Даҳ сол муқаддам бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Имрӯзҳо аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони халқ дар маҷлисҳои маҳалливу вилоятӣ натиҷаҳои татбиқи онро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло вобаста ба ин масъала бо сокинони ҳавзаи интихоботиаш дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истиқлол, ноҳияҳои ба номи Ҷаббор Расулов ва Спитамени вилояти Суғд мулоқот ороста, бо фикру мулоҳизаи мардум дар ин хусус шинос шуд. Дар робита, хабарнигорамон бо ӯ вохӯрда, ба чанд пурсиш посух гирифт.
- Ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чӣ гуна баҳо медиҳед?
- Қонуни мазкур бебаҳост. Ҳамсони он қонун дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавҷуд нест, вале таваҷҷуҳи кишварҳое, амсоли Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба он зиёд мебошад ва ҳоло дар ин давлатҳо ин масъала мавриди омӯзиш қарор дорад. Инчунин, вобаста ба вазъи иқтисодии ҷаҳон, аксари мамлакатҳо раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳояшонро дар ба роҳ мондани ин қонун мебинанд.
- Татбиқи қонун ба рӯзгори мардум чӣ таъсир гузошт?
- Албатта, таъсири нек, зеро дар доираи меъёри ягона сурат гирифтани маъракаҳо ҳамдигарнофаҳмиро аз байн бурд. Чун меъёри маъракагузарониро қонун муайян сохт, муносибатҳо ҳам дар заминаи он сурат гирифтанд. Ба шарофати татбиқи қонун, қариб даҳ миллиард сомонии аҳолӣ сарфа шуд ва мардуми кишвар маърифати сарфаҷӯйиро омӯхтанд.
Яке аз натиҷаҳои хуби қонун дар зиёдшавии теъдоди оилаҳои ҷавон аст. Дар шаш моҳи соли аввали қабули қонун аз қайди никоҳи давлатӣ гузаштани шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ 23 ҳазор адад афзуд. Дар соли равон ин нишондиҳанда ба 97 ҳазор расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45 ҳазор зиёд аст. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 1481 хатнасур, 3906 тӯйи домодию арӯсӣ, 1444 маросими чил ва 807 маъракаи сол баргузор гардид. Дар натиҷаи камхарҷ гузаронидани онҳо дар буҷаи оилавии шаҳрвандон маблағи муайян барои эҳтиёҷи рӯзгорашон боқӣ монд. Қонуни мазкур ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ низ боис гардид. Хусусан, вазъи зиндагии мардуми деҳот рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.
- Кадом тадбирҳоро иловатан андешидан зарур аст, то ин ки маъракаҳо боз ҳам камхарҷ гузаранд?
- Қонун имкон фароҳам овард, ки мардум ба ҷиҳатҳои маърифатӣ ва маънавии маъракаҳо низ эътибор диҳанд. Ин ҷанбаро такмил бахшидан ва дар тӯю маъракаҳо бо истифода аз адабиёти бою рангини классикиву муосир суҳбатҳои маърифатбахшро бо иштироки адибону ашхоси муътабар ба роҳ мондан мувофиқи матлаб хоҳад буд. Аз ин гуна маъракаҳо ҷавонон, ки аксариятро ташкил медиҳанд, метавонанд хулосаи даркорӣ бароранд.
Инсон бояд ҳамеша аз тинҷиву осоиштагии кишвари худ андеша намояд. Бо истифода аз дониш ва таҷрибаи шахсони донишманд, ки дар ҷомеа кам нестанд, сухан кардан аз ваҳдати миллӣ, дӯстиву рафоқат, дӯст доштани Ватан — Модар, шукргузорӣ аз осмони софу беғубори кишвар ба тӯй маънӣ ва таровати тоза мебахшад.
Такмил додани баъзе анъанаҳои миллии ниёгон, ки ба фарҳангу адабиёт марбут аст ва моро ҳамчун меросбарони арзанда муаррифӣ мекунад, низ муҳим аст. Аз ҷумла, суруди ёр-ёри занона, гулбазмҳои ҷавонон ва ғайра имкон медиҳанд тӯйҳо пурмазмун ва хотирмон сурат гиранд.
- Чанде пеш рӯзномаи мо мақолаи танқидиеро бобати дар шаҳри Хуҷанд, дар рӯзи азо оростани дастурхони пурнозу неъмат нашр намуда буд…
- Рӯзи азо оростани дастурхон комилан кори хатост, мантиқ ҳам надорад. Кадом шахси ба таъзияомада дар баробари гиряву нолаи пайвандони маит майли даст ба дастурхон бурдан мекунад?! Ин амалҳои хато дар 2-3 соли охир пайдо шудаанд. Бояд раисони маҳалла ва имомҳои масоҷид нодуруст будани дастурхондориро дар рӯзи азо фаҳмонанд.
- Зимни вохӯриҳо чӣ гуна арзу дархост ва пешниҳодҳо баён шуданд?
-Таклифу пешниҳодҳо гуногун буданд. Масалан, сокинони шаҳри Хуҷанд дархост карданд, ки бинобар зиёд будани хешовандон шумораи меҳмонони оши писартӯйӣ ба сад нафар расонида шавад. Биноан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун санади ифодакунандаи манфиати мардум бо пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба сатҳи нави рушд гузаштани давлат такмил дода мешавад. Он имрӯз дар ҳамин зина қарор дорад.
Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»