Мақолаи Сайфиддин Суннатӣ таҳти унвони «Гиёҳе, ки обро бе хароҷот софу безарар мегардонад», («Садои мардум» аз 24 августи соли 2017), мавзӯи муҳимро фаро гирифтааст. Ба илова мегӯям, ки дар баробари сифатҳои дар мақола зикршуда ин гиёҳи фоиданок нурии беҳамто низ мебошад.
Дар қитъаи таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИБФГР АИ ҶТ) (водии Ҳисор) оид ба таъсири нуриандозӣ бо истифодаи маҳлули обии эйхорния ба нашъунамои топинамбур (ноки заминӣ) солҳои 2012 — 2014 таҷрибаҳо гузаронида шуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки маҳлули обии эйхорнияро аз ҶСП «Фондарё» дастрас намудем.
Таҷрибаҳо нишон доданд, ки нуриандозӣ ба ҳамаи нишонаҳои топинамбур, алалхусус, ба ҳосилнокии умумии биомасса ва лӯндаҳои ин зироат, таъсири мусбат мерасонад. Ҳамин тавр, андохтани нуриҳои маъданӣ ва органикӣ, пеш аз кишти лӯндаҳои топинамбур дар заминҳои обӣ, таъсири мусбат дошта, боиси афзоиши ҳосилнокӣ мегардад. Махсусан, таъсири нуриҳои маъданӣ ва органикӣ дар зиёд гаштани маҳсулнокии (вазни лӯндаҳо) топинамбур хело назаррас мебошад. Тибқи таҷриба, андохтани нуриҳои маъданӣ (N50P50K25), (N70P70K25) ва эйхорния боиси 52.8; 89.2 ва 78.8 фоиз зиёд гаштани маҳсулнокӣ нисбат ба истифода набурдани нуриҳо гардид. Инчунин, дар натиҷаи андохтани нуриҳои маъданӣ ва органикӣ (N50P50K25; N70P70K25; эйхорния ва N50P50K25+эйхорния) дар вақти кишти лӯндаҳои топинамбур миқдори лӯндаҳо ва маҳсулнокӣ мутаносибан 43 фоиз, 2.0, 2.3 ва 3.7 маротиба дар муқоиса ба истифода набурдани нуриҳо зиёд шуд.
Ҳамин тариқ, дар сурати якҷоя истифода намудани нуриҳои маъданӣ ва органикӣ (N50P50K25+эйхорния) нисбат ба ҷудогона истифода гаштани ин нуриҳо нашъунамои хуби растаниҳо ва афзун гаштани ҳосилнокӣ таъмин мегардад.
Бинобар ин, парвариш ва минбаъд афзоиш додани кишти эйхорния дар кишвар талаби замон аст.
Қурбоналӣ ПАРТОЕВ,
сарходими илмии Институти
ботаника, физиология ва
генетикаи растании АИ ҶТ,
доктори илмҳои кишоварзӣ