Ҷумъабой Сангинов – муовини якуми раиси вилояти Суғд:
Андешаи миллӣ-асоси зиндагии маънавию ахлоқии ҷомеа
Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари амалӣ намудани ҳадафҳои устувори сиёсӣ ва иқтисодии худ ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла моҳияти андешаи миллӣ, мероси маънавӣ ва миллӣ, роҳ надодан ба андешаҳои бегона ва бегонапарастӣ, ифротгаройӣ ва миллатгаройӣ эътибори хоса зоҳир менамоянд.
Дар ҳар суханронии хеш тафаккури солими миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, меҳнати софдилона ба нафъи ҷамъият ва сафарбар намудани неруҳои зеҳнию ҷисмонии ҷомеаро ба хотири татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат талқин менамоянд. Президенти мамлакат арзишҳои асосии андешаи миллиро ҳанӯз дар Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон санаи 17 марти соли 1994 муайян намуда буданд:
«Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад».
Дар ин мулоқот ҳамчунин вазифаи асосии бунёди низоми нави сиёсӣ ва фарҳанги шаҳрвандӣ чунин арзёбӣ гардид:
«Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо нигоҳ доштани хусусиятҳои хоси худ бо роҳе пеш рафтанист, ки кулли кишварҳои тараққикардаи дунё манфиаташро кайҳо дидаанд. Мундариҷаи онро пеш аз ҳама бунёд сохтани давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва комёб шудан ба ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад».
Ҳангоми вохӯрӣ бо олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон моҳи феврали соли 1996 Сарвари давлат бори нахуст дар назди олимон вазифа гузоштанд, ки мавзуъҳои таҳлили воқеъбинонаи ҳодисаҳои чанд соли охири ҳаёти ҷумҳурӣ, баррасии илмии омилҳо, сабабҳо ва заминаҳои пайдоиши ин ҳаводис, таҳлилу омӯзиши афкори ҷомеа, таъмини заминаҳои илмии пешрафти минбаъдаи ҳаёти кишвар ва ғайра дар маркази таваҷҷуҳи таърихшиносон, ҷомеашиносон, файласуфон, сиёсатшиносон ва умуман олимону донишмандон қарор дода шавад. Моҳи сентябри соли 2008 Президенти кишвар дар нутқи пурмуҳтавои худ бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон масъалаи густариши андешаи миллиро гузоштанд ва чунин таъкид карданд:
«Дар замони соҳибистиқлолӣ тамоми таҳаввулот ва пешравиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мо бояд дар заминаи андешаи миллӣ ҳамчун асоси зиндагии маънавию ахлоқии ҷомеа сурат гиранд.»
Рушди андешаи миллӣ ҳамчунин дар асарҳои пурмуҳтавои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» возеҳ ва барҷаста тасвир ёфтааст.
Ба наздикӣ Президенти мамлакат дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоатчигии мамлакат бо баробари таъкид ба таҳким ва тақвияти давлати миллӣ бамаврид зикр доштанд, ки барои давлатдории муосири мо иттиҳоди тамоми мардуми кишвар ва дар асоси он ташаккул ва инкишоф додани ҳувияти ягонаи миллӣ сарчашма ва омили муҳими пешравии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Маҳз, дар заминаи ҳамин дастурҳои Сарвари давлат имрӯз корҳои идеологӣ бояд ба зинаи сифатан нав бардошта шавад.
Мақсади асосии корҳои идеологӣ аз раҳнамойӣ намудан, таъмини суботи ҷомеа, шакл додани қаноатмандии шаҳрвандон, муайянкунии манфиатҳои табақаҳои ҷомеа, эътимод бахшидани ҷомеа ба афзалиятҳои сиёсати феълӣ, тақвияти ватандӯстӣ ва сафарбарии аҳолӣ ба фаъолияти созанда бармеояд.
Мусаллам аст, ки шароити мусоид барои ташаккули муносибати дилгармонаи мардум нисбати мақомоти давлатӣ ин ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад.
Бо вуҷуди ин, корҳои идеологӣ ҳамчун дастгоҳ ва ё механизми нотакрори иҷтимоӣ эътироф шудааст. Маҳз ба воситаи идеология ҳадафҳои инкишофи ҷомеа тарҳрезиву коркард мешавад, ваҳдат ва ҷамъшавии неруи иҷтимоии одамон рӯйи кор меояд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бидуни идеология ҳамчун дастгоҳи фишанги иҷтимоӣ фаъолияти давлат имконнопазир аст.
Корҳои мафкуравӣ ё худ идеологӣ бояд ба унсурҳои миллии ҷомеа созгор бошанд. Агар таъмини ваҳдати миллӣ ва дар заминаи он муваффақ шудан ба рушди Тоҷикистони азиз ҳадафи асосии ҷомеа дар марҳилаи имрӯза бошад, пас фаҳмонидани моҳияти ин раванд вазифаи муқаддаси идеологҳо мебошад.
Кишвари мо тамоми имкониятҳоро дорад, ки дар қатори давлатҳои мутараққию пешрафта ҷой гирад. Барои ин сиёсати иқтисодиро бо идеологияи пешрафта дастгирӣ бояд намуд.
Ҷомеаи Тоҷикистон ба ҷашни 22 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо руҳбаландии хоса, муттаҳидона омодагӣ мебинад. Дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла дар вилояти Суғд пешравиҳои назаррас ба даст омада, дар заминаи дастовардҳо соҳаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рушд меоранд, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беҳтар мегардад.
Истиқлолият барои ташаккул ва рушди идеологияи миллӣ имконияти мусоид фароҳам овард. Он андешаи миллиро бо арзишҳои нави ифтихори миллӣ, ҳофизаи таърихӣ, ваҳдат, созандагӣ, рушди маънавӣ ғанӣ гардонид, ки самарааш ташаккули фарҳанги нави гражданӣ мебошад. Дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ андешаи миллӣ як давраи томи ташаккулро паси сар намуд. Маҳз дар ҳамин давра заминаи боэътимоди рушди минбаъдаи идеологияи миллӣ гузошта шуд. Аз ин лиҳоз, ҷашни Истиқлолият ин, пеш аз ҳама, тантанаи андешаи созанда ва тарҳрезии самтҳои нави кори идеологӣ мебошад.
Дар маҷмуъ, дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои сегонаи стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, бартараф намудани бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки ҳамчун идеологияи марҳилавӣ эътироф шудаанд, дар ҷумҳурӣ кори зиёд ба анҷом мерасад.
Дар партави муваффақиятҳои истеҳсолию иҷтимоӣ, падидаҳои манфию номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, худкушӣ ва зуҳуроти барои ҷомеаи мо бегона –экстремизму терроризм низ ҷой дорад, ки дар роҳи пешрафтҳои минбаъдаи ҷомеа монеа бунёд мекунанд.
Сабабҳои рух додани ин зуҳуротро аҳли ҷомеа хуб медонад. Бо вуҷуди ин мехостам доир ба омилҳои густариши он андешаҳои худро баён намоям.
Раванди ҷаҳонишавӣ тамоми ҷузъиёти мусбию манфии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи башарӣ аст, бетаъсир намемонад. Ба ҷомеаи мо арзишҳои бегона, таълимот ва назарияҳои душманона ошкору пинҳон ворид гашта, ба шуур ва тафаккури аъзои ҷомеа таъсир мерасонанд. Хавфноктарини онҳо кӯшишҳои паст задани дастовардҳои солҳои Истиқлолият, таҳрифи воқеияти имрӯзаи кишвар аз мавқеъҳои ғаразнок, ба вуҷуд овардани ихтилофи наслҳо, динию мазҳабӣ ва миллӣ аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида буда, барои ҷомеа хатар тавлид карда метавонад. Бо ваъдаҳои бардурӯғи барқарор намудани арзишҳои исломӣ, муборизаи зидди беадолатии иҷтимоӣ онҳо симои воқеии зишти худро пинҳон намуда, ба мақсадҳои ифлосашон расиданианд.
Ҷомеа бояд ба кӯшишҳои халалдорсозӣ баҳои воқеӣ диҳад ва барои пойдории сохти давлатдорӣ, тамомияти арзӣ ва ягонагию ваҳдати ҷомеа пайгирона тадбирҳои мушаххас андешад.
Яке аз вазифаҳои муҳими идеология дар ин раванди басо мураккаб ва давраи ҳассос нигоҳ дошта тавонистани симо ва сирати хоси миллӣ ва татбиқи дастовардҳои тозаи маънавии ҷаҳонӣ, ки ба манфиати миллии мо созгоранд, маҳсуб меёбад.
Воқеан, дар фаъолияти идеологӣ баробари дастовардҳо норасойиҳо низ зиёданд ва онҳоро бо заҳмати дастҷамъон — якҷо бо аҳли ҷомеа бояд ҳар чӣ тезтар бартараф намоем.
Якум, ҳадафрас набудани корҳои оммавии фаҳмондадиҳӣ, сатҳи нокифояи интизоми иҷроия дар ҷойҳо. Дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани муносибати масъулини маҳаллӣ – раисони маҳаллаҳо, кумитаи хонаҳо (дар биноҳои серошёна) ва фаъолони маҳаллаю деҳаҳо ба ин шакли фаъолият. Аз ин кор дар канор мондани ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ.
Дуюм, тайёрии нокифояи касбии кадрҳои масъул барои бурдани чунин корҳо дар мавриди истифодаи захираи кадрӣ, хусусан аз ҳисоби занон.
Сеюм, ҷавобгӯйи талаботи замон набудани кор дар байни ҷавонон ва занон, хусусан ҷавонони номуташаккил ва занони хонашин.
Чорум, хулосабарорӣ ва натиҷабардории нодурусти қисми шаҳрвандон аз сиёсати давлат нисбат ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ. Бо сӯиистифода аз кафолати озодии виҷдон ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ даст задани баъзе ашхос. Номуайян будани мавқеи қисме аз ходимони дин нисбати чунин кӯшишҳо.
Панҷум, осебпазир будани фазои иттилоотӣ ва ба ҳафтаномаву моҳнома табдил ёфтани аксари рӯзномаҳои маҳаллӣ. Пешгирии нокифояи роҳи воридшавии ғайриқонунии нашрияҳои хориҷӣ, фита ва дискҳо бо ғояҳои барои ҷомеаи мо бегона ва ғаразнок.
Инчунин пуштибонӣ аз татбиқи нақшаи рушди захираҳои гидроэнергетикии кишвар вобаста ба даъвоҳо ва талошҳои беасос ва ҳангоматалабии баъзе кишвару гурӯҳҳо, баҳогузории холисонаи танзими ҷашну маросимҳо, таҳлили амиқу пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва ҷинояткории ноболиғон низ масъалаҳои мубрам мебошанд.
Ба роҳ мондани робитаи мустаҳкам ва доимӣ бо ҷомеа аз роҳҳои самарабахши густариши ваҳдат ва ҳамкории судманд байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Самараи ин фаъолият солим гардидани фазои сиёсӣ ва рушди ташаббуси шаҳрвандӣ аст.
Инчунин самти муҳими фаъолият ба роҳ мондани омӯзиши афкори мардум доир ба падидаҳои умдаи ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии кишвар мебошад. Бо ин мақсад таъсис додани марказҳои омӯзиши афкори ҷомеа талаби замон аст.
Дигар масъалаи муҳими ҳаёти ҷомеаи мо, ки доир ба он Президенти мамлакат дар Паёми худ таъкид карданд, ин ташаккули фарҳанги истифодаи захираҳо ё худ фарҳанги сарфакорӣ дар пиндор ва кирдори шаҳрвандон мебошад. Бояд эътироф кард, ки барои расидан ба ин ҳадаф, аз ҷумла мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва худидоракунии маҳаллӣ бояд кӯшиш кунанд.
Ба андешаи дигар, саҳм гузоштан ба таҳкими мактаби давлатдорӣ ва таъмини рушди ҷомеа, ки заминаи принсипи бунёди давлати миллии тавонманд, рушдёбанда, озодандешу адолатпарвар, муосир ва сулҳофарин мебошад, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.