- Арзиши аслии як килограмм картошка то 1 сомониву 50 дирамро ташкил медиҳад. Яке аз сабабҳои то 4,5 сомонӣ баланд гардидани нархи он миёнаравҳо мебошанд , — зикр кард вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ 19 июл зимни нишасти матбуотӣ.
- Солҳое, ки деҳқон маҳсулоти кишоварзиро бо 40-50 дирам ба бозор мебаровард, гузашт, — гуфт номбурда, — зеро он нархҳо ба зарари истеҳсолкунандагон буд. Ҳамин тариқ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба кишвар 11336 тонна картошка ворид шудааст, ки талаботи 12-рӯзаи ҷумҳуриро кифоят мекунад.
Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар 22730 гектар картошка кишт шудааст, ки нисбат ба соли пеш 339 гектар зиёд аст.
Иззатуло Сатторӣ паҳлуҳои дигари фаъолияти Вазорати кишоварзиро шарҳ дода, гуфт, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 5494 миллион сомонӣ расонида шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 дарсад зиёд мебошад. Дар ин давра ба хориҷи кишвар 53657 тонна сабзавот, 13525 тонна меваи хушк, 6635 тонна меваи тар, 267 тонна полезӣ, 664 тонна картошка, 603 тонна дигар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»