Нишастҳои матбуотӣ

Хатмкардагон аз рӯи ду ихтисос кор хоҳанд кард

№90 (3727) 27.07.2017

DSC_0962 копияРектори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит Тоҷиддин Асомуддинзода зимни нишасти матбуотӣ 21 июли соли равон иброз намуд, ки ҳар як дастпарвари ин муассисаи таҳсилоти олӣ соҳиби ду ихтисос мешавад. Масалан, омӯзгори фанни технология ва тарҷумони забони арабӣ, омӯзгори фанни таърих ва диншинос.

- Дар донишкада аз оғози соли таҳсили ҷорӣ 5 ихтисос аз рӯи зинаи таҳсили бакалавр амал намуда истодааст. Ихтисосҳои мазкур ба кафед­раҳои пешбари факултаҳои филологияи Шарқ ва улуми исломӣ вобаста шудаанд, — гуфт ӯ.

Тоҷиддин Асомуддинзода пешниҳоди хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум»-ро оид ба таълифи китоб ба забони арабӣ дар хусуси моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қобили қабул дониста, ба устодони кафедраи забон ва адабиёти араб супориш дод, ки дар ин самт кор баранд, зеро ин қонуни миллӣ шоистаи тарғиб дар сатҳи байналмилалист.

Соли ҷорӣ 473 нафар, аз ҷумла 16 нафар бо дипломи аъло, донишкадаро хатм намудаанд.

- Донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, осорхона ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷриба меомӯзанд. Соли ҷорӣ дар донишкада Парки технологӣ таъсис дода шуд, ки дар он Маркази омӯзиши забонҳо, курсҳои тайёрӣ, технологияи компютерӣ, табъу нашр ва касбу ҳунарҳои миллӣ (пазандагӣ ва қаннодӣ) ба фаъолият оғоз карданд, — гуфт Тоҷиддин Асомуддинзода.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»