Садоқати собиқадорон ба касб онро аз фаношавӣ эмин доштааст
Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ба ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Замоне ҳунармандонро коргоҳе бо номи Иттиҳодияи истеҳсолии ҳунарҳои бадеии «Гулдаст» муттаҳид менамуд. Ин коргоҳи замоне машҳур имрӯз чӣ ҳол дорад?
Пайгирии масъала маълум намуд, ки соли 1998 коргоҳ тағйири шакл намуда, ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил шудааст.
Агар аз дур нигоҳи шахс ба биноҳои ҶСК «Гулдаст» афтад, нақшу нигори деворҳо хеле ҷолибу рангин ба назар мерасанд. Вақте ба ин бино наздик шавед, аз чангу ғубори девору тирезаҳо ба хулоса меоед, ки солҳои зиёд дасти инсон ба онҳо нарасидааст.
Тибқи иттилои собиқадори корхона Зебо Файзуллоева, ҳатто дар айёми нооромиҳо коргоҳ аз кор намондааст. Вале танҳо дар ошёнаи дуюми яке аз биноҳо кор идома дораду халос.
Вақте вориди ин ошёна гардидем, номбурда болои матое гуландозӣ мекард. Он пойандозе буд, ки баъди бозгашт пеши пойи хоҳари ба ҳаҷрафтааш – Садбарг Ҳамдамова партофтанӣ будааст.
- Касе аз ин кори ман хабар надорад. Он ҳам барои хоҳарам ва ҳам барои аҳли оила туҳфаи ғайриинтизор мешавад, — мегӯяд ҳунарманди чирадаст. — 30 сол боз ба даст сӯзан нагирифта будам. Ду сол инҷониб сӯзанӣ, кӯрпаву кӯрпача медӯзам.
Зебо Файзуллоева 50 сол қабл, пас аз хатми синфи 8, ба ин коргоҳ ба кор омадааст. Ҳамагӣ 15 сол ҳамчун коргари одӣ, пасон дар вазифаҳои роҳбарӣ кор кардааст.
- Соли 1967, вақте ман ба кор омадам, Корхона «Фабрика строчевышивальных изделий» (Фабрикаи маҳсулоти кашидадӯзии бахиядор) ном ва як ҳазору панҷсад коргар дошт, — ба ёд меорад ӯ. Даҳ сех доштем, аммо сехҳо дар Файзобод, Ҳисор, Шаҳринав пароканда буданд. Одамони навро дар корхонаи дигар — Иттиҳодияи «Дилором» ба кор қабул ва ба сехҳо тақсим мекарданд. Соли 1972 сехҳоро ба ҳамин ҷой кӯчонида, иттиҳодия ташкил намуданд. Мо 138 намуд маҳсулот истеҳсол мекардем.
Дар баробари Зебо Файзуллоева боз чор ҳунарманд аз рӯзҳои аввал дар «Гулдаст» кор мекунанд. Мегӯянд, ки шогирдони онҳо ҳоло дар Суғду Бадахшон, Данғараву Ховалинг ва ҳатто ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон корхонаҳои худро кушодаанд. Маҳсулоте, ки айни ҳол дар ҶСК «Гулдаст» истеҳсол мешавад, ба 108 намуд расидааст.
- Ин маънои онро дорад, ки «Гулдаст» фаъол аст, — ифтихор мекунад апаи Зебо. — Мо намегузорем, ки корхона пароканда шавад ё аз фаъолият бозмонад. Сифати маҳсулоти мо хеле баланд аст. Афсӯс мехӯрам, ки мардум рӯйҷойи хориҷиро, ки синтетикӣ аст ва сифати паст дорад, ба 500 сомонӣ ё аз он зиёдтар мехаранду ба маҳсулоти истеҳсоли худӣ камтаваҷҷуҳанд. Мо аз матои пахтагӣ, ки арзонтар асту фоиданок куртаҳое медӯзем, ки роҳати тан аст.
Сарвари корхона Нигина Шаропова дар орзуи он рӯзест, ки шумораи занону духтарони «Гулдаст» зиёд гардида, коргоҳ шуҳрати пешинаашро ба даст орад.
- Имрӯз аксари ҳунармандон соҳиби корхонаҳои худ ҳастанд ё дар хонаҳояшон кор мекунанд. Вале онҳое низ зиёданд, ки кор кардан мехоҳанд. Онҳо метавонанд бо шартнома дар коргоҳи мо фаъолият намоянд. Ҳастанд бонувоне, ки ҳунар омӯхтан мехоҳанд. Мо чунин бонувонро низ интизорем. Дар ҶСК «Гулдаст» таъмир оғоз ёфтааст. Пеш аз ҳама, боми корхона, ки хеле хароб гардида буд, пурра таъмир гардид. Солҳои пеш мо дар ҷашну намоишҳои давлатӣ бо маҳсулоти худ иштирок менамудем. Аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияи И.Сомонӣ моро даъват мекарданд ва ҳар гуна фармоиш медоданд. Ду соли охир на фармоиш асту на моро ба ҷашнҳо даъват мекунанд. Шояд фаромӯш кардаанд, — мегӯяд Н. Шаропова.
Дар маҷмӯъ, ҶСК «Гулдаст» ба дастгирӣ ниёз дорад. Бо вуҷуди мушкилот фаъол ва то вақте ки коргароне мисли Зебо Файзуллоева дорад, побарҷо хоҳад монд.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»