Сумаш гурзи Рустам ба ёд оварад

№113 (3750) 23.09.2017

АСПАсп рамзи неруву қудрат ва зебоиву шаҳомат аст. Гузаштагони мо аспро муқаддас медонистанд ва барояш эҳтироми хосе қоил буданд. Ҳатто номи шоҳон бо исми асп сохта мешуд: Гуштасп, Луҳрасп, Арҷасп… Ва аспони зебову донову тавоно ҳамеша дар хидмати шоҳону сипоҳиён қарор доштанд.

Дили шаҳсаворон чу оина аст,

Ки саршори меҳреву бекина аст.

Ҳузураш бигардад агар бори зин,

Шавад шеди олам аз ин шармгин.

Фаромӯш созад тулӯъу ғуруб,

Наёбад раҳашро чу ҳаррӯза хуб.

Фари манзалатро ба болои зин,

Надидаст ҳаргиз касе инчунин.

 

Мисраъҳои боло ба қалами шоири шӯридадил Давлат Сафар тааллуқ дорад, ки дар китоби тозанашри ӯ «Достони асп» дарҷ шудааст. Ин китоби муҷалал бо муҳри нашриёти «Адиб» дар чопхонаи ҶДММ «Илм» ба табъ расида, ба он Шермуҳаммади Шоҳиён пешгуфтор навиштааст.

Шоир дар оғози манзума барои навиштани ин достони марғуб аз «Фараснома»-и Бедил илҳом гирифтанашро таъкид мекунад:

Чу хондам зи Бедил «Фараснома»-ро,

Ба ҳар ранг маънӣ диҳад хомаро…

Маро мурғи илҳом аз ин пар кушод,

Зи боми хаёлу зи боми ниҳод.

Дар бахши «Шаҳсавор» (сипоси асп) шоир бо маҳорати хос ин ҷонвари безабону тавоноро ба сухан меорад ва розу ниёзи ӯро барои хонанда бозгӯ месозад. Асп дӯст медорад болои зини ӯ шаҳсаворе биншинад, ки ба вай шаҳомат орад ва нури рӯяш ба ӯ зебу фар бибахшад. Ҳамин тавр, сифатҳои Шаҳсавор баршумурда мешавад: тахтзеб, чорагар, ватандор, қаҳрамон, такягоҳ… Ин ҳамон Шаҳсаворест, ки Ватанро зи офат раҳо кард, зи лутфаш ятимон шуда баҳравар, меҳраш ба пирони пур аз сӯзу оҳ такягоҳ аст, ҳар сояшинеро ба сӯи хуршед ҳидоят кардааст, биёбонро шодоб сохтааст. Ҳамоне, ки вақте сазовори тахт шуд, ба рӯи тоҷик хуршеди бахт хандид, намакдони миллат ҳам дар кафи дастони ӯст. Ин сифатҳо танҳо мансуб ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Чун асп нишонаи қудрат ва шукӯҳу шаҳомат аст дар достон низ чун рамзи иқтидори Шаҳсавор ва ҷовидонагӣ таҷассум меёбад.

Чу ӯ тахтзебе набошад дигар,

Набошад ба дарде чу ӯ чорагар.

Басо аҳли олам сано гуфтаанд,

Аз ӯ ин Ватанро пазируфтаанд.

«Чашми асп», «Рақси асп», «Ёли асп», «Думи асп», «Суми асп», «Гардани асп» «Қафаси сина ва сағрин», «Сар ва тани асп», «Шири асп», «Шиҳаи асп», «Ҳадиси асп», «Соли асп», «Сипоси асп ба Худованд» аз бахшҳои дигари ин достонанд. Шоир кӯшидааст тамоми хислат, зебоӣ, тавонмандӣ ва саканоту ҳаракоти ин ҷонварро баён созад. Масалан, чашми аспро чунин ба риштаи тасвир мекашад:

Сиёҳии чашмаш сиёҳии шаб,

Сафедии гирдаш чу субҳи тараб.

Рақси асп рақси зиндагист, арғушти қаҳрамониву шуҷоат аст. Бо нозу ишва қадам чиданаш нишонаи зебу зинаташ мебошад. Вақте мечархад рашки бодро бедор месозад. Ҳангоме аз майдони набард ғолиб берун меояд, бо чор пояш чорзарб мезанад ва чунон шиҳае аз дил кашида мечархад, ки ин ҷавлон монои рақси ҷон аст.

Кашад шиҳа аз дил, бичархад чунон,

Ки ин тарзи ҷавлон бувад рақси ҷон.

Суми аспро шоир ба гурзи Рустам ташбеҳ медиҳад, ки аз зарбаш замин ба дод меояд. Ин ҷонвар ҳушманду доност, неку бадро мешиносад, агар табъи вайро хира созанд, бо дард сумашро ба замин мекӯбад. Гоҳе реза-реза қадам во мекунаду гоҳе ҳам сарсарӣ ва ҳамчунин чарс-чарс садои пояш мисли соз ба гӯш мерасад, ки аҷаб дилнавоз аст.

Зи сумбаш кушоӣ агар розро,

Барӣ пай ту сеҳри даву тозро.

Ҳадиси асп дароз аст, агар аз авсофи ӯ сухан сар шавад, ба вай ҷонвари дигаре баробар намегардад. Дар тамоми давру замонҳо ёру ёвари одамон будааст ва мисли ӯ ҳайвони вафодоре низ кампайдост. Бинобар ин, шоир сиришти аспро аз хоки вафо медонад ва мегӯяд, ки касе ба даргоҳи худ ин ҷонварро дошт, наҳсиву қаҳтӣ ба хонадонаш роҳ намеёфт.

Дар пешгуфтори китоби «Достони асп» Шермуҳаммади Шоҳиён менависад: «Онро дар байни қавму қабоили мухталиф бо муҳаббат, фарас, тавсан, тезтаг, гомзан, зариннаъл, бодпой, заринёл, оташиннаъл меноманду дӯст медоранд. Дар ин самт кор ба дараҷае расида, ки аспон чун саворони номдори хеш бо ному лақабҳои муайян шуҳраи офоқ гардидаву то абад чунин хоҳанд монд…».

Хулоса, «Достони асп»-и Давлат Сафар туҳфаи хубест барои дӯстдорони каломи бадеъ ва мухлисони асппарвар.

ВОРИС,

«Садои мардум»