Нишастҳои матбуотӣ

М. Шоҳиён: «Ҳаёту фаъолияти Пешвои Миллат ба даҳҳо филми ҳунарӣ арзанда аст»

№86 (3723) 20.07.2017

Гос Теле Радио (2)14 июли соли 2017 нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуд. Онро раиси Кумита Маҳмадсаид Шоҳиён оғоз намуд ва ҳозиринро бо фаъолияти шашмоҳа шинос кард.

Зикр шуд, ки дар ин давра шабакаҳои давлатии телевизион ва радио дар инъикоси рӯйдодҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангии кишвар саҳми фаъолона гузоштанд.

Се ҳадафи стратегии давлат – ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар меҳвари барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ қарор доштанд.

Мавзӯъҳои марбут ба вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, сохтмон, кишоварзӣ, фарҳанг, варзиш, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва омӯзиши забонҳо, илмҳои муосир, тарғиби фарҳанги миллӣ, аз ҷумла либоси миллӣ, пешгирии никоҳи байни хешутабори наздик, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ғайра аз масъалаҳое буданд, ки пешкаши бинандагон ва шунавандагон карда шуданд.

Бо ташаббуси Кумита дар шашмоҳаи дувуми соли ҷорӣ озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол» баргузор мегардад. Он минтақаҳои ҷумҳуриро дар бар гирифта, даври ниҳоияш дар шаҳри Душанбе, рӯзҳои таҷлили ҷашни «Меҳргон» ҷамъбаст хоҳад шуд.

Ба ғайр аз ин, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ — телевизионии эҷодиёти халқ «Бӯстон-2017»-ро доир намуда истодааст.

Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» дар нимсолаи аввали сол бо шарикони хориҷӣ Шартномаи ба даст овардани ҳуқуқи пахши бозиҳои футбол аз ҷараёни мусобиқаҳои Премер-Лигаи Англия, Ла-Лигаи Испания, Бундеслигаи Олмон, Силсилаи – «А»-и Италия, Лигаи чемпионҳо ва Лигаи Аврупоро тамдид намуда, бо мақсади дарёфти мутахассисони ботаҷриба озмун баргузор кард, ки аз тариқи он 10 ҷавони боистеъдод ба кор ҷалб гардиданд.

Дар Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» 17 силсилафилми ҳунарию мустанад дубляж шуда, 11 филми ҳунарӣ тавассути субтитр ба забони тоҷикӣ тарҷума гардид. Инчунин, зиёда аз 10 филми кӯтоҳи аниматсионӣ таҳия ва пешниҳоди тамошобинон карда шуд. Телевизиони «Синамо» ният дорад, ки соли ҷорӣ Фестивали филмҳои телевизионии «Симо»-ро баргузор намояд.

Ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум»: «Чаро киносозон дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон филми ҳунарии бисёрсериягӣ таҳия намекунанд?» Маҳмадсаид Шоҳиён посух дод, ки маблағ доранд, сарпарастҳо низ ҳастанд, ки филмро маблағгузорӣ кунанд. Фақат сенарияи мукаммал, ки фарогир бошад, боқӣ мондааст.

 Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»