Дар шумораи №47 (3684)-и рӯзнома аз 2 майи соли равон таҳти унвони «Пеши роҳи қонуншиканиро кӣ мегирад?» мақолае ба чоп расид, ки дар он сухан дар бораи қиморбозӣ тавассути гардонидани каъб (шарик) дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд мерафт. Камина бе назорат мондани ин бозии ғайриқонуниро зери тозиёнаи танқид гирифта будам, зеро аз ин бозӣ даҳҳо одам хонасалот (банкрот) шудаанд.
Баъди нашри мақола қиморбозон андаке «танаффус» намуданд. Ҳатто дар чанд ҷойи мавзеи «Панҷшанбе» қиморбозӣ аз байн рафт. Аммо вақтҳои охир ба мушоҳида мерасад, ки назоратчиён аз уҳдаи бартараф кардани як нуқтаи бозӣ дар назди ошхонаи «Лағмон» набаромада истодаанд. Масалан, қиморбозӣ тавассути гардонидани каъб 31-уми июл тамоми рӯз идома ёфт. Рӯзи дигар, баъди нисфирӯзӣ, дубора авҷ гирифт.
Маълум мешавад, ки ба қиморбозони ин нуқта «зӯр»-и кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳам нарасида истодааст. Шояд онҳо «пушту паноҳ»-и зӯр дошта бошанд? Акнун вақти он расидааст, ки масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ дар пайи ислоҳи ин нуқсон шавад?!
М. Маҳмудов,
сокини шаҳри Хуҷанд