Фарзандони ту, Тоҷикистон

Агар бад кунӣ, чашми некӣ мадор

№87 - 88 (3724-3725) 22.07.2017

Акси Сафар ХусейновҲангоме инсон мехоҳад хушҳоливу хушбахтии хешро дарёбад, бояд дар зиндагӣ кори нек анҷом диҳад. Ҳиссиёти нек дар ботини  ҳар кас мавҷуд аст ва ҳар гоҳ инсон бихоҳад онро дар худ пайдо ва ё эҳсос намояд, бояд худро ба кори фоиданок андармон созад. Дар акси ҳол дучори нокомиву дармондагӣ мегардад. Сарчашмаи хушбахтиву хушҳолӣ шинохти зиндагии воқеист, ки инсонро аз нав эҳё менамояд ва ба маҷрои тоза раҳнамун месозад.

Сафар Ҳусейнов аз зумраи шахсонест, ки роҳи ибратбахшеро дар умри хеш паймуда, барои ба ҳадаф расидан мушкилоти зиёдеро гузашта, зина ба зина камол ёфта, рисолати хешро бо сарбаландӣ адо намудааст.

Ӯ дар зиндагӣ пасту баландиҳои зиёдеро тай намуда, талхиву шириниҳоро чашида, рӯзҳои мушкилеро пушти сар карда, барои ободии Ватан шабу рӯз кору пайкор намуда, бо инсонҳои мухталифе, ки равияву ақидаҳои гуногун доштанд, якҷо фаъолият кардааст. Ӯ дар паҳлуи мардуми деҳоти «Варзобқалъа»-и ноҳияи Варзоб, маҳрум аз волидайн парвариш ёфта, аз хурдӣ савганд хӯрд, ки некиву инсонгарӣ, ёрӣ расонидан ба одамон, хайрхоҳиву кумакрасониро ҳадаф дар зиндагӣ қарор медиҳад. Аз собиқадорони меҳнат Сангини Азиз, Абдулло Ғоибов, Саид Шарифов, Қаҳҳор Ҳасанов сиёсатмадори варзида Шукурҷон Зуҳуров (ҳоло Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ходимони давлатӣ Худойбердӣ Холиқназаров, Рафиқа Мӯсоева, Мамадшо Илолов зиёд омӯхтаву шиори «Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ»-ро сармашқи кори худ қарор додааст. Сафар Ҳусейнов аз нафароне, ки номашон дар боло зикр шуд, сипосгузор буда, ифтихорманд аз он аст, ки аз онҳо дарси ҳаёт гирифтааст.

Ӯ, ки ба синни 75 қадам гузоштааст, аз гузашта бо некӣ ёд меорад ва хушҳол аз он мебошад, ки дар шукуфоии кишвар саҳми чашмрас дорад. Зиндагиномаи ӯ аз ибтидо саршор аз пандномаҳост. Ҳанӯз дар овони ҷавонӣ пай бурд, ки танҳо дили гарму нияти нек метавонад инсонро ба ҷодаҳои бузурги зиндагӣ раҳнамун созад ва миёни ҷомеа обрӯманд гардонад. Пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамчун деҳқон аз сари кишти ғалла корро оғоз намуда, сипас ба ҳунаристон-манбаи мутахассисони коргарӣ пайваст ва минбаъд низ кору ҳунаромӯзӣ маҳаки асосии зиндагиаш қарор гирифт. Дар тӯли умри бобаракат аз мутахассиси одии омӯзишгоҳи касбӣ то муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ расид ва дар ин давра садҳо мутахассисро ба камол расонид.

Зиндагӣ ба ӯ омӯзонд, ки инсон бо ҳама бузургиву бартариҳояш бояд донад, ки мушкилоту монеаҳо ва мусибатҳои ҳаёт махсусиятҳои худро дошта, хотирмонанд. Агар онҳоро нодида гирему нашиносем, ҳеҷ гоҳ монеаҳоро аз байн бурда наметавонем. Танҳо азми қавӣ лозим аст, ки инсонро аз миёни  кӯҳҳои сангини монеаҳо, бадбахтиҳо берун кашад ва роҳи мақсудро барояш нишон диҳад.

Сафар Ҳусейнов мардест ҳалим ва мисли сабзаи тар нарм ва ба дигарон ҳамеша талқин мекунад: «Аз кибру ғуруру бухлу ҳасодат бипарҳезед, ки ҷуз зиён барои шумо чизе дигар нахоҳад расид».

Ҳамчунин таъкид месозад: «Танҳо зеҳни комил ва ақли расо воқеияти зиндагӣ ва асрори нуҳуфтаи онро барои инсон во мекунад. Биноан, инсон муваззаф аст пайваста зеҳнашро такомул диҳад, худро бо илму амал зебо ороста кунад. Дар зеҳни инсон ҳама чиз бояд возеҳу равшан ва ӯ бар афкори хеш сарболо бошад, ҳеҷ гоҳе гирифтори афкори носолиму саргардонӣ нашавад. Инсон қодир аст фикрашро идора кунад, олами ҳастиро бо ҳусну қубҳаш дарку эҳсос намояд».

Бале, нишастану суҳбат оростан бо ин марди бузурги фидоии Ватану миллат мояи ифтихор, боз­кушоии гиреҳҳои рӯзгор аст ва ҳар нуктаву иборааш пандомӯзу тарбиятдиҳанда. Махсусан шогирдонаш, ки теъдодашон ба садҳо мерасад, ҳамеша назди Сафар Ҳусейнови барнодилу  хирадманд меоянд, аз ӯ дарси зиндагӣ, таҷриба меандӯзанд ва сухани вай ба ҳама як аст: «Дар зиндагӣ инсон он чӣ кишт кунад, ҳамонро даравад, ҳар кӣ имрӯз фарёдрас шавад, фардо дигарон ба фарёдаш хоҳанд расид»:

Агар бад кунӣ, ми некӣ мадор,

Ки ҳаргиз наёрад газ ангур бор.

Напиндорам, эй дар хазон кишти ҷав,

Ки гандум ситонӣ ба вақти дарав.

Қиматбегим

Шомансурова,

Рӯзноманигор