Аз пайи мактуб

«Маъюб»-е, ки аҳолии як деҳаро ба дод овардааст

№92 (3729) 02.08.2017

DSC00941ё қиссаи марде, ки рӯзгори худро дар пояи дурӯғу иғво ба роҳ мондааст

Чанде пеш як гурӯҳ сокинони деҳаи Хами Себи деҳоти «Ҷавонон»-и ноҳияи Файзобод бо мактуби шикоятӣ ба рӯзнома муроҷиат карданд. Онҳо аз матлаби дар рӯзномаи «Садои мардум» таҳти унвони «Барои ҳақталошӣ қариб бадарға мешудам» (№ 27-28 (3664-3665) аз 11 марти соли 2017), ки бо имзои сокини ҳамин деҳа Исфандиёр Сафаров нашр шуд, изҳори норозигӣ карданд.

Баҳри огаҳии бештар пайдо кардан ба ноҳияи Файзобод сафар кардем. Дар ибтидо бо ширкати масъулини деҳоти «Ҷавонон» бо аҳолии деҳаи Хами Себ ҷамъомад баргузор шуд. Пеш аз оғози он ду нафар аъзои кумитаи маҳалла ба манзили истиқоматии Исфандиёр Сафаров фиристода шуданд, то ӯро ба мулоқот даъват намоянд. Вале ӯро дар хонааш пайдо накарданд, ба шаҳри Душанбе рафта будааст.

Хулоса, аз ин хонавода ягон нафар дар ҷамъомад иштирок накард.

Шахсони соҳибэҳтироми деҳа — Ғоиб Ризоев, Сафаралӣ Табаров, Ҷӯрабек Сафаров, Давлатёр Сафаров (бародари Исфандиёр Сафаров), Музаффар Носиров навиштаи Исфандиёр Сафаровро туҳмати маҳз номиданд. Аз ҷумла, гуфтанд, ки ӯ ҳамчун нозири Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Файзобод аз вазъи ногувори атрофи оромгоҳи деҳа навиштааст, ки ба ҳақиқат рост намеояд. Мардуми деҳа, ҳамеша атрофи оромгоҳро, ки дар он хешу ақрабояшон мадфун аст, тозаю озода нигоҳ медоранд.

- Вале, -зикр карданд онҳо, — мо аз он дар ҳайратем, ки Исфандиёр Сафарови нобино чӣ тавр шаҳодатномаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемио­логиро ба даст овардааст? Одаме, ки намебинад, чӣ гуна назорат мекунад? Ӯ бо истифода аз шаҳодатнома на танҳо мардум, балки роҳбарони ошхонаву нуқтаҳои хизматрасонии ноҳияро низ тафтиш мекунад.

Тибқи Дастурамал оид ба ташхиси тиббию иҷтимоӣ, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2012, таҳти № 79 тасдиқ ва аз 14 майи соли 2012 таҳти № 543 «а» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, маъюби гурӯҳи якум шахсе эътироф мешавад, ки ба кумаки доимии шахси дигар ниёз дорад. Исфандиёр Сафаров мустақилона ба ҳар куҷое хоҳад, равуо мекунад. Ҳатто то солҳои охир мошин ҳам меронд.

Ҳамчунин, И. Сафаров навиштааст, ки 17 декабри соли 2015, тахминан соатҳои 630 дақиқа, бо роҳбарии раиси маҳаллаи Хами Себ Манон Носиров зиёда аз 150 нафар мардуми деҳа ва сокинони се деҳаи ҳамсоя назди масҷид дар даст белу каланд ҷамъ омада, гӯё ӯ ва аҳли хонаводаашро бадарға карданӣ шудаанд. Вале аз чӣ бошад, ки Исфандиёр Сафаров номи ин се деҳаро наовардааст. Ӯ хуб медонад, ки дар ҳолати деҳаҳои ҳамсояро ном бурдан, сокинони он барои туҳмат дар сараш чормағз мешикастанд. Аз мардуми деҳи худ ҳарос надорад, дар ҳаққи онҳо ҳар чизе, ки хоҳад, мегӯяд, чунки мардуми деҳа рӯихотир мекунанд.

Тибқи шикоятномаи Исфандиёр Сафаров гӯё 17 декабри соли 2015 директори мактаби деҳа Маҳмадулло Муллоев хонандагони синфҳои болоиро ба ҳавлии ӯ оварда, барои кӯчонидани хонаводааш ёрӣ расонидааст. Ҳол он ки 17 декаб­ри соли 2015 директори мактаб бо чанд хонанда барои иштирок дар даври минтақавии олимпиадаи фаннӣ дар шаҳри Душанбе буд…

Воқеан, деҳаи Хами Себ, ки дар он беш аз 1300 нафар умр ба сар мебаранд, хеле ободу зебост. Мардуми он дӯстона ва тифоқ зиндагӣ карда, баҳри ободонии маҳали зист корҳои зиёдеро ба сомон расондаанд. Аз ҷумла, бо қувваи аҳолӣ соли 2016 роҳи дохили деҳа санг­фарш ва аз масофаи ҳафт километр, аз домани кӯҳсор хатти об кашида, дар назди деҳа обанбор сохта шудааст. Дар ду соли охир дар як мавзеи вайронаи селзада, ки аз ғору чуқуриҳои беохир иборат буд, варзишгоҳ бунёд карда, дар атрофи он дарахтони соя­афкан шинонидаанд ва барои сарсабзу хуррам нигоҳ доштани он нуқтаи об барои шодоб гардонидани замин ва як нуқтаи дигар барои нӯшидан ташкил кардаанд. Кӯпруки деҳа, ки аз селборон корношоям гардида буд, бо қувваи ҷавонон аз нав таъмиру бозсозӣ гардидааст.

Аз баромади ҷамъомадагон маълум гардид, ки дар ягон чорабинӣ ё ҳашари умумӣ, ки бо иштироки бевоситаи ҷавонон зуд-зуд баргузор мешаванд, на танҳо худи Исфандиёр Сафаров, балки ягон нафар аз фарзандонаш иштирок намекунанд. Баръакс, онҳоеро, ки ӯро ба ҳашар даъват мекунанд, бо суханҳои қабеҳ аз дари хонааш меронад.

Сокини деҳа Давлатёр Сафаров, ки бародари Исфандиёр Сафаров аст, бо таассуф изҳор дошт, ки мардуми деҳа аз буҳтонзанӣ ва рафтору кирдори номатлуби бародараш ба дод омадаанд. Ӯ, ки худро ҳақталош вонамуд мекунад, се маротиба доғи судӣ гирифтааст. Соли 1980 бо ҷурми дуздӣ се сол аз озодӣ маҳрум шуд ва дар колонияи ислоҳии воқеъ дар ноҳияи Ёвон адои ҷазо намуд. Баъди озод шудан ҳамон ноҳияро макони зисти доимӣ ихтиёр кард, вале баъди даҳ — дувоздаҳ сол барои аризанависиҳои беасос мардум ӯро бо аҳли хонаводааш кӯчониданд. Соли 1992 ӯро бо зану фарзандонаш ба ҳавлии падарам оварда, маскун кардам. Бори дуюм, 8 майи соли 2007 бо ҳукми Суди ноҳияи Файзобод бо ҷурми дуздӣ, вале ин дафъа бо иловаи қаллобӣ суд шуд, аммо боз ибрат нагирифт. Июни соли 2016 (бори сеюм), барои содир намудани ҷиноят — бо роҳи қаллобӣ ба даст овардани даромади муфт ва бо суиистифодаи боварӣ, бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои «б» ва «в», 247 қисми 2 бандҳои «а» ва «в» ва 334 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум гардид. Ин дафъа кораш «омад» кард, яъне баъди пардохти маблағи зарари расонида ба шаҳрвандон дар асоси моддаи 6, бандҳои 3 ва 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 29 октябри соли 2014 таҳти № 1130 парвандаи ҷиноятии ӯ қатъ карда шуд.

Навиштаҳои ӯ нисбат ба раиси маҳалла  Манон Носиров ва директори мактаби деҳа Маҳмадулло Муллоев асос надоранд. Исфандиёр дар асл маъюби гурӯҳи якум нест. Намедонам, бо кадом роҳ ӯ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маъюбӣ гирифтааст? Онҳое, ки барояш чунин ҳуҷҷат додаанд, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Раиси ҷавонони деҳаи Хами Себ Усмоналӣ Саидмуродов гуфт, ки Исфандиёр Сафаров чор фарзанди болиғ дорад, ки ҳатто ба узвияти ҷавонони деҳа номнавис нашудаанд, аз корҳои ҷамъиятӣ худро канор мегиранд. Аз хизмати Ватан-Модар саркашӣ мекунанд.

Раиси маҳаллаи Хами Себ Манон Носиров, аз ҷумла, зикр кард: «Чор сол боз раисии маҳалларо бар дӯш дорам, вале ёд надорам, ки як рӯзи деҳа бе баҳсу шикояти Исфандиёр Сафаров ва аҳли хонаводааш гузашта бошад. Бо ҳар баҳона ҳамсоя ё ҳеҷ набошад, роҳгузареро дашном медиҳад ва роҳи шикоятнависиву аризабозиро барои худ ҳамвор месозад. Муқобили ҳама гуна ободкориҳои мардуми деҳа мебарояд.

Номбурда тавассути ҳафтаномаи «Фараж» ва радиои «Имрӯз» низ нисбат ба мардуми деҳа туҳмат зада буд. Баъди муроҷиати сокинон, кормандони онҳо низ ба деҳаи Хами Себ омада, баръакси навиштаҳои ӯро дида, дар ҳайрат монданд».

Дар солҳои 2011-2015 бо роҳбарии И. Сафаров писаронаш зиёда аз 40 сар чорвои хурди сокинони деҳаро дуздида, ба воситаи домодаш, сокини шаҳри Ваҳдат Фирӯз Сафаров, шабона ба шаҳри Ваҳдат бурда фурӯхтаанд. Чанд соли охир, ки гумшавии чорвои хурду калон мардуми деҳаро ба ташвиш оварда буд, сокинон аз Исфандиёр Сафаров гумонбар буданд, вале далели мушаххас надоштанд. Моҳи августи соли 2015 Фирӯз Сафаров (домоди Исфандиёр) дар байни аҳолии деҳа иқрор шуд, ки ӯ аз хонаи падарарӯсаш тақрибан 40 сар чорвои майдаро бурда, фурӯхта, маб­лағашро ба Исфандиёр додааст. Боре Фирӯз шабона мебинад, ки писари хурдии Исфандиёр — Дилҷӯ аз хонаи ҳамсояашон — Убайд Олимов моли майдаеро бароварда, ба мошини тамғаи «Тангем» бор мекунад. Ӯ ҳамон вақт мефаҳмад, ки ҳама чорвои то ин дам аз хонаи Исфандиёр бурда фурӯхтааш дуздӣ будаанд.

Ин ҳолатро кормандони ШВКД-и ноҳияи Файзобод бо кумитаи маҳаллаи деҳа санҷида баромаданд ва далелҳо тасдиқ шуданд.

Айни ҳол писари хурдии Исфандиёр Сафаров- Дилҷӯ барои дуздӣ дар ҳабси пешакии ШВКД дар ноҳияи Файзобод қарор дорад.

- Мақсади мо бадном кардани нафаре нест. Вале чаро Исфандиёр Сафаров инро намефаҳмад ва аз бад­рафториву иғвогарӣ, туҳматзаниву тафриқаандозӣ даст намекашад? Наход дар як деҳаи калон танҳо ӯ ҳақ бошад? Чаро мақомоти дахлдор нисбат ба ӯ чораандешӣ намекунанд? — мепурсанд онҳо. Беэътиноии масъулин мо — сокинони деҳаро маҷбур кард, ки оид ба ин масъала ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Асозода мактуби шикоятӣ нависем. Дар ҷавоби онҳо омадааст: «Факту далелҳои дарҷшуда тасдиқи худро ёфтанд»…

Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия бо директори он Комилшоҳ Латипов, ки чор моҳ боз фаъолият мекардааст, ҳамсуҳбат шудем. Ӯ гуфт, ки дар бораи нозири ин ниҳод будан ё набудани Исфандиёр Сафаров маълумот надорад.

- Соли 2015 роҳбарии Марказро Аббос Зардов ба уҳда дошт, -гуфт ӯ.

Аббос Зардов бошад, иқрор шуд, ки Исфандиёр Сафаровро соли 2015 ба ҳайси нозири марказ бе додани музд ба кор қабул кардааст.

Ҳамчунин, санҷиш нишон дод, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод барои нобиноён дар назди обанбори воқеъ дар даромадгоҳи ноҳия 0,50 га замини корам ҷудо намудааст, вале онро Исфандиёр Сафаров ба манфиати шахсӣ истифода мебурдааст.

Мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Файзобод Темур Қаҳҳоров мегӯяд, ки сари ҳар чанд вақт тибқи нақша ба маъюбони ноҳия кумак расонда мешавад. Мо кумакҳои ҷудошударо ба идораи ҷамъияти нобиноён мерасонем, вале тақсимоти онро худи онҳо анҷом медиҳанд. Соли гузашта барои 30 нафар маъюби нобино аз ҷониби Корхонаи протезии кишвар асо ҷудо гардид, вале Исфандиёр Сафаров онҳоро ба нобиноён тақсим накардааст.

Дар хусуси маъюби гурӯҳи якум будан ё набудани Исфандиёр Сафаров ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардем. Муовини вазири тандурустӣ М. Камолзода ва муовини сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ Ҷобир Ғозиев ҷавоби аниқ надоданд. Ҳатто ҷавоби ба мактуби шикоятии сокинони деҳаи Хами Себ аз ҷониби ин ду ниҳодрасидаро низ пешниҳод кардем, вале онҳо хомӯширо ихтиёр карданд, чунки ниҳоди номбурда маъюбии Исфандиёр Сафаровро тасдиқ кардааст, вале дар кадом асос маълум нест.

Шояд баъди чопи ин матлаб мақомоти дахлдор ҷавоб пешниҳод намоянд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»