Дар ҳошияи мақолаи с. Ятимов «Илм ва амният», рӯзномаи «Садои мардум», №70-71 аз 13-15 июни соли 2017
Дар шароити тағйирёбии ҳарлаҳзаинаи ҷомеа ва ба гирдоби ҷангу ҷидол гирифтор гардидани кишварҳои гуногун таҳияи матлаби илмие мисли «Илм ва амният», ки аз ҷониби доктори илмҳои сиёсӣ С. Ятимов навишта шудааст, саривақтӣ мебошад. Пас аз мутолиаи пай дар пай ва таҳлили амиқи он мехоҳам чанд андеша баён намоям.
Дар маркази матлаб, ки масъалаи таъмини амнияти давлат қарор гирифтааст, муаллиф аз забони Томас Гоббс менависад: «Давлате, ки амнияти хешро таъмин карда наметавонад, «ғайримаҷоз» эълом гаштааст». Имрӯз метавон ба осонӣ мушоҳида намуд, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатҳои зиёде мавҷуданд, ки дар таъмини амният ба мушкилӣ рӯ ба рӯ гардида, имкони ҳифз надоранд, гарчанде аз лиҳози захоири табиӣ бой ва иқтисодӣ пешрафта мебошанд. Аз ин нуктаи назар, онҳо «ғайримаҷоз» буда, ба объекти мубориза ва намоиши неруи абарқудратҳо табдил ёфтаанд. Албатта, дар матлаб аз давлатҳои мушаххасе зикр намешаванд, аммо хонандаи закӣ бояд дарк намояд.
Масъалаи таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат маҳаки асосии низоми давлатдориро ташкил медиҳад ва бе он рушди давлат ғайриимкон мебошад. Агар ба таърихи 25 — солаи Тоҷикистони соҳибистиқлол назар афканем, мебинем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, вақте ки кишвар ба ҷанги бародаркуш гирифтор шуда, ба хун оғушта гардид, дар навбати аввал, таъмини амнияти миллат пеш омад. Дар он шабу рӯз иҷро накардани ин масъулияти бениҳоят душвор хатари аз байн бурдани давлатро низ ба вуҷуд меовард, зеро аҳолӣ фавҷ-фавҷ ба кишварҳои дигар, хусусан Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, гуреза ва муҳоҷир мегардиданд ва давлатҳои мушаххас нақшаи ба қисмҳо тақсим намудани кишвари моро мекашиданд. Хушбахтона, бо хиради азалии халқи тоҷик, корнамоиҳои бесобиқаи мардони шуҷои Ватан ва тақдири давлатдориро ба даст гирифтани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид.
Дар ин марҳила низ таъмини амнияти давлат дар мадди аввал меистод. Роҳбари давлат ва мақомоти қудратӣ талош меварзиданд, ки марҳила ба марҳила пояҳои давлатдориро мустаҳкам намуда, волоияти қонунро дар ҷомеа таъмин намоянд ва ба ин муваффақ гардиданд. Имрӯз низ тавонмандсозии давлат аз назари таъмини амният идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки то ба ин марҳила расидани кишвари ҷавони мо ҷони садҳо нафар фарзанди далеру шуҷоъ аз даст рафт. Роҳбари давлат борҳо азхудгузаштанҳо нишон дода, ба минтақаҳои доғ сафар намуданд, то амнияти давлат ва зиндагии осоишта таъмин гардад. Тақрибан як миллион нафар аҳолии кишвар, ки гуреза шуда буданд, ба Ватан баргаштанд. Амният низ оҳиста-оҳиста дар кишвар пойдор гардид ва корхонаҳои истеҳсолӣ, бозору дӯконҳо дубора дари худро боз намуданд.
Акнун давраи ҳифзи ин амният ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот фаро расидааст, зеро манофеи геополитикии кишварҳои абарқудрат, пайдоиши равияву ҷараёнҳои хатарзо ва вазъи мураккаби минтақа инро тақозо мекунанд.
Тавре дар мақола зикр мегардад: «Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркард шуда,… дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Илм аст. Терроризм, экстремизм, дигар намуди тахрибкорӣ ба муқобили ҳар кадом субъекти муносиботи байналхалқӣ, давоми сиёсати хориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад». Дар чунин ҳолат мубориза бо онҳо душворӣ пеш оварда, аз нигоҳи сиёсӣ боис ба сард шудани муносибот мегардад. Дар ҷойи дигаре хонда будам, ки «дар олам терроризм мавҷуд нест. Танҳо хадамоти махсус аст». Агар аз ин зовия назар карда шавад, кишварҳои хос бо мақсади пиёда намудани «давоми сиёсати хориҷии худ бо роҳ, усул ва методҳои дигар» то ба ҳадафи ниҳоӣ расидан талош меварзанд. Дар сурати ошкор гардидану шикаст додани воситаҳои аз ҷониби онҳо сохташуда, хатарҳои навро бо усулҳои дигар таъсису роҳандозӣ менамояд, зеро, ҳадафи ягона ба даст овардани манфиат ва дастнигар намудани кишвари мавриди назар қароргирифта мебошад. Бо ин мақсад нерую имконият сафарбар гардида, аз тамоми васила истифода карда мешавад. Муаллиф бамаврид зикр месозад, ки «Бе донистани моҳият (ҷавҳар)-и чунин тахрибкорӣ, ғаразҳои аслии аъмоли душман, раванд ва қонуниятҳои он, мубориза бо чунин зуҳурот номумкин аст». Мутаассифона, бисёриҳо аз моҳияти тахрибкорӣ огоҳӣ надоранд, зимни пайдоиши зуҳурот баъзе аз сокинон, ки на чандон дониши мукаммал ва қобилияти дарку таҳлили воқеаҳоро доранд, ба онҳо дода мешаванд, ки ин барои амалӣ сохтани ҳадафҳои тахрибкорона кумак мерасонад. Дардовар низ ҳаст, вақте душман ҳадафҳояшро тавассути худи миллатҳо дар дохили давлатҳо амалӣ мегардонад.
Албатта, вохӯриҳои пайвастаи намояндагони мақомоти дахлдор бо аҳолӣ, ташкили барномаҳои вижа дар воситаҳои ахбори омма ва корҳои фаҳмондадиҳӣ то андозае дар ошкор намудани моҳияти чунин зуҳурот таъсир расонидааст, вале дар шароити кунунӣ бо истифода аз инкишофи бемайлони технологияи иттилоотӣ, бадхоҳон аз методҳои наву муосир ва таъсиррасон кор мегиранд, ки масъулияти мақомоти дахлдорро дар муборизаи беамон бо онҳо дучанд мегардонад. Дар мақола дуруст дарҷ ёфтааст, ки «Дар муқобили доноӣ ва амалкарди бадхоҳон, фақат тавассути такя кардан ба илм, маърифат, усули шинохти аъмоли зиддимиллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истодагарии мақсаднок ғолиб омадан метавон». Саводноксозии аҳли ҷомеа, хусусан, ба илм рӯ овардани ҷавонон, ки 3 миллиону 200 ҳазор нафарро аз ҷамъи аҳолӣ ташкил медиҳанд, ба таҳсил фаро гирифтани духтарони деҳот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила бо шуғл фаро гирифтани мардум дар роҳи расидан ба ғолибият дар муқобили душман таъсири бевосита расонида, дар амри ҳар чӣ зудтар решакан намудани чунин хатарҳо мусоидат менамояд.
Дар баробари ин, таҳлили ҳаводиси кишварҳои олами араб нишон медиҳад, ки иқтисоди пешрафта, қонеъ намудани талаботи ҷавонон ва ниёзҳои мардум низ кафолати пурраи таъмини амнияти давлат буда наметавонад. Дар ин кишварҳо сатҳи зиндагии мардум ба маротиб боло буда, имкони кору таҳсил фароҳам аст, аммо мардуми бехабар аз бозиҳои пасипардагӣ бо мақсади «зиндагии шоиста» ба кӯчаҳо мебароянд. Ҳоло гурӯҳҳои алоҳида дар ин кишварҳо бо мақсади расидан ба «ҳақиқат» мубориза мебаранд. Муборизаҳои бардавоми онҳо дар ниҳоят эҳтимолияти ба қисмҳо ҷудо намудан, аз байн бурдани давлатҳо ва пайдо гардидани кишварҳои навро дар харитаи сиёсии ҷаҳон пеш овардааст.
Дуруст аст, ки коргардонҳои бозиҳои пасипардагӣ тавассути мухолифин пайваста «талабот»-и нав ба нав эҷод карда, баҳри ба кӯчаю хиёбонҳо баровардани ҷавонон ва ба ҳам задани амният нақшаҳо мекашанд. Мухолифони бехабар (шояд бохабар) ин талаботро ҳақиқат пиндошта, пайваста сӯи миллату давлат сангандозӣ карда, аз худ меҳанпараст тарошиданӣ мешаванд, зеро «Бадбахтии мухолифони манфиатҳои миллии мо иборат аз он аст, ки онҳо «ҳақиқат»-и худро доранд. Дурусттар ифода гардад, «ҳақиқат»-е, ки тавассути «хайрия», «грант», пулу моли аҷнабиён дар майнаи онҳо ҷо кунонида шудааст». (С. Ятимов).
Руҷӯе ба шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки мухолифон дар ҳимояи «ҳақиқат»-и худ истодагарӣ намуда, кӯшиши собит сохтан ва дурустии онро мекунанд. Аммо бидуни далел ва бо ваҷҳҳои ночиз. Шахсони дорои андешаи комил ва бо далел мубоҳисакардаро бо ҳар роҳу восита бадном сохта, ба онҳо тамғаҳои «кофир», «муртад», «лагандбардор» ва дар ниҳоят, «ҷонибдори ҳукумат» мезананд. Чунин тамғазаниҳо боис шудааст, ки дар бештари ҳолат ҷавонони ҳақиқатан соҳибилм, дорои тафаккури созанда ва ватандӯстони асил аз баҳсҳои бемаънӣ бо ин гурӯҳҳо худдорӣ меварзанд.
Аслан, дар ин баҳсҳо гурӯҳҳои мухолиф бештар мехоҳанд «ватандӯстӣ»-и худро ба намоиш гузоранд. Шабакаҳои иҷтимоиро минбари ватандорию ватанхоҳии худ қарор дода, ба таҳқир, тавҳин ва сангандозӣ ҷониби миллату давлат машғул мебошанд. Онҳо моҳияти масъаларо дарк кардан намехоҳанд. Ҳар фарде, ки бо ақидаи онҳо муқобил барояд, мавриди тӯфони шадиди таҳқир қарор мегирад. Аммо «Таҳлили «нутқи хаттӣ ва даҳонӣ»-и ашхоси муайяни мавриди назар тавассути васоити электронӣ, ки аз дуриҳои дур гоҳ-гоҳе «доди ватанхоҳӣ» мезананд, мисоли ҳамин тасаввуроти сода, омиёна нисбат ба миллат, давлат, давлатсозӣ ва давлатдорӣ мебошад. Онҳо ин корро саҳл шуморидаанд. Мехоҳанд ба ҳар қимате ба он даст дошта бошанд, бо тақдири миллат бозӣ кунанд. Аммо пуштибонон, басаҳнагузорандагон, коргардонони онҳо доноянд. Барои манфиатҳои худашон устодона, ҳадафмандона, тахассусмандона кор мекунанд, ки нияти хешро тавассути «ватандорон» амалӣ кунанд».
Фановариҳои технологӣ ва пайдоиши чунин шабакаҳо, аз як ҷониб, бамаротиб кори одамонро осон карда, дар роҳи расидан ба мақсад кумак намояд, аз дигар ҷониб, боис гардидааст, ки дилхоҳ андешаи дурусту нодуруст, бо далелу бе далел, исботшудаю собитнашуда дар он ҷой дода шавад. Дар робита ба ин, муаллиф бамаврид таъкид месозад, ки «Фаъолони ин ҳизбу ҳаракатҳо, ки хеле омиёна, содалавҳона аз даричаи интернет намуди манфури инсониро ба оламиён ба намоиш гузоштаанд, баъзеи онҳо ким-чӣ гуфтанӣ ва ким-чӣ навиштанӣ ҳам мешаванд, танҳо нафратро не, балки афсӯс, надомат, эҳсоси ҳақирӣ, нотавонии ақлӣ, касодии маънавӣ, донишу тасаввуроти одиву омӣ нисбати дарки маънии ҳастӣ — ватандорӣ, давлатсозӣ ва давлатдориро аз худ асар мегузоранд. Аз ҳамин лиҳоз аст: «ҳар он ки беҳунар афтад, назар ба айб кунад» (Ҳофиз).
Дар қисмати ниҳоии мақола муаллиф вобаста ба таъсири адабиёт дар таъмини амнияти давлат зикр месозад, ки «Он бояд равиши ниҳоят мушкили давлатофаринӣ ва миллатсозии замони навинро давра ба давра таҷассум карда тавонад. Образҳои қаҳрамонон — хирадмандӣ, корнамоӣ, ҷавонмардӣ, хислатҳои олии инсонпарварона, миллатдӯстӣ ва ватанпарастии онон дараҷаи ғоявию эстетикии асарҳои бадеиро ташкил кунад. Ҳамчунин, барои ҳаматарафа нишон додани қаҳрамонони мусбат, тарафҳои манфӣ — сабаб ва натиҷаҳои аъмоли ашхосеро, ки роҳи созандаи ҳаёти имрӯзаро сарфи назар мекунанд, муваффақиятҳои бузурги давлати миллии моро дар кӯтоҳтарин давраи таърихӣ нодида мегиранд, ба ифротгаройӣ, экстремизм ва терроризм рӯ овардаанд, ба номи давлат ва миллат иснод меоранд, ошкор созанд». Дарвоқеъ, вақти он расидааст, ки адабиёт дар шаклгирии афкори ҷомеа бештар саҳм гирифта, ба он таъсир расонида тавонад. Яъне, адабиёт дастовардҳои сирф миллии тоҷиконро тавре инъикос намояд, ки бадхоҳони миллат амалан пойдории амнияти давлат, рушди босубот, ҳаракат ва пешрафти онро дарк намоянд. Арзишҳои миллиро ба мухолифин ошно намуда, собит карда тавонад, ки дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо кадом роҳро тай намуд ва имрӯз зиндагии мардум ба кадом сатҳ расидааст.
Ҳамин тариқ, дар ҷаҳони пуртазод ва муборизаи абарқудратҳо, ки баҳри бештар ба даст овардани манфиат ва соҳиб гардидан ба захоири табиии олам талош меварзанд, зарур аст идеологияи давлатдории миллӣ дар шуури ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҷойгир кунонда, хатару ҷараёнҳое, ки баҳри тахрибкорӣ ва ба ҳам задани амнияти миллӣ талош меварзанд, барои мардуми одӣ муаррифӣ карда шаванд.
Матлаби «Илм ва амният» воқеиятро бо далелҳои раднашаванда, дарки моҳияти масъала, шинохти арзишҳои миллӣ ва ҳимоя аз Ватану миллат саҳеҳ ошкор кардааст. Яъне, ҳар фарде, ки барояш мафҳумҳои «Ватан», «Истиқлолият», «Ваҳдати миллӣ» муқаддас аст, дарк менамояд, ки рушди минбаъдаи бонизоми Тоҷикистон ба амнияти он вобастагии ногусастанӣ дорад.
Наврӯз Шариф