Нишастҳои матбуотӣ

Омӯзиши забон аз ҷониби соҳибони забон таъсири бештар дорад

№87 - 88 (3724-3725) 22.07.2017

Раҷабзода М. ректори ДДЗТСол то сол робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву илмии кишвар бо мамолики дуру наздик густариш меёбад. Барои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо на танҳо кадрҳои соҳибтахассус лозиманд, балки эҳтиёҷ ба донандагони забонҳои хориҷӣ низ меафзояд. Дар ин самт, яъне тайёр кардани мутахассисони забондон, саҳми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода назаррас аст.

- Дар Донишкада чор факултет – филологияи тоҷик, филологияи рус, забонҳои романию германӣ, забонҳои Шарқ ва 14 кафедра аз рӯи 27 ихтисос фаъолият доранд, — гуфт 19 июл дар нишасти матбуотӣ ректор Раҷабзода Маҳмадулло ва афзуд:

- Мо бояд, пеш аз ҳама, нозукиҳои забони модарии худро аз бар кунем, онро пос ва муқаддас донем. Сипас, барои омӯхтану ёд гирифтани забонҳои хориҷӣ талош варзем, ки ба зарурати муҳими даврон мубаддал гаштааст. Дар урфият беҳуда намегӯянд, ки забондонӣ ҷаҳондонӣ аст.

Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон дар самти таълим, илм, корҳои тарбиявӣ ва робитаҳои хориҷӣ корҳои муҳиму мушаххасеро анҷом додааст. Моҳи майи соли равон дар Ҷумҳурии Қазоқистон нахустин «Олимпиадаи байналмилалии бисёрзабондонӣ миёни донишҷӯёни Осиёи Миёна» баргузор гардид, ки дар он се нафар донишҷӯйи донишкада ширкат варзиданд. Аз байни онҳо Фирӯз Норов бо донистани шаш забон сазовори ҷоизаи «Полиглот» шуд. Ҳамчунин, Хушнуд Мирзоалиев шунавандаи курси омӯзиши забони куриёии Маркази забономӯзии назди донишкада дар озмуни байналмилалии «Иншои беҳтарин» бо забони куриёӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир гашт, сазовори ҷойи аввал шуд.

Раҷабзода Маҳмадулло, ҳамчунин таъкид кард, ки донишкада бо 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Халқии Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Россия, Озарбойҷон ва Беларус қарордоду созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Дар асоси созишномаву қарордод 17 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 6 нафар аз Хитой ва 4 нафар аз Куриёи Ҷанубӣ ба муҳлати шаш моҳ дар донишкада таҷрибаомӯзӣ ва таҳсил намуданд. Бори нахуст 2 донишҷӯйи донишкада дар асоси барномаи табодули донишҷӯён ба муҳлати як сол барои идомаи таҳсил ба Ҷопон сафарбар гардиданд.

Айни замон дар донишкада 14 нафар омӯзгори хориҷӣ, аз ҷумла 5 нафар аз Хитой, 5 нафар аз Кореяи Ҷанубӣ, 3 нафар аз Ҷопон ва 1 нафар аз Ҷумҳурии Мисри Араб фаъолият доранд, ки омӯзиши забон аз ҷониби соҳибони забон ба донишҷӯён таъсири бештару амиқтар дорад.

 ВОРИС,

«Садои мардум»