Аз таърихи созҳо

Биёям бишнавам овози торат

№96 (3733) 12.08.2017

Тор 2Тор аз калимаи форсии тор, ришта гирифта шудааст. Ҳанӯз дуруст муайян накардаанд, ки ин асбоби нодир ва қадима дар кадом давлат ихтироъ шудааст. Тахмин меравад, ки тор дар империяи бузурги Форс арзи ҳастӣ кардааст, зеро дар яке аз минётурҳои форсии девори Қасри Ҳашт биҳишти шаҳри Исфаҳон зан — навозанда бо тор тасвир ёфтааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тор аз қадим дар Эрон маълум будааст. Айни замон тор дар ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Тоҷикистон, Арманистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркия, Эрон ва мамлакатҳои Шарқи Наздик хеле васеъ истифода мешавад.

Имрӯзҳо тор яке аз асбобҳои асосии ансамблҳои халқӣ, сарояндагони яккахон ва гурӯҳӣ дар Озарбойҷон ва Арманистон ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳанӯз дар асри XIX мутриб ва устои созҳои мусиқӣ Содиқҷон Мирзо — Содиқ Асад — оғлӣ торро такмил дод ва ба он пардаҳои дигар илова карда, ба ҳабдаҳ парда расонид. Аз ин сабаб Содиқҷонро дар Озарбойҷон «Падари тор» ном мебаранд.

Соли 1931 бо ташаббуси оҳангсози маъруфи озар Узейир Ҳоҷибеков аввалин Оркестри нотадори асбобҳои мусиқии халқӣ таъсис ёфт. Минбаъд оҳангсозони озарӣ асарҳои калон барои консерт бо тор ва консерти тор бо оркестрро эҷод карданд.

Соли 1990 дар маркаҳои почтаи ИҶШС сурати тори озарӣ нақш ёфта буд, ки ҳоло қимати баланд доранд.

Моҳи ноябри соли 2012 дар Намоишгоҳи санъати Озарбойҷон дар шаҳри Коняки Франсия тори машҳури озарии садафкорӣ ба маъраз гузошта шуд, ки таваҷҷуҳи мушоҳидон ба он ниҳоят зиёд буд.

5 декабри соли 2012 аз номи Ҷумҳурии Озарбойҷон тори озарӣ ба номгӯйи Феҳрис­ти асбобҳои мусиқии мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуд.

Ин асбоби мусиқии зебо ва хушнаво дар миёни мардуми Арманистон низ хеле паҳн гардида, маҳбубияти зиёд дорад. Расми тор ҳанӯз дар асри XIII дар минётурҳои қадимаи арманиҳо акс ёфтааст. Дар тасвирҳои минётурии арманҳо занҳо, шахсиятҳои гуногун ва ҳатто чӯпонҳо тасвир ёфтаанд, ки дар даст тор доранд. Дар Арманистон дар лавҳаи (барелефи) қабрис­тонҳои қадима ва лавҳаҳои ёдгорӣ тор акс ёфтааст. Ҳоло тори арманӣ яке аз асбобҳои маъмул ба ҳисоб рафта, дар оркестр ва ансамблҳо торнавоз чун солист ва роҳбари ансамбл баромад мекунад.

Торнавози машҳур, олими маъруф Ованес Дарбинян  ҳамчун мутриби забардаст шинохта шудааст. Чун ӯ дар Арманистон навозандаи чирадасти торро ёфтан мушкил аст. Дар Арманистон ва Озарбойҷон занҳо дар баробари мардҳо бо тор ҳунарнамоӣ мекунанд ва мухлисони зиёд доранд.

Дар Тоҷикистон ба шарофати оҳангсоз ва педагоги барҷаста Даниил Саркисович Айрапетянс як гурӯҳи торнавозон — композиторон тарбия ёфта, дар пешрафти мусиқии тоҷик саҳми калон гузоштанд.

Бояд зикр кард, ки оҳангсози филмҳои ҳунарии «Ман бо духтаре вохӯрдам» (1957), «Дӯсти ман Наврӯзов» (1957), «Чароғ дар кӯҳсор» (1958), «Оромӣ намешавад» (1963) ва «Шаби 1002» (1965) истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм» Андрей Бобоев арманӣ мебошад. Ин оҳангсози маъруф дар вилояти автономии Қарабоғи Кӯҳии РСС Озарбойҷон таваллуд шуда, ба воя расидааст. Ӯ дастпарвари Омӯзишгоҳи мусиқии Боку (класси тор) мебошад. Пас аз хатми омӯзишгоҳ, чанд муддат дар Оркестри асбобҳои халқии Радиои Озарбойҷон торнавоз буд. Андрей Бобоев аз 20-солагӣ ба эҷоди суруд­ҳои лирикӣ машғул шуда, аввалин сурудҳояшро бо тори озарӣ эҷод кардааст. Сурудҳояш «Эй чароғ» («Огонёк») ва «Дидам ҷамоле», ки барои филм­ҳои ҳунарӣ эҷод кардааст, имрӯзҳо шлягер шудаанд.

Мегӯянд, ки устод Лоҳутӣ торро хеле моҳирона навохта, ҳатто ба чанд ғазалаш оҳанг ҳам эҷод кардааст. Вақте ки хумораш мегирифтааст, аз Ғуломризо Баҳор хоҳиш мекардааст, ки бо тор оҳанг навозад. Шояд ин дубайтӣ пас аз шунидани нағмаи тор навишта шудааст:

Фидои нағмаи мумтози торат,

Ҳавои шӯхи пурэъҷози торат.

Дилам хоҳад кунам парвоз, чун боз,

Биёям бишнавам овози торат.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам тори озарӣ ё ба ибораи мӯйсафедон — тори кафказӣ хеле маълуму машҳур аст. Бештари сарояндагони маъруф — артистони халқии ИҶШС Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Ҷӯрабек Муродов, Артистони халқии ҶШС Тоҷикис­тон Зафар Нозимов, Ҷӯрабек Набиев, Карим Қосимов, Ҳофизони халқии ҶШС Тоҷикистон Моҳҷон Назардодова, Одина Ҳошимов, Дӯстмурод Алиев, Хуҷамёр Маҳмадёров, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева, Афзалшоҳ Шодиев, Хосияти Зарафшонӣ, Дилбар Сулаймонова, Меҳрӣ Ҳоҷибоева ва Парда Қосимов бо ин тор ҳунарнамоӣ карданд ё мекунанд.

Тори кафказиро ба Помир соли 1930 Ғуломҳайдар Ғуломалиев оварда, дар ансамбли асбобҳои халқӣ мавриди истифода қарор дод ва дере нагузаш­та, ин асбоби мусиқӣ дар байни санъаткорони Помир, умуман мардуми ин диёр, хеле маъмул гашт. Минбаъд Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Қурбоншо Ноёбшоев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Моҳҷон Назардодова, Ҳукуматшо Бандишоев, Раҳмат Муродҳусейнов, Муродбек Рамазонов, Хуҷамёр Маҳмадёров, Раҳимбой Чақабоев, Давлатшо Муъминшоев, Меҳралӣ Сафармамадов, Гулбек Саодатов, Қиматшоҳ Шоискандаров, Ширинбек Имомёрбеков, Исмоил Назриев, Исломиддин Доштов, Назриддин Неъматуллоев, Акобиршо Раҳматшоев бо тор оҳанг эҷод кардаанд.

Вақте ки Рассоми халқии ҶШС Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ҶШС Тоҷикистон Хушбахт Хушвахтов портрети Артисти халқии ИҶШС Ғуломҳайдар Ғуломалиевро кашиданӣ шуд, устод дар даст тори кафказиро гирифта, либосҳои миллии санъаткорони Бадахшонро ба бар кард. Дар натиҷа, расми зебое кашида шуд, ки имрӯз саҳни толори Қас­ри фарҳанги ноҳияи Рӯшонро зеб медиҳад.

Яке аз шогирдони устод Ғуломҳайдар узви Ансамбли бачагонаи этнографии Помир Аҳмадбек Қӯчқоров дар хотираҳояш — «Дарси маҳорат омӯхтем», навишта буд:

«…Устод Ғуломалиев ҳамон вақт таъкид мекард, ки саъй намоӣ, аз ту (ба ман ишора карда) мусиқор — ҳофиз, аккомпониатори хуб мебарояд. Вай ба ман гуфт, ки ту акнун таҷрибаи кофӣ ҳосил кардаӣ, вақташ расидааст, ки рубобат­ро як сӯ гузошта, ба асбоби нисбатан мураккаб — тор гузарӣ.

Ёд дорам, баъди таъкиди муаллим ман ба машқу навохтани тор шурӯъ кардам.

Боре муаллим машқи маро дида, гуфтанд:

- Шумо хушбахтед, модом ки машқи торро мехоҳед, торро пайдо мекунед. Одами ёд медодагӣ ҳам ҳаст. Аммо ман барои ёфтани тор пиёда ҳамроҳи сарҳадчӣ аз Хоруғ то Душанбе ду моҳ пиёда роҳ паймуда будам. Дар шаҳри Сталинобод ҳам онро ба осонӣ пайдо карда натавонистам. Бо кумаки як рафиқи рус соҳиби тор шудам…

Вақтҳои охир тарғибу ташвиқи тор дар ҷумҳурӣ хеле костааст. Дар мактаб­ҳои мусиқии шаҳру деҳот муаллимон барои омӯзиши навохтани ин асбоби мусиқӣ ангуштшуморанд. Бо тори кафказӣ акнун фақат ҳофизони солхӯрда  суруд мехонанду халос.

Хуб мешуд, ки Вазорати фарҳанг дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии торнавозонро гузаронанд. Ба ин васила метавон истеъдодҳои ҷавонро ёфта, минбаъд ба кори театру оркестрҳои асбобҳои халқӣ ҷалб кард.

 Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»