Андешаҳо перомуни ҳамоиши баъзе аз гурӯҳҳои ба ном мухолифи тоҷик дар Олмон
Дунё пур аз ҳизбу гурӯҳ ва фирқаву ҷамъиятҳоест, ки на касе аз мавҷудияташон огаҳӣ дораду на ба онҳо эътибор медиҳад ва на аз вуҷудашон кӯчактарин нафъе барои миллате ё кишваре мерасад. Аксари ин гурӯҳҳо, ки чанддаҳнафарӣ ва ҳатто чанднафариянд, танҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи баъзе доираҳо ва ёфтани сарпаноҳу ба даст овардани минбар вуҷуд доранд (бале, «вуҷуд» доранд, на «фаъолият») ва доираи давутозашон истисноан саҳнаи матбуоту шабакаҳои иҷтимоӣ ва гоҳ-гоҳе минбари баъзе созмонҳои аврупоист, на фаротар аз он. Онҳо ба хотири мазлумнамоӣ ва гуфтани сухани бедалелу ҳарфи бемасъулиятона, аксар худро мухолифи ҳукуматҳои расмию қонунӣ эълон мекунанд. Зеро онҳо табиат ва вижагии фазои расонаии олами имрӯзро омӯхтаанд ва медонанд, ки расонаҳову созмонҳои иҷтимоӣ дар Аврупо танҳо ба мухолифони ҳукуматҳо минбар медиҳанд, зеро сухани мустақиму бепарда ва ҳарфи хилофи ҷараёни маъмул ҳамеша барои расонаҳо ҷолибтар аз сухани маъмулӣ ва воқеияти иҷтимоист. Ба қавли як «бузург»-и олами журналистика: «агар саг одамро газад, ин хабар нест, як ҳодисаи маъмулист, вале агар одам сагро газад, ин аллакай сенсатсия аст». Дар хориҷа созмонҳои иҷтимоӣ ва аксари расонаҳо ғайридавлатианду аз ҳисоби андози мардум фаъолият мекунанд. Ин аст, ки бештар ба «ғайридавлатиҳо» минбар медиҳанд, то ба андозсупорандагон бигӯянд, ки мо пули шуморо дар роҳи озодии баён ва рушди демократия дар ҷаҳон сарф мекунем…
Ягон кишвари дунё аз ин гурӯҳҳо орӣ нест ва табиист, ки Тоҷикистон ҳам. То ду сол пеш «Гурӯҳи 24», Созмони «Ватандор» ва «Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон» аз зумраи ин гуна гурӯҳҳо буданд. Акнун ТЭТ ҲНИТ ҳам ба онҳо пайваст ва ба як гурӯҳи бе ҷову бе макон, бе ҳадафу бе барнома, ноошнову номуайян ва танҳо аз дур суханпартою сангандоз табдил ёфт.
Чаро чунин шуд? Ягона ҳизбе, ки дорои характери динӣ дар минтақа буду мушти парлумонӣ будан ҳам бар сина мезад (зимнан, шарафи парлумонӣ будан ба хеле аз ҳизбҳои динӣ дар ҷаҳон насиб нашудааст), чаро ба ин рӯз афтод? Чаро ҳизбе, ки анҷуманҳояшро дар боҳашаматтарин кохҳои Тоҷикистон (кохҳое, ки моликияти ҳукумати дунявии ба истилоҳи онҳо «ғайридинӣ» буданд) мегузаронду ҷараёни онҳо аз шабакаҳои телевизионии ҳамин ҳукумат пахш мешуд, акнун ҷое надорад, ки 20-25 нафарро гирди ҳам ҷамъ орад?
Чунки ҳурмат пос надошт ва қадри неъмат надонист. Неъмати озодӣ ва майдони фаъолиятеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барояш муҳайё кард, на барои тарбияи ахлоқии ҷомеа ва боло бурдани фарҳанги динии мардум, балки барои расидан ба аҳдофи нопоки сиёсӣ ва амалӣ кардани супориши хоҷагони бурунмарзӣ истифода кард ва ба ин рӯз афтод.
Ин ҷо муаммое вуҷуд надорад. Ин ваъдаи Худовандист, ки (мазмунан): Аз неъматҳое, ки бароятон арзонӣ доштаам (неъмат фақат хӯрданию нӯшиданӣ нест) истифода баред ва исрофу зиёдаравӣ накунед, қадри неъматҳоро бидонед ва ҳаққи якдигар пос доред, вагарна онҳоро аз даст хоҳед дод ва сахт зиён хоҳед кард. Ба ҳамин маънӣ шоир гуфтааст:
Шукр гӯӣ, неъматат афзун шавад,
В-ар нагӯӣ, аз кафат берун шавад.
Чун сухан аз боби шукри неъмат пеш омад, мехоҳам як чизи дигарро ҳам хотиррасон кунам, ки аз Пайғамбари ислом (с) ҳадиси саҳеҳе ривоят шудааст ба ин мазмун: «Касе, ки шукри махлуқро ба ҷо наорад, шукри Холиқро низ ба ҷо намеорад». Бале, шакке нест, ки Раззоқи азалӣ Худованди Карим аст, вале боз дар рӯи замин махлуқ, халқшудаҳое ҳастанд, ки сабаби ризқ мешаванд: барои хонавода саробони он, масалан, падар ё модар, барои ятимон сарпарастони онҳо ва барои ҷомеа – роҳбари он. Аз ин нуктаи назар, барои наҳзатиён шоиста мебуд, агар шукри Пешвои миллатро, ки пас аз як давраи саргардонӣ онҳоро ба Ватан ҷамъ оварда, фаъолияташонро расмӣ кунонду ба курсӣ нишонд, ба ҷо оварда, дар атрофи ӯ муттаҳид мешуданд ва баҳри ободии диёр камар мебастанд. Қатъан, ин боиси ободии дунё ва охираташон мешуд. Аммо чунин накарданд. Бар зидди Эмомалӣ Раҳмон, ки барҳақ сабаби ризқ, кафили амният ва ҳомию бонии озодӣ ва амнияту суботи ин марзу бум аст, табаддулот намуда, ба фикри пиёдасозии нақшаҳои басо хатарнок афтиданд.
Мардуми шарифи кишвар ёд дорад, ки ба дунболи даргириҳои соли 1992 Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун яке аз сабабгорони сар задани низои дохилӣ (ҳамроҳ бо чанд ҳизбу созмони дигар) мамнӯъ кард. Пас аз бозгашти сулҳу оромиш ба кишвар ва дар партави сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти мамлакат, он соли 1999 дубора расман ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як бори дигар ба ин ҳизб имкон ва фурсат дод, то дар ҳаёти сиёсии кишвар шарик бошаду бо шинохт ва ислоҳи иштибоҳҳои гузашта, барои мустаҳкам шудани амнияти миллӣ ва мазҳабӣ талош варзад. Мутаассифона, ҲНИТ бо суиистифода аз озодии фаъолият ва суботи кишвар мудом дар паи рахна кардани амният, суст кардани боварии мардум ба давлат ва заминасозӣ барои ғасби қудрат буд.
Дар ин миён ҳодисае ба вуқӯъ пайваст, ки парда аз чеҳраи воқеии ҳизб бардошт. 4 сентябри соли 2015 собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал Ҳалим Назаров бо ҳадафи анҷоми табаддулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимият даст ба ошӯби мусаллаҳона зад. Он тавассути неруҳои давлатии Тоҷикистон саркӯб гардид ва дар ҷараёни амалиёти махсус худи Назарову чанде аз ҳамдастонаш кушта шуданд. Тафтиши қазия нишон дод, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон супоришдиҳанда ва сармоягузори ошӯб будааст. Ба ин хотир, бо қарори Суди Олии кишвар ҳизб ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ (ТЭТ) шинохта шуда, фаъолияташ мамнӯъ гардид ва теъдоде аз масъулони баландпояи он равонаи маҳбас шуданд.
Раиси ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва теъдоде аз ҳаводоронаш он замон аллакай дар хориҷи кишвар қарор доштанд. Акнун чандест, ки бар зидди давлат ва мардуми Тоҷикистон фаъолияти таблиғотию иттилоотӣ мебаранд. Аз ҷумла, 9-уми июл дар шаҳри Дортмунди Олмон як ҳамоишмонанде гӯё бахшида ба 20-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ миёни тоҷикон баргузор намуданд. Дар он намояндагони ҲНИТ, «Гурӯҳи 24» ва «Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон» ширкат варзида, суханҳои обшустаро дар мавриди «набудани амнияту озодӣ ва ошкорбаёнӣ дар Тоҷикистон» такрор намуданд.
Нишаст ё ҳар гуна ҷамъомади неруҳои мухолиф дар ҳар ҷо аз ҷиҳати баёни ақида ва интиқоду пешниҳод як чизи табиист. Бале, табиист, агар онҳо воқеан неруҳои созандаи мухолиф бошанд. Яъне, дар доираи мантиқ танқид кунанду дар ислоҳи вазъ нақш гузоранд. Вале кадоме аз ин се ташкилоти номбурдаро метавон «неруи мухолиф» (ба маънои машҳури пазируфташуда) номид? Ҳеҷ кадомро! Онҳо гурӯҳҳои ифротӣ ва террористиеанд, ки ибораҳои «неруҳои мухолифин» ё «мухолифини сиёсӣ»-ро бар онҳо гузоштан беэҳтиромӣ ба ин ибораҳост.
Ва ҳоло бубинем, ки дар «ҳамоиш» чӣ гузашт. Тавре қаблан ишора кардем, аксар ҳамон суханҳои обшуставу такрорӣ буданд. Аммо чизи наве, ки дар ин миён садо дод, як ҳушдор ва як ваъдаи Кабирӣ буд. Роҳбари ТЭТ ҲНИТ гуфт, ки «дигар ҷойи пинҳон кардани чеҳраву ному насаб нест ва сарфи назар аз фишор ба хонаводаҳо, фаъолияти сиёсӣ дар хориҷ бояд ошкору ҳадафмандона бошад». Ӯ илова намуд, ки «тарҳи чанд лоиҳаи муштаракро бояд кашид».
Аз диди равоншиносии иҷтимоӣ ва таҳлилҳои политтехнологӣ, ки бояд эътироф кард, Кабирӣ аз ин ҳар ду огоҳӣ дорад, ин ду ҷумла (яке ҳушдор ва дигарӣ — ваъда) ба ду гурӯҳи шунаванда тааллуқ дорад:
- Ҳушдори «дигар ҷойи пинҳон кардани чеҳраву ному насаб нест…» барои аъзо, тарафдорон ва касони гирду атрофи худи Кабирӣ гуфта шуд. Тавре маълум аст, дар солҳои гузашта баъзе шаҳрвандони мо бо ҳар роҳе худро барои иқомати доимӣ ба Аврупо расониданду акнун башиддат ниёз ба гирифтани корти паноҳандагӣ ва дигар имтиёзҳо доранд. Аксари онҳо на тарафдори Кабирию ҳизбаш буданду на ӯро мешинохтанд. Аммо чун пои Кабирӣ ба Аврупо расид, истифодаи сиёсӣ намудан аз сарнавишти ин ҳамватанонро дар диёри ғурбат шурӯъ кард. Элчиёну ҷорчиёни Кабирӣ дар чор тарафи Аврупо ва Туркия ҷор заданд, ки ҳар касе аъзо ё тарафдори ҲНИТ бошад, ҳамчун мухолифи сиёсии ҳукумат ва шахси дар Ватан таҳти таъқиб қарордошта метавонад соҳиби корти паноҳандагӣ дар Аврупо шавад. Чанде аз ҳамватанон аз ночорӣ ба ин пешниҳод розӣ шуданд. Бо ин роҳ Кабирӣ ду нафъ ба даст овард: якум, ҳар мактуби ӯ барои тасдиқи гӯё дар Ватан таҳти таъқиб будан, аз 500 то 700 доллар нарх пайдо кард (ки барои Кабирии ҳамешабизнесмен даромади хубест), дуюм, бо ин роҳ теъдоди тарафдоронро якбора зиёд нишон дод, то худ низ дар Аврупо соҳиби номеву ноне шавад. Акнун, ки ба истилоҳ «хараш аз лой гузашт», барои ин бечораҳо шарт мегузорад, ки дигар бас аст аз номи ҲНИТ истифода кардану дар айни ҳол аз назари ҳукумат пинҳон мондан. Бояд худро ошкор кунед, дар саҳна бо мо бошед ва мисли мо аз Ватану хешу табор маҳрум шавед. Акнун барои ин гурӯҳи ҳамватанон чорае дигаре боқӣ намемонад: онҳо ё аз баҳри мактуби Кабирию корти паноҳандагӣ мегузаранд ва ё сар ба саҳрои торики сарнавишт зада, худро навкари Кабирӣ гуфта, аз ҳама чиз дасту дил мешӯянд ва ба киштие менишинанд, ки на қутбнамо дораду на ҳавосанҷ ва на бодбону нохудои ботаҷриба… Воқеан, чӣ интихоби сахте! Ва чӣ аламовар, ки бо орзуи зиндагии беҳтар (ва шояд бо сарфи охирин маблағ) ба Аврупо бирасию дар дуроҳаи сарнавишт бимонӣ!
- Аммо ваъдаи «тарҳи чанд проекти муштаракро бояд кашид» паёми ошкорест ба сарпарастон ва он доираҳое, ки ҳанӯз бо ҳар далеле Кабириро пуштибонӣ мекунанд. Яъне, мо намурдаем, балки пеш меравем ва барои оянда нақшаву барнома дорем. Гурӯҳҳое, монанди ТЭТ ҲНИТ, «Гурӯҳи 24» ва ғайра, ки дар Аврупо хеле зиёданд, маҷбуранд, гоҳ-гоҳе бо ин гуна изҳорот аз худ дарак диҳанд. Вагарна, сарпарастонро гум мекунанду грантҳои нав гирифта наметавонанд.
Тавре мебинем, ҳеҷ кадоме аз ин ду «гапи нав»-и Кабирӣ барои давлат ва мардуми Тоҷикистон гуфта нашуданд, зеро ӯ медонад, ки дар Ватан мухотаб ва шунаванда надорад. Дар ин ҷо мардум бо хотири ором ба зиндагии осудаву осоиштаи худ идома медиҳаду номи ҲНИТ-у Кабирӣ батадриҷ аз лавҳи хотираш дур мешавад. Мардум медонад, ки дар ин ҷо давлати муқтадир ва мустаҳкаме рӯи кор аст, ки озодӣ ва амнияти халқро таъмин мекунад ва ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорад Кабирию кабириҳо дубора онро халалдор созанд.
Дар айни ҳол, набояд нисбат ба сарнавишти ҳамватанон дар Аврупо бетафовут бошему онҳоро осонакак ба дасти Кабирӣ супорем ва ба ӯ имкон диҳем, ки аз як ҷараёни иҷтимоӣ ва комилан табиӣ — муҳоҷират ба нафъи худ истифода барад. Бояд дипломатҳо дар Аврупо бо ин ҳамватанон ва масъулони амният дар дохил бо хешу наздиконашон мунтазам суҳбат гузаронанд. Ба онҳо фаҳмонанд, ки агар аз беиттилоӣ, беэҳтиётӣ ё аз ночорӣ худро дар Аврупо тарафдори Кабирӣ гуфтаанд, боке нест. Аз раъяшон баргарданд ва роҳи худро аз роҳи Кабирию ҲНИТ ҷудо кунанд, то аз тарафи давлати Тоҷикистон ва сафоратҳо дар Аврупо ҳимоят шаванд. Ин танҳо ваъда набошад, бояд онҳо дар амал ин ҳимоятро бубинанд. Ба онҳо гуфта шавад, ки метавонанд озодона ба Тоҷикистон рафтуомад кунанд. Агар бозгаштан ҳам нахоҳанд, метавонанд бо хотири осуда дар Аврупо бимонанд ва роҳашон ба Ватан ҳамеша боз бошад. Фақат кофист, ки бо ТЭТ ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои дар Тоҷикистон мамнуъшуда ҳамкорию ҳамроҳӣ накунанд. Ин ҳамватанони азиз бояд бидонанд, ки дунё дигар шудааст. Имрӯз қадами шуми терроризм ба Аврупо ҳам расидаасту онҳо аз нооромӣ ва амалҳои террористӣ сахт бимноканд. Тавре дар стратегияи нави амниятии Аврупо дида мешавад, аз ин пас Аврупо на бо ҳизбҳои мухолиф ва дар ватани худ маҳкумшуда (чунонки дар асри ХХ мекард), балки бо давлатҳо кор мекунад. Акнун барои Аврупо авлавиятҳо тағйир ёфтаанд ва таъмини амнияту аз байн бурдани заминаҳои ноамнӣ хеле воҷибтару муҳимтар аз рушди демократия ва озодии башар дар Осиёст. Шояд як рӯзе худи ҳамон давлатҳо Кабириро бо тарафдоронаш аз қаламрав хориҷ кунанд ва ё ҳатто дастгир намуда, ба давлати Тоҷикистон супоранд. Он гоҳ сарнавишти ин ҳамватанон чӣ хоҳад шуд?
Ин ҳамаро Кабирӣ хуб мефаҳмад ва пешбинӣ ҳам кардааст. Барои ҳамин, тавре чанде пеш дар суҳбаташ бо «Ц-1» ошкоро иқрор кард, ӯ доимо як бизнесмен буд ва имрӯз ҳам дар Аврупо бизнеси худро ба роҳ монданист («Я всегда занимался бизнесом и не исключаю, что и в Европе начну свое дело»).
Дар олами тиҷорат мақоле ҳаст, ки «тоҷир ҳеҷ гоҳ зарар намебинад, зеро нонро бо нархи рӯз мехӯрад». Кабирӣ барои рӯзи мабодо аллакай тайёрӣ дидаасту бизнесаш ором-ором равнақ мегирад (дақиқан аз рӯи ҳамон сенарияи замони дар кишвар буданаш, яъне он замон ӯ гранту кумакҳои Аврупо ва ҷаҳони исломро, ки барои рушди демократия ва дастгирии бечорагон дода мешуд, ба бизнес сарф мекард). Зеро ӯ ҳамчун як сиёсатбози акнун ботаҷриба хуб медонад, ки ваъдаҳои «ояндаи беҳтар», «бозгашти шарофатмандона ба кишвар», «тағйири сохтори давлатӣ дар Тоҷикистон» ва амсоли онро, ки ба атрофиён медиҳад, ҳама ҳубоби рӯи обанду ба онҳо наметавон эътимод кард.
А. Абдуллоҳ