Имрӯз аксар ҳамватанон дар бораи муъҷизаи иқтисодиёти Олмону Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ то андозае маълумот доранд. Ин кишварҳо баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон қомати худро рост намуда, дар соҳаи иқтисодиёт ба пешрафтҳои бузург ноил гаштанд.
Вале дар бораи муъҷизаи иқтисодиёти Малайзия кам касон медонанд. Ин кишвари дар гузашта мустамлика тӯли 20-30 сол аз як кишвари нимфеодалӣ на танҳо ба қатори «Бабрҳои Осиё» дохил шуд, балки аз ИМА дар бахши навтарин технологияҳои иттилоотӣ пеш гузашт. Дар пешрафти Малайзия саҳми собиқ роҳбари ҳукумати он Маҳатҳир Муҳаммад, ки зиёда аз 20 сол Сарвазири мамлакат буд, хеле калон аст.
ПИСАРИ МУАЛЛИМ
Маҳатҳир Муҳаммад 20 декабри соли 1925 дар шаҳри Алор-Сетари иёлати Кедаҳи Малайзия, дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Соли 1953 факултаи тиббии Донишгоҳи Малайзияи Сингапурро хатм намуд. Аз соли 1946 узви Созмони миллии муттаҳидаи Малай (СМММ) буд ва соли 1964 аз ҷониби ташкилоти мазкур узви парлумони кишвар шуд. Аз сабаби танқиди сиёсати нодурусти Сарвазири Малайзия — Абдураҳмон ӯро аз СМММ хориҷ намуданд.
Соли 1972, дар давраи сарвазирии Абдураззоқ дубора ба узвияти СМММ шомил шуда, баъди як сол сенатор таъин гардид. Солҳои 1972-1981 муовини сарвазир ва солҳои 1981-2003 Сарвазири Малайзия буд. Дар даврони роҳбарии ӯ Малайзия аз кишвари ақибмондаи аграрӣ ба кишвари индустриалӣ табдил ёфт. Маҳатҳир Муҳаммад муаллифи Консепсияи «Дурнамо-2020» мебошад, ки ҳадафи он то санаи мазкур ба кишвари мутараққии индустриалӣ табдил ёфтани Малайзия мебошад.
ЛИДЕРИ ҶАСУР
Олими рус Ю. Крупков ва рӯзноманигор Д. Косирев дастовардҳои Малайзияро таҳлил намуда, дар бораи ин кишвари Осиё мақолаҳои зиёд ба табъ расонидаанд. Д. Косирев менависад, ки дар назди роҳбарони кишварҳои пешрафтаи Ғарб таъмини пешрафти иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум намеистад. Онҳо кайҳо ба ин сатҳ расида, фақат системаи кунуниро нигоҳ медоранду бас. Аммо дар кишварҳои рӯ ба тараққии Шарқ талабот ба пешвои босаводу дурандеш зиёд аст. Вале баъзе кишварҳо намехоҳанд, ки чунин пешво пайдо шавад.
Малайзия аз қадим таваҷҷуҳи мустамликадоронро ҷалб мекард. Соли 1511 португалҳо салтанати Малаккро ишғол намуданд. Баъд англисҳо то ибтидои асри ХХ Малайзияро мустамлика гардониданд. Малайзия ба манбаи ашёи хоми каучук табдил ёфт. То солҳои сиюми асри ХХ нисфи содироти каучук ба Малайзия рост меомад. Ҳиндую чиноиҳои зиёде бо мақсади кор ба Малайзия омада, билохира маскун гаштанд.
Солҳои 1941-1945 ҷопониҳо Малайзияро ишғол намуда буданд. Малайзия соли 1957 истиқлолият ба даст овард. Он сол аҳолиаш ҳамагӣ 4,7 миллион нафар буд.
Маҳатҳир Муҳаммад он солҳо ба ҳайси духтур кор мекард ва аҳволи мардуми камбизоатро хуб медонист. Аз ин рӯ, ҳангоми Сарвазир шудан мақсад гузошт, ки сатҳи зиндагии мардуми камбизоат беҳтар шавад. Ӯ хеле хоксор, халқпарвар, барои мардум дастрас, нотиқи варзида, интеллектуал буд.
Маҳатҳир ба мардуми таҳҷоӣ-малайҳо тавсия дод, ки аз чиноиҳо прагматизм ва меҳнатдӯстӣ, аз ҳиндуҳо тиҷорату интизом ва аз ҳар дуи ин мардуми муҳоҷир ба қадри вақт расидану ба умеди шахси дигар нашуданро ёд гиранд. Ӯ ошкоро ба малайҳо гуфт, ки аз коҳилию танбалӣ ва беҳаракатӣ даст кашанду фаъолу чаққон бошанд. Дар акси ҳол дар ватан ба одамони «навъи дуюм» табдил хоҳанд ёфт. Вай аз шаҳрвандони кишвар хост, ки барои пешрафти мамлакат таҷрибаи Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Тайванро дар бахшҳои менеҷмент ва этикаи меҳнат омӯзанд.
Маҳатҳир Муҳаммад мардуми малай, чиноӣ ва ҳиндую дигар миллатҳоро муттаҳид карда, барои миллати «малайзиягӣ» шудан иқдом намуд. Яъне, ҳар як сокини Малайзия новобаста аз забон ва дину оин малайзиягӣ маҳсуб ёфта, барои пешрафти мамлакат бояд ҳисса гузорад. Номбурда дар интихоби исломи муътадил барои мардум хизмат кард. Ӯ хонаи Каъбаро зиёрат намуда, дар мамлакат Донишгоҳи байналмилалии исломӣ ва Бонки исломиро таъсис дод. Дар мактабҳо (аз ҷумла ба забонҳои чиноӣ ва тамилӣ) таълими фанни «Таърихи тамаддуни исломӣ»-ро ба роҳ монд. Дар маърӯзаҳо таъкид намуд, ки ислом на танҳо дар асри VII, балки дар асри ХХ низ барои саодати башар хидмат хоҳад кард.
Вақте Англия бисёр ташаббусҳои Маҳатҳирро ҳамчун иқдоми ғайридӯстона қабул карда, як қатор таҳримот эълон намуд, ӯ ба мардуми Малайзия чунин гуфт: «Buy English Last!» (Молҳои Англияро дар навбати охир бихаред!). Маҳатҳир ба ҷавонони Малайзия тавсия дод, ки илмҳои дақиқу замонавиро на дар Англия, балки дар Ҷопону Кореяи Ҷанубӣ омӯзанд, зеро дар ин кишварҳо «на митинг кардан, балки босифат кор карданро меомӯзонанд».
ЗАМИН БА ДЕҲҚОН
То Сарвазир шудани Маҳатҳир Муҳаммад заминҳои беҳтарин дар ихтиёри заминдорони хориҷӣ буд. Аксари деҳқонон иҷоракор буда, замини худро надоштанд. Маҳатҳир Муҳаммад бо мақсади азхудкунии заминҳои нав барномаи кӯчонидани аҳолиро амалӣ намуд. Барои баланд бардоштани рӯҳияи мардуми кишвар ӯ чунин гуфта буд: «Малайзиягиҳо низ мисли аврупоиҳоянд. Чӣ коре ки онҳо карда метавонанд, мо ҳам метавонем, ҳатто беҳтар». Шиори Маҳатҳир чунин буд: «Малайзия метавонад!».
Намояндагони дигар кишварҳои Осиё пешрафтҳои Малайзияро дида мегӯянд: «Малайзиягиҳо ба асри нав ғолиб ворид шуданд. Маълум мешавад, ки ин имкон доштааст. Акнун мо низ бояд аз пайи онҳо биравем».
Тавсияи Маҳатҳир ба сокинони Малайзия чунин аст: «Бояд самимӣ ва ҳалолкор буда, барои пешрафти дину миллат ва мамлакат меҳнат кард».
Сарвазир ба рушди соҳаҳои электротехника, коркарди нефт, химия, металлургия, автомобилбарорӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маъдани кӯҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Малайзия дорои захираҳои фаровони табиӣ (нефт, газ, қалъагӣ, маъданҳои оҳану мис, бокситҳо) мебошад. Аз ҷиҳати истеҳсоли қалъагӣ (сурб) Малайзия дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Истеҳсоли неруи барқ низ хуб ба роҳ монда шудааст. Малайзия бо содироти нефт, маҳсулоти электронӣ ва электротехникӣ, инчунин маҳсулоти кишоварзӣ машҳур аст. Асоси содироти маҳсулоти кишоварзиро каучуки табиӣ, равғани нахл, какао, ананас, қаламфур, маҳсулоти ширӣ, моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ ташкил медиҳад. Аз ҷиҳати содироти нимноқилҳо ба ИМА Малайзия аз Тайван, Кореяи Ҷанубӣ ва Гонконг пеш гузашт.
Вақте кас ба дастовардҳои иқтисодии Малайзия менигарад, гумон мекунад, ки сухан дар бораи ягон кишвари бузург меравад. Аммо масоҳати Малайзия ба 330 ҳазор километри мураббаъ ва аҳолиаш ба 24 миллион нафар мерасад.
Дар бахши иҷтимоӣ низ Малайзия ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Деҳотиён бо барқ, оби тоза, роҳҳои тахту ҳамвор, телекоммуникатсия, шифохона, мактаб таъмин шуданд. Таҳсил ва муолиҷа барои малайзиягиҳо бепул аст. Ба хотири ҳифзи солимии аҳолӣ барои интиқоли маводи мухаддир ҳукми қатл пешбинӣ шудааст.
КИШВАРИ ДӮСТДОШТАИ САЙЁҲОН
Малайзия яке аз кишварҳои ҷолиб барои сайёҳон ба шумор меравад. Дар он ҷо барои сайёҳон боғи парвонаҳо (шабпаракҳо), маъбади мор, фермаи тимсоҳпарварӣ, океанариум, боғи баҳрӣ, сафар ба ҷангал, садҳо ҷазира, дайвинг ва дигар намудҳои истироҳату варзиш пешкаш мешавад. Танҳо дар ҷазираи Ланкави 40 меҳмонхонаи нав сохта шудааст.
Дар фестивали «Рангҳои Малайзия» бошад, намояндагони иёлатҳои гуногун бо шоҳ мулоқот мекунанд.
Маҳатҳир ба хусусигардонӣ роҳ кушод, вале ҷонибдори дар ихтиёри давлат мондани баъзе сохторҳо аст. Аз ҷумла соҳаи авиатсия, роҳи оҳан, обтаъминкунӣ дар ихтиёри давлат аст. Ӯ барои аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ баланд бардоштани ҳаққи истифодаи барқ вето гузошт. Яъне, ширкатҳои хусусии тавлидкунандаи барқ ҳақ надоранд, ки мустақилона нархи барқро баланд кунанд.
Ю. Крупков менависад, ки «тамоми Малайзия аз паи роҳбари хирадманди худ рафта, бунёд кард, ба нақша гирифт, баҳс кард, кӯшиш намуд, то дар мусобиқаҳои варзишӣ ғолиб ояд, ибодат кард, хонду омӯхт».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо собиқ Сарвазири Малайзия доктор Маҳатҳир Муҳаммад 25 июни соли 2014 чунин гуфта буданд: «Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатии Малайзия, олами Ислом ва қитъаи Осиё мешиносанд ва фаъолияти ислоҳотгаронаи шуморо мавриди омӯзишу ибрат қарор додаанд».
Дар он мулоқот Маҳатҳир Муҳаммад изҳор дошт, ки омода аст барои густариши робитаҳои Малайзия бо Тоҷикистон саъю кӯшиш кунад.
Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Малайзия А. Жуков гуфтааст: «Малайзия бо аҳолии на чандон зиёд кишвари хеле фаъол ва рушдкунанда аст. Вай як қатор мушкилотеро ҳал намуд, ки дигар кишварҳо ҳал накардаанд. Ин як қудрати ҷиддӣ ва таъсиргузор аст».
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»