Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон

№98 (3735) 17.08.2017

36466581671_6f442c40ea_o16-уми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба вилояти Хатлон сафар намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият, фаъолон ва сокинони шарафманду меҳнатдӯсти вилоят бо самимияти хос ва рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд.

Дар ноҳияи Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти аҳли заҳмати кооперативи тиҷоратии «Сомон» шинос шуданд.

Кооперативи тиҷоратии «Сомон», ки дар деҳоти «Заргар» 51,2 гектар замин дорад, ба боғдорӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул аст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз майдони умумии хоҷагӣ 4,7 гектарашро боғ, 2 гектарашро лимӯ, 30 гектарашро пахта ва 15 гектари дигарашро юнучқа ташкил медиҳад.

Парвариши лимӯ дар 10 гармхона ба роҳ монда шудааст, ки дар ҳар кадоми он вобаста ба ғунҷоиш аз 110 то 200 ниҳоли лимӯ парвариш меёбад.

Соли гузашта деҳқонон беш аз 42 тонна ҳосили лимӯ ба даст овардаанд. Имсол бо дарназардошти он ки шумораи гармхонаҳо 2 адад зиёд ва майдони умумии ниҳоли дарахтони ситрусӣ ба 2 гектар расонида шудааст, ҳосили интизории хоҷагидорон беш аз 50 тонна лимӯро ташкил медиҳад.

Соли равон, дар маҷмӯъ майдони гармхонаҳои лимӯпарварӣ дар ноҳияи Бохтар ба 60 гектар расонида шудааст, ки 20 гектараш ҳосилдеҳ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти зиёд будани талабот ба ин навъи маҳсулот омӯзиш ва ба таври васеъ ҷорӣ кардани таҷрибаи пешқадамро барои гирифтани ҳосили баланду дилхоҳ дар дигар хоҷагиҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

Аҳли заҳмати кооперативи тиҷоратии «Сомон» имсол дар майдони 30 гектар чигити навъи «Хатлон 2014» кишт намудаанд ва ҳосили интизории онҳо аз ҳар гектар то 45 сентнериро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, соли равон дар ноҳияи Бохтар дар майдони 11481 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст.

Ҳоло чорвои шохдор дар кооперативи тиҷоратии «Сомон» 150 сарро ташкил медиҳад ва ҷамъоварии хошок аз ҳисоби юнучқаи худи хоҷагӣ сурат мегирад.

Хоҷагиҳои хурди «Акбари Тоҷиддин», «Ҳалими Қаландар» ва «Хусрав 96» дар назди кооперативи тиҷоратии «Сомон» фаъолият доранд.

Соли равон дар ноҳияи Бохтар дар майдони 17 594 гектар кишти зироатҳои гуногун гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 8 гектар зиёд мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулин, олимони соҳа ва хоҷагидоронро дар ин ва дигар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои гирифтани то 3 ҳосил аз як замин ва истифодаи мақсадноки он ҳидоят намуданд.

Дар деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ иштирок карданд.

Сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар асоси вазифагузориҳои пайвастаи роҳбарияти олии Тоҷикистон бунёд гардидааст ва ҳаҷми ғунҷоиши он 2000 тонна мебошад.

Мақсад аз бунёди иншооти мазкур, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Назарбек Шарифов тавассути сармоягузории хориҷӣ сохта шудааст, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон таъмин намудани аҳолӣ бо меваю сабзавоти тару тоза мебошад.

Арзиши лоиҳавии сардхона 2,5 миллион сомонӣ мебошад ва он дар як сол бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ин иқдоми соҳибкорро намунавӣ хонда, бобати бештар кардани теъдоди сардхонаҳо дар ноҳияи Бохтар ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон масъулонро вазифадор карданд. Зеро вилояти Хатлон минтақаи асосии аграрии Тоҷикистон ба шумор меравад ва таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо аксар номгӯйи маҳсулот аз ҳамин минтақа вобаста аст.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Заргар» намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони ноҳияро аз назар гузарониданд. Зикр гардид, ки айни замон дар ноҳияи Бохтар 1917 хоҷагӣ — 1861 хоҷагии деҳқонӣ, 4 хоҷагии ёрирасони тухмипарварӣ, 6 ширкати аграрӣ, 4 хоҷагии давлатӣ, 37 хоҷагии ҷамъиятӣ ва 5 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд фаъолият менамоянд.

Маҳсулоти ба намоиш гузошташуда гувоҳ буданд, ки хоҷагидорону барзгарон дар пайгирӣ аз дастуру супоришҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумат ба нишондодҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳангоми боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ноҳияи Бохтарро аз зумраи минтақаҳои фаъол дар самти таъмини амнияти ғизоӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ арзёбӣ карда, фаъолияти босамари деҳқонони кордон ва сокинони меҳнатқарини онро, ки дар истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин, пешқадам мебошанд, намунаи ибрат донистанд.

Як гӯшаи дигари намоишгоҳро дастовардҳои саноатчиёни ноҳия оро медод. Бояд зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи саноат ҳам дар ноҳияи Бохтар рушд пайдо кардааст. Вобаста ба он ки соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия хеле тараққикарда аст, фаъолияти аксар корхонаҳои саноатӣ ҳам ба коркарди маҳсулоти ҳамин соҳа нигаронида шудааст, яъне ­стратегияи давлатии табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари саноативу аграрӣ тадриҷан амалӣ мешавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, маҷмӯан дар шаш моҳи сипаришудаи соли равон дар ноҳия дар ҳаҷми беш аз 53 миллиону 863 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Ҳамин тариқ, дар намоишгоҳ маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкатҳои ҶДММ «Бохтар – Инвест – Коттон», ҶДММ «Коттон-Ансор», ҶДММ «Ресандаи Хатлон», ҶДММ «Муъмин-Коттон» ҶСШП «Мину – Фарм» ва ғайра ба тамошо гузошта шуд.

Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти босамари корхонаҳои саноатиро воситаи муҳими таъмини мардум бо ҷойи кори доимӣ номида, саноатчиёни ноҳияро даъват намуданд, ки сифати маҳсулотро боз ҳам беҳтар ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мутобиқ гардонанд. Зеро маҳз сифати баланд ва намои зебои маҳсулот кафолати асосии таъмини фаъолияти бонизоми ҳар як корхонаи саноатӣ мебошад.

36466330031_92ef63b747_oДар ноҳияи Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Комсомоли деҳоти «Заргар» дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ширкат варзиданд.

Хонандагони ин муассисаи таълимӣ бо нишони арҷгузорӣ ба ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи он бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Хабар дода шуд, ки муассисаи таълимӣ тибқи нақшаи тарҳрезигардида барои 660 ҷойи нишаст бо дарназардошти 27 синфхона, аз ҷумла ҳафт кабинети фаннӣ, кабинети инкишофи кӯдак, дафтарҳои кории директор ва муаллимон, қабулгоҳ, муҳосибот, дафтари кории ҳамшираи шафқат, се кабинет барои омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ, синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои иловагӣ, толори варзишӣ бо 183 ҷойи нишаст, корти теннис, толори маҷлисгоҳ бо 204 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар, китобхона бо 32 ҷойи нишаст бунёд ёфтааст. Аснои шиносоӣ Сарвари давлат бо хонандагону омӯзгорон суҳбати гарму самимӣ доир намуда, муҳассилинро ба омӯзиши илмҳои замонавӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамшуда ҳидоят карданд.

Фармоишгари лоиҳа Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» буда, корҳои лоиҳакашӣ, сохтмониву васлгарӣ ва таъмин намудани мебелу таҷҳизоти мактабиро ширкатҳои ватании ҶДММ «Панасия ЛТД», ҶДММ «Сари Хосор», ҶДММ «Нузам» ва ҶДММ «Арт Медиа» ба анҷом расониданд. Маблағгузории лоиҳа аз ҳисоби Фонди саудии рушд сурат гирифтааст.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 аз чор қисмат иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини он 2,33 гектарро дар бар мегирад.

Маблағи умумии корҳои сохтмониву васлгарӣ бо дарназардошти фондҳои асосӣ, аз ҷумла сохтмон ва муҷаҳҳазгардонӣ бо мебелу таҷҳизот қариб 16 миллион сомониро ташкил додааст.

Буғхонаи муассиса, ки бо дарназардошти технологияи ҳозиразамон сохта шудааст, дар фасли зимистон имкон дорад ҳуҷраҳои биноро тавассути ангишт гарм нигоҳ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо корҳои ­сохтмонӣ ва анҷом додани суҳбат бо хонандагону муаллимон дар саҳни муассисаи таълимӣ суханронӣ ва ба масоили беҳдошти сифати таълиму тадрис, тарбияи наслҳои имрӯза дар рӯҳияи илмомӯзиву ватандӯстӣ, ҳифзу арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва дигар масъалаҳои дархӯри рӯз таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастовардҳои онҳо шинос гардиданд.

Сарвари давлат дар деҳоти ба номи Рӯдакии ноҳияи Вахш нахуст ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Маҷид» ошно шуданд. Тавре маълум гардид, самти асосии фаъолияти хоҷагии мазкур ба ангурпарварӣ равона шудааст. Масоҳати умумии ангурбоғи хоҷагӣ 1,2 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он навъҳои гуногун, аз ҷумла ҳусайнӣ ва ҳафизӣ (ғалаба) парвариш карда мешаванд.

Соли гузашта ангурпарварони хоҷагӣ зиёда аз 17 тонна маҳсулоти хушсифат ба даст оварданд. Имсол ­нашъунамои токзор хуб аст ва меҳнаткашони  хоҷагӣ ният доранд, ки то 25 тонна ҳосил гиранд.

Пешвои миллат зимни мулоқот бо хоҷагидорон иброз намуданд, ки дар Тоҷикистон навъҳои зиёди ангур мерӯянд ва ҳар навъи он лаззати ба худ хос дорад. Иқлим ва обу ҳавои кишвар барои парвариши навъҳои гуногуни ангур хеле мусоид аст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Вахш, ки иқлимаш  барои ангурпарварӣ мусоиду мувофиқ аст, майдони токзор бояд васеъ ва ҳаҷми содироти ин мева ба хориҷи кишвар зиёдтар гардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, инчунин бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Шукрона-2013» шинос шуданд. Он 0,45 га замини обӣ дар ихтиёр дорад, ки ҳар қитъаи он оқилонаю самаранок истифода мегардад. Аз ҷумла, дар мавсими имсола хоҷагидорон тавонистанд, ки ба миқдори 45 сентнер ҳосили гандум рӯёнанд. Дар кишти такрорӣ мош ва барои хӯроки чорво бедаву ҷуворимакка коштанд. Бо мақсади аз як замин гирифтани ду ва зиёда ҳосил, дар ноҳияи Вахш, дар маҷмӯъ, дар 7667 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Пешвои миллат аз фаъолияти хоҷагидорон изҳори қаноатмандӣ карда, иброз намуданд, ки меҳнати зарбдор самараи нек хоҳад дод ва марди деҳқон ба воситаи меҳнату заҳмати софдилона на танҳо зиндагии худро беҳтар мекунад, балки дастурхони сокинони ҷумҳуриро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин ­месозад.

Сарвари давлат дар деҳоти ба номи Рӯдакӣ, инчунин намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии халқро тамошо карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳия соли 2016 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро ба 193,6 миллион сомонӣ расониданд, ки ин нисбат ба соли 2015-ум 11,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Онҳо соли 2017 дар майдони 15 ҳазору 485 гектар кишти маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида, нақшаи дурнаморо 100 фоиз иҷро намуданд. Майдони кишти зироати асосӣ-пахта  9 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад. Ҳоло дар доираи амалишавии барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии бахши хусусӣ, дар ноҳияи Вахш зиёда аз 20 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад. Кооперативи тиҷоратии «Нуфузи Вахш» ва ҶДММ «Насими кӯҳсор» аз ҷумлаи он коргоҳҳое мебошанд, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолиятро ба роҳ мондаанд. Онҳо ба миқдори зарурӣ аз шир ва меваю сабзавот маҳсулот истеҳсол мекунанд. Намунаи маҳсулоти корхонаҳои мазкур дар намоишгоҳ ҷойгоҳи махсус доштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли 2017 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама бахш, аз ҷумла растанипарварӣ, ­сабзавоткорӣ, полезӣ ва мева мувофиқи нақшаи дурнамо иҷро гардидааст. Пешравиҳо дар самти чорводорӣ низ назаррас мебошанд. Ҳоло дар ноҳия саршумори ҳайвони калони шохдор 2800 сарро ташкил медиҳад. Шумораи моли майда ба 61 ҳазору 300 сар расидааст.

Сарвари давлат ба фаъолияти хоҷагидорони ноҳия баҳои баланд дода, ба онҳо дар бобати боз ҳам самаранок истифода намудани ҳар қитъа замин, таъсиси боғҳои нав, васеъ намудани майдони кишти пахта ва дигар зироат, инчунин зиёд кардани ҳаҷми  маҳсулоти содиротӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Кишоварзони ноҳияи Вахш аз ташрифи Пешвои миллат илҳоми тоза гирифта, қавл доданд, ки минбаъд ҳам дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон ва афзун намудани қудрати содиротии он саҳми бештар хоҳанд гузошт.

Дар деҳоти «20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маркази табобатии тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ санги асос гузошта, бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти судманд доир ­карданд.

Маркази табобатӣ бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири солимии ҷомеа, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии хуби тиббӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, раиси хоҷагии деҳқонии тухмипарварию зотпарварии «Кӯлоб» Қурбоналӣ Юсупов дар як сол бунёд мегардад.

Ин соҳибкори ватандӯст гуфт, ки дар маркази табобатии нав хизматрасонӣ ба таври ройгон ба роҳ монда мешавад.

Бинои маркази табобатӣ чорошёна хоҳад буд ва дар сурати пурра ба истифода додан беш аз 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Дар ошёнаҳои аз якум то чорум беш аз 25 синфхонаи таълимӣ, 15 ҳуҷраи корӣ, наздик ба 70 кати хоб барои беморон, хобгоҳ ва толори маҷлис сохта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳам роҳбарияти хоҷагии деҳқонии тухмипарварию зотпарварии «Кӯлоб»-и ноҳияи Вахш чанд иншооти муҳими таълимӣ, хизматрасонию маиширо ба истифода дода буданд.

Президенти мамлакат барои ташаббусҳои созандаву ватандӯстона ба соҳибкорон изҳори сипос карда, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.

Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолон мулоқот карда, фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи ноҳияро дар 25 соли соҳибистиқлолӣ натиҷагирӣ намуданд.

Сарвари давлат бо итминон таъкид доштанд, ки мардуми меҳнатқарини ноҳия минбаъд низ аҳлона заҳмат кашида, 26 — солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

www.president.tj