияҳо аз 14 октябри соли 2002 ва 15 июни соли 2004, № 6/1-13 беэътибор дониста шаванд. Ваҷҳ оварда шудааст, ки гӯё судяҳо шогирдони Н. Абдуллоев будаанду устоди худро ҳақ бароварданд ва шикояти онҳо беқаноат монда шудааст.

Дар мақола оид ба вақти ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардан ва санадҳои судии қабулгардида вобаста ба баҳси мазкур маълумоти муфассал пешниҳод нагардидааст.

Аз бойгонии суд танҳо як парвандаи №2-62/05 бо даъвои саҳомони Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Май»-и ноҳияи Ҳисор дар бораи тасдиқи феҳристи саҳомон аз 8 октябри соли 2004, беэътибор донистани қарори маҷлиси умумии саҳомон аз 14 феврали соли 2003 дарёфт шуд.

Бо дарназардошти ин омил вокуниш ба мақолаи нашргардида ғайриимкон мебошад.

А. ҚОДИРЗОДА,

муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодӣ

АЗ ИДОРА: Пеш аз чопи мақолаи «Чӣ тавр корхонаи шароббарорӣ ба саисхона табдил ёфт?» муаллиф С. Маҳкамов нусхаи як қатор ҳуҷҷатҳоро ба идораи рӯзнома овард. Дар миёни ҳуҷҷатҳо, аризаи даъвогии 30 нафар саҳоми ҶСШК «Май» низ ҳаст, ки ба унвони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст. Аризаро 12 ноябри соли 2008 корманди Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Хуррамова қабул кардааст. Аз ин рӯ, муаммост, ки чаро аз бойгонии суд он ариза ёфт нашудааст?