27 июли соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сафари корӣ намуданд.
Роҳбарият, фаъолону собиқадорон, намояндагони ҷавонону аҳли илму фарҳанги ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хос ва рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд.
Боиси қайд аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар фазои сулҳу субот ва ҷаҳду талоши бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Балҷувон ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинони он беҳтар шудааст.
Истиқболи самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ноҳия далели ҷонибдории онҳо аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.
Дар маркази ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ду бинои истиқоматии замонавӣ, ки асосан барои хизматчиёни давлатӣ ва маъюбону шахсони ниёзманди ноҳия пешбинӣ шудааст, ширкат варзиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта, ба истифода додани биноҳои истиқоматиро дар арафаи таҷлили ҷашни 26 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони ҷавони ташкилоту идораҳои гуногун ва шахсони имконияташон маҳдуди ноҳия, ки имрӯз соҳиби хона гардиданд, амали шоистаи башардӯстона арзёбӣ намуда, ба соҳибони хуштолеи манзилҳои нав дар вазъияти тантанавӣ шахсан калиди ҳуҷраҳоро супориданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафарони соҳиби манзилҳои навгардидаро даъват намуданд, ки вазифа ва масъулияти бевоситаи худро дар назди давлату миллат содиқонаю софдилона иҷро карда, дар ободонию осоиштагии мамлакат ва ҳифзи музаффариятҳои давлати соҳибистиқлол фаъолона иштирок намоянд.
Зимни шиносоӣ бо шароити хонаҳои истиқоматӣ ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки биноҳои истиқоматӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ дар давоми ду сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири меъморию шаҳрсозӣ бунёд шудаанд.
Бинои истиқоматие, ки бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Шанс» бунёд гардидааст, дорои 12 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ мебошад. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 4 миллион сомонӣ харҷ ва лоиҳаи он аз тарафи мутахассисони варзидаи ҶСК «Шаҳрофар» омода шудааст.
Хонаҳои истиқоматии биноҳои навбунёд, ки дар маркази ноҳияи Балҷувон қомат афрохтаанд, бо ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин гардидаанд.
Дар саҳни ҳавлии биноҳо майдончаи бозии кӯдакона ва ҷой барои истироҳату фароғати истиқоматкунандагон бунёд шудааст, ки имконияти мусоид барои таълиму тарбияи дурусти фарзандон, хусусан тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни кӯдакону наврасон ва ҷавонон мебошад.
Бинои нави истиқоматии дигаре, ки дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва харҷи 3 миллиону 850 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, ба мисли бинои якум аз ду ошёна ва 12 хонаи истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2015 оғоз гардидааст. Бунёди онро коргарону мутахассисони ташкилоти ҷамъиятии «Субҳи тандурустӣ» ба уҳда доштанд.
Хизматчиёни давлатӣ ва оилаҳои эҳтиёҷманд, ки бештари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ дар манзилҳои нави истиқоматӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ намуда, хизмат ба нафъи давлату миллат, аз ҷумла саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Балҷувонро, вазифаи асосӣ маънидод карданд.
Ноҳияи Балҷувон соли 1996, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, ташкил гардидааст. Дар ин давра дар марказ ва деҳоти он иншооти зиёди дорои таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, дар маркази ноҳия даҳҳо иншооти маъмурию хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки дар натиҷа сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба маротиб беҳтар ва рушди ҳама соҳа таъмин гардидааст.
Тибқи нақшаи генералии маркази ноҳияи Балҷувон, ки соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар ин ҷо 5 бинои замонавии истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳоло бунёди боз 5 бинои дигари баландошёна дар назар аст.
Хотиррасон мешавем, ки соли 2015 низ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон як бинои дуошёнаи замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 12 нафар корманди ташкилоту идораҳои давлатии ноҳия бо манзили истиқоматӣ таъмин гардиданд.
Дар ноҳияи Балҷувон, ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, тибқи талаботи меъмории замони муосир бунёд ёфтааст. Тарҳи онро дар асоси фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Абрис» таҳия кардааст. Корҳои сохтмониро мутахассисон ва сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фараҳноз» анҷом доданд.
Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар масоҳати умумии 0,2 гектар сохта шудааст. Арзиши лоиҳавии он 2 миллиону 170 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 264 ҳазор сомонӣ барои ҷиҳозонидани ҳуҷраҳои бино бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ сарф гардидааст.
Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино 12 ҳуҷраи корӣ ҷойгир аст, ки бо мизу курсӣ, ҷевон, компютер ва дигар ашёи зарурӣ таъмин гардидаанд. Дар ошёнаи сеюм маҷлисгоҳи барҳаво бо 80 ҷойи нишаст ва меҳмонхонаи сеҳуҷрадор бо шароити арзанда барои зист ҷойгир шудааст.
Зимни корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи маориф зиёда аз 40 коргари маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва музди меҳнати баланд таъмин гаштаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити мавҷудаи корӣ дар бино иброз намуданд, ки минбаъд, бо истифода аз шароиту имконият, мутахассисони соҳаи маорифи ноҳия бояд ҷаҳду талоши худро баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишандӯзии хонандагон дучанд намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг» санги асос гузошта, бо лоиҳаи он шинос гардиданд.
Зимни муаррифии лоиҳаи роҳи автомобилгарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дарозии роҳ 43 километрро ташкил медиҳад ва сохтмони он аз километри 22-юми роҳи автомобилгарди лоиҳавии «Восеъ — Ховалинг» оғоз меёбад.
Барои бунёди роҳи мазкур 11,8 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Он дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои сарфагардидаи роҳи мошингарди «Восеъ-Ховалинг» ва маблағҳои грантӣ татбиқ мегардад.
Сипас, Пешвои миллат ба масъулини Вазорати нақлиёт барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд. Қайд шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа, ҳамзамон 6 пули мошингузар бо дарозии 500 метр аз болои рӯдхонаҳои ин масир аз нав барқарор карда хоҳанд шуд.
Бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи автомобилгарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг», ки аз шафати дарёҳо мегузарад, ба роҳ мондани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ низ дар масофаи 1 ҳазору 640 метр пешбинӣ гардидааст.
Лоиҳа қитъаҳои таъмирталаб, мавзеъҳои дохили минтақаҳои аҳолинишин ва 29 қубури обгузар, 7 қубури нав, 25 ҳазору 880 метр иншооти ҳимоявӣ, 4 ҳазору 870 метр роҳи пиёдагарди паҳноиаш аз 1,5 то 3 метр ва 19 ҳазору 390 метр ҷӯйбори оҳану бетониро дар бар мегирад.
Муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар роҳи «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг» 18 моҳ пешбинӣ шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо тарҳи роҳи мазкур дар маркази ноҳияи Балҷувон бо фаъолони вилоят ва сокинони ноҳияи Балҷувон мулоқот намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи бинои шуъбаи таваллудхона дар назди Беморхонаи минтақавии рақами 2-и деҳоти «Сари Хосор» иштирок намуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2016 оғоз гардидааст ва дар ин муддат шуъбаи таваллудхона бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд ёфтааст.
Бино аз 9 ҳуҷраи ташхису табобат ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, дорои беҳтарин шароити хизматрасонии тиббӣ мебошад. Ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дастгоҳи сабти барқии дил, ултрасадо ва дигар лавозимоти тиббӣ барои бемориҳои занона муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Барои харидории дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ дар таваллудхонаи Сари Хосор бештар аз 300 ҳазор ва барои корҳои сохтмонии иншоот 1 млн. 200 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити хизматрасонии таваллудхона ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, табибонро ба хизмати софдилона даъват намуданд.
Иншооти мазкур бо маблағгузории соҳибкори ватандӯст Рустам Саидов бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ бошад, аз тарафи ширкати «Евро-стандарт» ба анҷом расонида шудааст.
Дар таваллудхонаи навбунёди деҳоти «Сари Хосор» 15 нафар табиби дорои тахассуси гуногун бо ҷойи корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи таваллудхонаи замонавӣ дар маркази деҳоти «Сари Хосор» ба кормандони он як адад автомобили ёрии таъҷилӣ туҳфа карданд.
Дар ноҳияи Балҷувон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои хоҷагии халқи деҳоти «Сари Хосор» шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ сокинони деҳот маҳсулоти кишоварзӣ, гулу гиёҳҳои табиии шифобахш ва ҳунарҳои дастиро ба тамошо гузоштанд.
Номгӯйи гуногуни маҳсулоти аз зироати кишоварзӣ бадастовардаи хоҷагидорон, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, бодиринг, каду ва ғайра фаровон ба назар мерасид.
Ба ҳунарҳои дастӣ ва маҳорати пазандагии занону духтарони деҳоти «Сари Хосор» аз тарафи Сарвари давлат баҳои баланд дода шуд.
Дар ҳамон ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи иншооте, ки минбаъд дар деҳоти «Сари Хосор» бунёд карда мешаванд, муаррифӣ гардид.
Тибқи иттилои расида, дар ояндаи наздик ба хотири рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Сари Хосор 7 меҳмонхонаи замонавӣ бунёд меёбад. Баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббию варзишӣ барои сокинони деҳоти «Сари Хосор» низ дар мадди назар мебошад. Айни замон лоиҳаи боз 5 иншоот дар ин соҳа тарҳрезӣ шудааст. Мавзеи ҷойгиршавӣ ва тарҳи биноҳои сохташавандаро ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин, зикр шуд, ки барои фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум 8 иншооти дигари таъиноташон гуногун сохта мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон ва нафарони дар ин самт масъулро даъват намуданд, ки дар вақти бунёди иншооти муаррифишуда ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Сари Хосор», ҳамчунин бо лоиҳаҳои иншооти сохташаванда ва оғози сохтмони роҳи мошингарди «Балҷувон-Сари Хосор» шинос шуданд.
Маълум гардид, ки дар вақти татбиқи лоиҳа иншооти асосии техникӣ, аз ҷумла 34 километр роҳи паҳноияш 8 метр, 87 иншоот, қубурҳои оҳанубетонии обгузари қутрашон аз 1 то 4 метра, кӯпрук бо дарозии 120 метр, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба масофаи 9,6 километр, сохтмони деворҳои химиявӣ ба масофаи 150 метр ба нақша гирифта шудааст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ барои сохтмони роҳ бояд 53,1 миллион сомонӣ сарф гардад.
Қад-қади ин роҳ 11 деҳа, 860 хоҷагӣ мавҷуд аст, ки зиёда аз 6000 аҳолӣ доранд. Бинобар набудани роҳи мошингард сокинон барои рафтуомад аз маркази ноҳия ба деҳоти «Сари Хосор» дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.
Фармоишгари бунёди иншооти роҳ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро Мудирияти Муассисаи давлатии корхонаҳои сохташудаистодаи Вазорати нақлиёт ва дигар ширкатҳои сохтмонии ватанӣ иҷро менамоянд.
То имрӯз 9 километр роҳҳои мошингарди Балҷувон-Дулонамайдон, Балҷувон-Дашти — Майдон сохта шудааст. Соли 1995 сохтмони лоиҳаи роҳи мошингарди «Балҷувон-Сари Хосор» таҳия гардида буд ва ҳар сол аз 500 ҳазор то 1 миллион сомонӣ дар ин самт корҳо иҷро мегардиданд. Маблағи умумии иҷрои корҳо аз соли 1995 то 2017-ум 6 миллиону 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Алҳол қариб дар ҳама қитъаи роҳ корҳо идома доранд. Соли 2016-ум 10 километр, аз Боғи Зоғон то Шаидон, сангфарш гардонида шуд. Ҳоло аҳолии деҳаҳои Шаидон, Тоҳирдара, Дашти — Килко, Чилторӣ, Дошмандӣ ва Баҳор дар ҳама фасли сол бе мушкилӣ рафтуомад доранд.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳа таъкид доштанд, ки сохтмони босифату саривақтии роҳи мошингарди «Балҷувон – Сари Хосор» барои рафтуомади сокинон, азхудкунии заминҳои кишт, истифодаи босамари ҷангалзор, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва рушди соҳаи туризм мусоидати амиқ менамояд.
www.president.tj