Тибқи лоиҳаи наве, ки аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, тартиби нафақае, ки аз 1 январи соли 2017 ҷорӣ шудааст, аз нав бозҳисобӣ карда мешавад. Тавре 17 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Агентӣ Назокат Одиназода иброз дошт, ин пешниҳод ба манфиати нафақагирон хоҳад буд.
Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2017 номбурда зикр кард, ки дар ин давра ба Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1 миллиарду 164,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 133,6 миллион сомонӣ ё 13 фоизро ташкил медиҳад. Қисми хароҷоти Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бошад, ба 1 миллиарду 217 миллион сомонӣ расид ва дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2016-ум 180,5 миллион сомонӣ ё 18,6 фоиз зиёд аст.
Теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 660610 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26057 нафар афзоиш ёфтааст. Аз теъдоди умумии нафақагирон айни замон пардохти нафақаи 4785 нафар муваққатан қатъ гардидааст. Онҳо бояд аз муоинаи такрории тиббии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранд.
Аз моҳи июли соли 2009 то 1 июли соли 2017 ба 129859 нафар дар ҳаҷми 35,4 миллион сомонӣ маблағҳои андӯхти нафақавӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва ҷойи кор пардохта шудааст.
Тавре Н. Одиназода иброз дошт, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 4 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки дутои он ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, 2 лоиҳаи дигар дар сатҳи мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.
Инчунин, қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали сол муроҷиати шаҳрвандон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 адад афзоиш ёфтааст.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»