Нишастҳои матбуотӣ

С.Тағойзода: «Муҳоҷирати меҳнатӣ 21 фоиз кам шуд»

№87 - 88 (3724-3725) 22.07.2017

Мехнат ва Мухочрат (5)Дар нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳоҷирати меҳнатӣ аз масъалаҳои меҳварӣ буд. Тавре вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода гуфт, дар нимсолаи аввали соли 2017 аз ҷумҳурӣ 242 729 нафар ба хориҷа ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ сафар кардаанд, ки 215704 нафари он мард ва 27088  нафараш зан мебошанд. Яъне ба хориҷа  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65884 нафар ё 21 фоиз кам шудааст. Аз хориҷи кишвар бошад, дар ин муддат  160123 нафар ба Ватан баргаштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  311 нафар кам аст.

Бо мусоидати намояндагии вазорат оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик 21 миллиону 826 ҳазор рубли русии музди меҳнати пардохтнашуда аз тарафи корфармоҳо баргардонда шуд.

Вазорат дар самти бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон низ як қатор тадбир амалӣ намуд. Аз ҷумла, аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 420 ярмаркаи ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки бо ин роҳ 3434 корҷӯ соҳиби ҷойи кор ва 4381 нафар соҳиби роҳхат барои касбомӯзӣ гардидаанд.

Инчунин, қайд шуд, ки соли ҷорӣ бо мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», барои рушди соҳаи таҳсилоти калонсолон ва низоми ягонаи раванди таълими касбии онҳо заминаи мусоид фароҳам омад.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»