4 августи соли равон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Директори марказ Икромӣ Хуршеди Икром қайд намуд, ки аз марҳилаи омодагӣ ба имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ — 2017 корҳои иттилоотию тарғиботӣ дар 3 сатҳ — ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии дахлдор ба роҳ монда шуданд.
Тавассути 15 шабакаи телевизионии ватаниву хориҷӣ, 5 радио, 8 агентии иттилоотии давлативу ғайридавлатӣ, 9 рӯзномаву ҳафтанома матолиби иттилоотиву таҳлилӣ пахшу интишор гардид.
- Ҷиҳати шаффоф, дастрас ва озод доир намудани бақайдгирии довталабон дар 50 шаҳру ноҳия нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шуд. Шумораи умумии довталабони дар ду марҳила бақайдгирифта 96541 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба шумораи умумии ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷудогардида 48,2 фоиз зиёд аст, — афзуд директори марказ.
Тибқи маълумоти ӯ, аз 90829 нафар довталаби дар имтиҳонҳо иштироккарда, 69200 нафар ба озмуни тақсимот роҳ дода шудаанд. Мувофиқи маълумоти омории натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ, ки 3 августи соли 2017 эълон гардид, аз шумораи довталабони дар озмун ширкатварзида 48734 нафар муваффақ гардиданд.
Н. Ҷумъаев,
«Садои мардум»