Хоҳиш

Моҳичаҳоро накушем!

№96 (3733) 12.08.2017

мохиҲар шом дар назди мағозаи «Гулис­тон» ва чанд ҷойи дигари пойтахт писаракону духтаракон ва гоҳе шахсони калонсол ҳам моҳичаҳои бирён мефурӯшанд. Оре, моҳӣ не, моҳича! Моҳичаҳои хеле хурд ва баъзе аз онҳо ба ҳадде хурданд, ки шубҳа мекунӣ, моҳича аст.

Ин моҳичаҳоро мехарем ва мехӯрем. Гарчанд иштиҳоовар ва хуштаъм аст, вақти хӯрдан ғайриихтиёр аз худ мепурсем: Оё убол нест хӯрдан ва шикори онҳо? Чӣ тавр ва чаро онҳоро шикор мекунанд?

Саволи охир басо муҳим аст. Зеро ягон тӯри моҳигирӣ моҳичаҳои хурдро нигоҳ намедорад ва бо шаст низ онҳоро гирифтан имконнопазир аст. Яъне, моҳигирон аввал моҳичаҳоро бо қувваи барқ ё ягон намуд доруву заҳр беҳаракат гардонида, пасон онҳоро аз болои об мечинанд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам, ба андешаи мо, чунин тарзи моҳигирӣ на танҳо убол, балки ҷиноят аст. Истифодаи чунин усулҳои бераҳмонаву беинсофона моҳиёни бисёр наҳру ҷӯйҳоро аллакай қариб ба нестӣ расонидааст.

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ, мегӯянд. Агар имрӯз мо аз моҳичахӯрӣ даст бикашем ва дар кӯчаву бозорҳо фурӯши онҳоро манъ намоем, шояд шикори онҳо камтар гардад…

Н. Ҷумъаев, «Садои мардум»