Гази Тоҷикистон ба Хитой ҳам мерасад

№25-26 (3010-3011) 01.03.2013

Ширкати фаронсавии «Total SA» тасмим гирифтааст, ки ба истихроҷи газ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шуда, минбаъд онро ба Ҷумҳурии Халқии Хитой содирот намояд.

Бино ба маълумоти сомонаи Bloomberg.com, моҳи декабри соли гузашта ширкати фавқуззикр бо Корпоратсияи миллии нафти Ҷумҳурии Халқии Хитой (CNPC) ва ширкати «Tethys Petroleum Lemited» корхонаи муштарак таъсис доданд, ки дар кони нафтугаздори «Бохтар» ба корҳои пармакунӣ машғул хоҳад шуд. Захираи гази табиӣ дар кони мазкур, тибқи хисобҳои пешакӣ, тақрибан 114 триллион фут мукааб арзёбӣ мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи зикршуда, татбиқи муваффақонаи лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати «Total SA» имконоти Федератсияи Россияро оид ба интиқоли газ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой то андозае заиф месозад. Таъкид мешавад, ки муддати даҳ сол аст, ки ҶСК «Газпром» оид ба таҳвили газ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой ба мувофиқа расида наметавонад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли гузашта масъулини ширкати байналмилалии «Tethys Petroleum Lemited» иброз дошта буданд, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои иктишофӣ-геологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои хеле зиёди нафту газ ошкор шуданд, ки ҳаҷми он дар маҷмуъ 27,5 млрд. баррели эквиваленти нафтиро ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 69 фоизашро гази табиӣ ва 31фоизи боқимондаро нафту конденсати газӣ ташкил медиҳад.

Барои он ки хонандагони азиз миқдори ин захираҳоро бояду шояд дарк намоянд,бамаврид аст онро бо ҳаҷми захираҳои кишварҳои пешсафи истихроҷи нафту газ дар ҷаҳон муқоиса намоем.Тибқи арзёбии ширкати «Tethys Petroleum Lemited», айни замон захираҳои нафти кишвари Қувайт — 101,5 млрд., Федератсияи Русия – 77,4 млрд., Либия – 46,4 млрд. ва Қатар – 25,9 млрд. баррелро ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар оғози соли 2013 вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони ширкатҳои CNPC-и Ҷумҳурии Халқии Хитой, «Total SA»- и Ҷумҳурии Франсия ва масъулини ширкати байналмилалии «Tethys Petroleum Lemited» мулоқот анҷом дода буд.

Он замон котиботи матбуоти ин вазорат иттилоъ дода буд, ки зимни мулоқоти мазкур роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи нафту газ аз мавзуъҳои меҳварӣ маҳсуб ёфта,дар навбати худ масъулини ширкатҳои номбаршуда ҳавасмандии худро бобати иштирокашон дар татбиқи лоиҳаҳои бахшҳои энергетика ва нафту газ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта буданд.

Ҳамчунин ба наздикӣ зимни мулоқоти масъулини ширкати «Total SA» бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки дар шаҳри Париж доир гардида буд, ҳусни таваҷчуҳ ба масъалаҳои зикргардида бори дигар зоҳир шуд. Аз ин бармеояд, ки иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ба бахшҳои гуногуни кишвар натиҷаҳои назаррас бор меоварад. Тасмими ширкати «Total SА» иқдоми саҳлу сода набуда, марҳилаи нави ҷалби сармояи хориҷиро ба кишвар оғоз бахшида, ҳамзамон аз дурнамои неки соҳа гувоҳӣ медиҳад. Татбиқи лоиҳа замина фароҳам меорад, ки мақому манзалат ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи нафту газ боз ҳам боло равад.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»