Яке аз масъалаҳои баҳсноки тибби муосир муайян намудани вояи ғизои солим аст. Зеро кайҳо собит гардидааст, ки ғизо дар баробари воситаи ҳастии инсон будан, ҳамчунин муайянкунандаи табъу завқ, дараҷаи тафаккуру маънавиёти шахс ва дунёи ботини ӯ низ мебошад. Метавонад манфиатнок ва ё баръакс, барои саломатии инсон зараровар бошад. Бесабаб нест, ки бархе аз мутахассисон зиёд шудани бемориҳои фарбеҳшавӣ, қанд, дилу раг ва фишорбаландиро ба истеъмоли нодурусти ғизо алоқаманд медонанд.
Перомуни ҳамин мавзӯъ суҳбати мо бо академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ва академики Академияи илмҳои тиб, Арбоби илму техника, барандаи ҷоизаи АИ ҶТ ба номи Е. Павловский ва директори МД Пажӯҳишгоҳи «Гастроэнтерология» Ғиёсуддини Меъроҷ (Мироҷов Ғиёсуддин Қутбуддинович), ки соли оянда ба оғози фаъолияти илмиву меҳнатиаш 50 сол пур мешавад, сурат гирифт.
- Устод, баъзе аз мутахассисон бар онанд, ки вояи солими ғизоро муайян кардан мумкин ва зарур аст. Бархе андеша доранд, ки як ғизо наметавонад барои мардум таъсири якхелаи манфӣ ё мусбат дошта бошад. Аз ин рӯ, вояи ягонаи ғизои солимро муайян намудан низ ғайриимкон аст. Мехостем дар ин бобат андешаи шуморо бифаҳмем.
- Барои зинда будани махлуқоти рӯи олам ду омил мавҷуд аст: ғизо ва ҳаракат. Бидуни онҳо мавҷуде зиста наметавонад. Олими Юнони қадим Буқрот гуфта буд: «Ғизои ман бояд доруи ман ва доруи ман бояд ғизоям бошад!»
Воқеан, мо, мутахассисони соҳа, дар боби ғизои солим ва умуман, ғизо зиёд баҳс мекунем. Зеро ғизо яке аз омилҳоест, ки ҳам ба фарбеҳшавӣ меорад, ҳам метавонад дармон гардаду аз беморӣ раҳоӣ бубахшад ва ҳамчунин, сабаби беморӣ шавад.
Лекин чӣ гуна ғизоро метавон ғизои солим номид? То ҳол дар ин бобат мо, олимони соҳа, назари ягона надорем. Зеро таъсири ғизо дар ҳолатҳои мухталиф метавонад гуногун бошад. Масалан, ин ё он ғизо барои шахсе манфиат орад ва солим маҳсуб ёбад, ба шахси дигар метавонад зарар расонад ва ғизои носолим дониста шавад.
Бархе аз онҳое, ки фарбеҳ шудан намехоҳанд, барои пешгирии ин ҳолат аз истеъмоли баъзе маҳсулот худдорӣ мекунанд, масалан, аз шириниҳо ва нон. Лекин ин маҳсулот манбаи ангиштобҳо мебошанд. Ангиштобҳое, ки зуд ҷабидашаванда ва зудҳазманд. Бар замми ин, ангиштобҳо тез месӯзанд. Яъне ба зудӣ ба энергия табдил меёбанду ба инсон муддате неру мебахшанд, ки кореро анҷом диҳад. Дар ин маврид ангиштобҳо на танҳо безараранд, балки зарур низ ҳастанд. Вале дар ҳолатҳое, ки мо ангиштобҳоро зиёд истеъмол намоем ва ҳаракати мо камтар бошаду он насӯзад, он ба чарб табдил меёбад, ки воқеан зарар аст. Чарбро сӯзонидан кори осон нест. Мақоле ҳаст ки мегӯянд: «Чарбҳо дар алангаи ангиштобҳо месӯзанд». Агар мо ангиштобҳоро камтар истеъмол кунем, чарбҳоро сӯзонида метавонем. Пас, хулоса ин аст, ки аз истеъмоли ангиштобҳо худдорӣ кардан лозим нест, танҳо онро камтар истеъмол бояд кард.
- Истеъмоли ангиштобҳои дерҳазм чӣ оқибат дошта метавонад?
- Ангиштобҳои дерҳазм ба қанд табдил меёбанд. Ҳарчанд ки ангиштобҳои зудҳазм низ манбаи қанд мебошанд. Вале ангиштобҳои дерҳазм (биринҷ, картошка) дар рӯдаҳо ҳал мешаванд. Вақте ки картошка ва биринҷ истеъмол кардед, пас, бидонед, ки шумо қандатонро зиёд кардед. Бинобар ин, ба гирифторони баъзе бемориҳо картошка ва биринҷро зиёд додан мумкин нест. Ҳамчунин, агар фарбеҳ шудан нахоҳед, даст кашидан аз истеъмоли ин маҳсулот беҳтар аст.
- Ба ҳар ҳол, чӣ гуна ғизоро солимтар номидан мумкин аст?
- Аслан, ҳамаи маҳсулоте, ки рӯи дастурхон мегузорему истеъмол менамоем, ғизо аст. Ғизоҳо барои як вазифа — зинда доштани мо, қувват бахшидан заруранд. Солимии ғизо бошад, дар безарар будани он аст. Ғизо ҳамон вақт безарар аст, ки кам бошад. Ғизои кам зарар расонида наметавонад.
- Шояд яке аз саволҳое, ки ҳар рӯз ба шумо медиҳанд, чунин бошад: «Чӣ тавр лоғар шудан мумкин аст?»
- Ба онҳое, ки ин саволро медиҳанд, ман як ҷавоб дорам: Даҳонатонро бандед, мисли моҳи рамазон камтар хӯрок истеъмол кунед. Бархе мегӯянд, ки парҳез кунанд ҳам, хароб шуда наметавонанд. Ин сухан дуруст нест. Ин ашхос кам хӯрда наметавонанд. Бо ғизои кам қаноат намудан осон нест. Кам ва тез хӯрок хӯрдан гарави саломатист.
Мағзи сари инсон ҳамаи хоҳиш ва талаботи бадани инсонро назорат ва идора мекунад. Агар шахс воқеан лоғар шудан хоҳад, бояд дар ҳолати то ним пур шудани меъда аз сари дастурхон бихезад. Албатта, дар аввал эҳсоси гуруснагӣ вуҷуд хоҳад дошт. Аммо пас аз 20-30 дақиқа меъда худ ба мағзи сар хабар мефиристад, ки «ман серам» ва эҳсоси гуруснагӣ худ аз худ рафъ мегардад. Одамоне ҳастанд, ки меъдаашон ҳанӯз дар сари дастурхон аз пур шудани худ ба мағзи сар хабар мефиристад…
- Яке аз масъалаҳое, ки шумо борҳо худдорӣ карданро аз он таъкид намудаед, зиёд истеъмол намудани нон аст .
- Мо дар ҳақиқат нонро хеле зиёд истеъмол менамоем. «Нон нахӯрем, чӣ мехӯрем?» — мегӯянд. Ин сухан аз танбалист. Моро ғизои гуногун тайёр намудан хуш намеояд. Вагарна дар Тоҷикистони биҳиштосои офтобии мо он қадар маҳсулоте мавҷуд аст, ки агар онҳоро истеъмол намоем, ба нон қариб эҳтиёҷ намемонад. Лӯбиё, нахӯд, мош, наск ҷойи нонро иваз карда метавонанд. Чанд муддат аст, ки кӯшиш дорам, нонро камтар истеъмол намоям. Зеро зарари нони сафеде, ки истеъмол мекунем, аз манфиаташ бештар аст. Агар аз ман пурсанд, ки чӣ гуна нон пазем, мегӯям: ордро аз ғалбер нагузаронед ва нонро бо сабӯс пазед, болаззат ва манфиатовар мешавад. Зеро сабӯс аз ҷумлаи маҳсулотест, ки барои инсон басо зарур аст. Сабӯс ҳам ғизост, ҳам доруву дармон, метавонад микробҳои рӯдаи ғафсро ба кор дарорад. Дар таркиби сабӯс элементи зиёд мавҷуд аст, ки ба воситаи онҳо микробҳо ҷудо шуда, ба бадан манфиат меоранд.
Маҳсулоти дигаре, ки бисёриҳо сабаби фарбеҳшавиашон дониста, аз истеъмоли он меҳаросанд, гӯшт аст. Аммо бе гӯшт зиндагӣ кардан мумкин нест. Зеро дар таркиби гӯшт элементҳое ҳастанд, ки дар маҳсулоти дигар вуҷуд надоранд. Ман аминокислотаҳоро дар назар дорам. Бидуни аминокислотаҳо вуҷуд солим буда наметавонад, мағзи сар кор намекунад, дилу рагҳо иллат пайдо менамоянду заиф мегарданд. Вале истеъмоли гӯшт низ бояд меъёр дошта бошад. Дар мамлакатҳои тараққикарда меъёри яксолаи истеъмоли гӯшт то ба 40-45 кг мерасад. Дар Тоҷикистон истеъмоли гӯшт ба ҳар сар аҳолӣ 30-35 кг рост меояд. Албатта, ин камтар аст.
Гӯшти фоиданоктарин, ки тамоми микро ва макроэлемент дар он мавҷуд аст, гӯшти гови миёнасол мебошад, на гӯшти гӯсола ё моли пир. Бо вуҷуди ин, баъзан гӯштро бо маҳсулоти дигар иваз кардан зарур аст.
Қисме аз одамон аз истеъмоли чарбу меҳаросанд, ки бе он ҳам зиндагӣ кардан мумкин нест. Бисёр витаминҳо танҳо ба воситаи чарб ҷабида ва ҳазм мешаванд.
Хуллас, бояд бигӯем, ки дар таркиби ғизо бояд ҳам ангиштобҳо бошанд, ҳам аминокислотаҳо ва ҳам чарб. Ғизое, ки инсон истеъмол мекунад, барои ҳастии ӯ масолеҳи сохтмонӣ ва ҳамчунин, манбаи энергияи корист. Агар ғизоро дуруст истеъмол намоем ва дар баробари он, ба андозаи зарурӣ кор ва ҳаракат дошта бошем, он гоҳ на лоғар мешавем ва на фарбеҳ. Маҳз ҳамин тарзи ҳаётро тарзи ҳаёти солим ном мебаранд. Вале вояи ғизои солим барои ҳар кас алоҳида, бо дарназардошти вазъи саломатӣ бояд муайян карда шавад.
Н. Ҷумъаев,
«Садои мардум»