Ҳамовозӣ

Тақлиди кӯркӯронаро пешгирӣ мебояд

№87 - 88 (3724-3725) 22.07.2017

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни сокинони вилояти Суғд ҳаматарафа дастгирӣ ёфт, ки дар зер андешаҳои чанд нафари онҳоро пешкаш менамоем:

Пирмуҳаммад Пиров, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Спитамен:

- Аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ эҳсос мегардад, ки Сарвари давлат ҳамеша дар паи беҳдошти рӯзгори мардум, ғановати дастурхони онҳо ва чун афроди солиму соҳибмаърифат ба воя расидани фарзандони сокинони кишвар мебошанд.

Дар тайи 10 сол ба шарофати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеши роҳи исрофкорию харҷи беҳуда гирифта шуд ва сатҳи некуаҳволии мардум боло рафт. Мутаассифона, дар ин давра ҳолатҳои аз ҷониби як гурӯҳи муайяни одамон дидаю дониста риоя нагардидани талаботи қонун низ мушоҳида мешуд.

Тавре Сарвари давлат қайд карданд, қонуни мазкур ниёз ба тағйиру иловаҳо дорад. Ин андеша аз талабу дархости мардум бармеояд, ки мо аз тариқи телевизиону дигар воситаҳои ахбори омма бо муҳтавои онҳо шинос шудаем. Вазифаи мо, хизматчиёни давлатӣ, аз васеъ тарғиб кардани қонун ва дар амал татбиқ шудани он иборат мебошад.

Нуринисо Додоҷонова, собиқадори соҳаи матбуот аз шаҳри Истаравшан:

-Ман модари 4 фарзанд — се духтару як писар ва 12 набераам. Шавҳарам устои одӣ аст. Замоне ки фарзандонамонро оиладор кардем, гузаронидани тӯйҳои бодабдаба ва серхарҷу серодам расм буд, ки ба ҷайби мо баринҳо мувофиқ намеомад. Ману шавҳарам барои гузаронидани маъракаҳои тӯйи фарзандон, ба қавли мардум, «нахӯрдаву напӯшида» пул ҷамъ карда будем. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъракаҳо камхарҷ ва номгӯйи зиёди онҳо аз байн бардошта шуданд. Одамон ба ҷойи гузаронидани тӯю маъракаҳои пурдабдаба хонаву дари худро обод карда, машғули таълиму тарбияи фарзандон гардиданд.

Мутаассифона, ҳоло ҳам дар ҷамъият баъзе шахсони сарватманд ҳастанд, ки талаботи қонуни мазкурро риоя намекунанд. Шахсан ман тарафдори пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастам, ки гуфтанд: «Оянда барои чунин шахсон ҷаримаро даҳчанд зиёд мекунем». Қонун барои ҳама таъсири якхела бояд дошта бошад.Талабот ҷиддӣ шавад, амалишавии қонун осон мегардад.

Зуфар САНГИНОВ, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Зафаробод:

- Табибони ноҳияи мо пешниҳоди Сарвари давлатро дар бораи дар доираи оила барпо кардани хатнасур ва дар муассисаҳои тиббӣ анҷом додани хатнаи кӯдакон, ки зимни суханрониашон садо дод, мувофиқи мақсад медонанд. Онҳо андешаи Пешвои миллат­ро, ки гуфтанд: «Хатна як амалиёти тиббӣ аст, лозим нест, ки барои ин амал бо харҷи миёншикан мардумро ош диҳему дастурхони пурдабдаба ороем», ҳақиқати бебаҳс медонанд.

Дилнора АМОНОВА, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, сокини деҳаи Эшонқӯрғони ноҳияи Деваштич:

- Ба назари ман, ҷавонон чун ояндасозони миллат бояд дар пайи дониш­андӯзию ҳунаромӯзӣ бошанд, зеро ҷавони донишманду боҳунар ё духтари соҳибкасбу бомаърифат ба қадри заҳмату меҳнати худ мерасад ва ба харҷу исрофкорӣ роҳ намедиҳад.

Ман нигаронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди зуҳури бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона дар байни гурӯҳи занону духтарон хуб дарк мекунам. Дар ҳақиқат, ҳар рӯз дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрамон бо ин гунаҳо вомехӯрем. Фикр мекунам, ки барои гирифтани пеши роҳи тақлиди кӯркӯрона мо бояд корҳои тарғиботиро ҷоннок намоем.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»