Соли 2017-Соли ҷавонон

Эътимоди пешвои миллат масъулиятро дучанд месозад

№114 (3751) 26.09.2017

DSC_8127Бо табибони ҳозиқи Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан доир ба Соли ҷавонон суҳбате оростем, ки фишурдаи онро дар зер пешкаши хонандагон менамоем.

- Чун соли 2017 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид, таваҷҷуҳи роҳбарияти беморхона таҳти сарварии сартабиб Фарҳод Обидов, ки шахси дурбину масъулиятшинос мебошанд, дар радифи ободии муассиса, беҳтар гардидани шароиту имконоти хизматрасонии тиббӣ, таҷҳизонидани шуъбаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, ба масъалаи тарбияи кадрҳо, хоса мутахассисони ҷавон, бештар гардид, — гуфт ҳамсуҳбатам.

Ӯ афзуд, ки хусусан, масъалаи таъини роҳбарони шуъбаҳо аз ҳисоби ҷавонони лоиқу кордон ҳамеша дар мадди назар қарор дорад ва мисол овард: — Дар нимсолаи аввали соли равон ба вазифаи роҳбарии шуъбаҳои эҳёи кӯдакон, қабули беморон, Маркази дилшиносии байниноҳиявӣ ҷавонони лоиқу кордон ва ташкилотчӣ Ҷовид Абдусатторов, Хуршед Ҷумъаев ва Далерҷон Аббосзода, сармутахассиси омор ва сармутахассис оид ба мудофиаи шаҳрвандӣ Шарафҷони Одилзод ва Фирдавс Рақибов таъин гардиданд. Ин ҷавонони лаёқатманд дар фосилаи кӯтоҳ корҳои зиёди ободонӣ ва ташкилиро анҷом доданд…

Муассисаи давлатии «Маркази байниноҳиявии дилшиносӣ»-и шаҳри Истаравшан дар деҳаи хушбоду ҳаво ва зебоманзари Сӯфӣ Ориф  ҷойгир шудааст.

Дар хотир дорам, ки соли 2003 собиқ шуъбаи дилшиносии Беморхонаи марказии шаҳр ба ин бинои дуқабата, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ бо мақсади сохтмони кадом як идораи хизматрасон бунёд гардида, қисман нотамом монда буд, кӯчонида шуд. Замини атрофи бино бедолу дарахт буд, ҳатто об надошт.

Коллективи меҳнатии муассиса таҳти роҳбарии мудири шуъба, яке аз табибони ҳозиқи шаҳр Шарифҷон Собитов барои ба як коргоҳи табобатии дорои тамоми шароиту имконият ва мавзеи сарсабзу хуррам табдил додани он хеле заҳмат кашид. Дар андак муҳлат овозаи муассиса ва табибони ҳозиқи он аз шаҳр берун рафт ва барои табобат аз дигар навоҳӣ низ ба ин ҷо меомадагӣ шуданд.

Дар натиҷа, 5-уми майи соли 2011 шуъбаи дилшиносии Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан ба Маркази байниноҳиявии дилшиносӣ табдил ёфт. Марказ аз 83 кати табобатӣ иборат мебошад, ки 3 кати он ба ҳуҷраи эҳёгарӣ тааллуқ дорад. Дар ин табобатгоҳ 8 табиби соҳибтахассус, 18 корманди миёнаи тиб ва 22 корманди хурди тиб ба ниёзмандон хизмат мерасонанд.

Бо муовини сардори муассиса Тӯйчибой Каримов ҳуҷраҳои беморонро аз назар гузаронида, бо имконияту шароити муҳайёгардида ошно шудем. Маълум гардид, ки на танҳо аз шаҳру навоҳии Истаравшан, Шаҳристону Деваштич ва Зафаробод, ҳатто аз шаҳри Турсунзодаву ноҳияи Қубодиён низ беморон дар ин ҷо табобат мегирифтаанд.

- Сарвари муассисаамон шогирди дирӯзаи худамон аст. Дар урфият мегӯянд: «Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро». Далерҷон аз рӯзи аввали ба кор омаданаш моро бо нақшаҳои хеш доир ба таъмиру таҷдиди ҳуҷраҳо, сохтмони ҳуҷраҳои иловагӣ, беҳдошти таъминот бо доруворӣ, дарёфти таҷҳизоти нави тиббӣ ошно кард. Чун пешниҳодҳо ба манфиати кор буданд, коллективи меҳнатӣ ӯро дастгирӣ кард. Дар натиҷа, чунонки мебинед, ҳуҷраҳои хоби беморон, табобатӣ, табибон ва даромадгоҳи беморхона таъмир гардида, бо баъзе ашёву таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуд. Далерҷон сарвари кордон аст. Мо хурсанд ҳастем, ки ҷавононро маъмурияти беморхона дастгирӣ мекунад, ба онҳо боварӣ дорад. ҷавонон ояндаи миллатанд, — мегӯяд Тӯйчибой Каримов.

- Вақте ки Фарҳод Обидов ба ман ин вазифаи мушкил ва пурмасъулиятро пешниҳод карданд, рости гап аввал дасту по хӯрдам ва аз дил гузаронидам: «Оё аз уҳдаи кор мебаромада бошам?». Фарҳод Сатторович инро зуд пай бурданд ва гуфтанд: «Шумо дар ҳамин муассиса тарбия ёфтаед, бовар дорам, ки аз уҳдаи кор мебароед». Ин гуфтаҳои роҳбар ба ман қувваи дучанд бахшиданд ва инак, 2 моҳ боз бо дастгирии ҷомеаи меҳнатӣ кор карда истодаам, -гуфт дар суҳбат сарвари Муассисаи давлатии «Маркази байниноҳиявии дилшиносӣ»-и шаҳри Истаравшан Далерҷон Аббосзода ва илова кард, ки дил асоситарин узви инсон аст, хатокориро намепазирад. Мутаассифона, аксари сокинони аз 40-сола боло, ҳоло ба бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландии шарёнӣ ва ғайра мубтало мебошанд, ки боиси нигаронист…

Ман мавзӯъро боз ба Соли ҷавонон бурдам. Далерҷон баъди сукути андаке изҳор дошт, ки мо — ҷавонон, бисёр хушбахт ҳастем, ки дар шахси Эмомалӣ Раҳмон Сарвари огоҳу ғамхор ва Пешвои дилсӯзу ободкор дорем. Пешвои миллат ҳамеша дар ҳаққи ҷавонон ғамхорӣ зоҳир мекунанд. Ҳанӯз 23 январи  соли 2015 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошта буданд, ки «Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи Ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд».

- Ин боварӣ ва эътимод ­масъулияти моро дучанд месозад ва вазифаи мост, ки ба ин боварӣ сазовор гардида, ҳар чӣ беҳтару бештар кор кунем, баҳри тандурустии халқ ва ободии Ватанамон тамоми неруро сафарбар намоем.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»