Нақши шахсиятро дар таърих инкор кардан нашояд. Таърихи тамаддуни башар борҳо собит сохтааст, ки шахсиятҳои босаводу ватандӯст, сарсупору ҷоннисор, бонангу бофарҳанг дар пойдории давлату миллат нақши муҳим доранд. Онҳо бо дониши мукаммал, ҷасорату қатъият қудрати роҳнамоӣ ва идоракунӣ, мардумро дар зиндагӣ ба соҳили мурод расонидаанд. Роҳнамои халқ шуданро касе ҳуқуқ дорад, ки бо садоқат, самимияту адолатпешагӣ аз таҳти дил хизмати халқ намояд, ба бовариву эътимоди мардум ноил гардад, худро дар роҳи ҳастии халқ қурбон кунад.
Мегӯянд, ки агар хоҳӣ инсонро пурра кашф кунӣ, ба ӯ мансаб деҳ. Зеро маҳаки муайянкунандаи арзиши инсон мансаб аст. Мансаб масъулият дорад ва на ҳама онро бар дӯш гирифта, уҳда карда метавонад.
Гулафзо Савридинова зинаҳои зиёди мансабро гузаштааст, вале ҳеҷ гоҳ худро аз халқ дур нагирифтааст. Аз пешниҳоди ҳар як мансабу вазифаи навбатӣ бори масъулияташ афзудаасту халос. Баҳри иҷрои масъулияти ба дӯшгирифта, фидокорӣ намудааст. Мансаб ӯро не, балки ӯ мансабро зебоӣ бахшидааст, то ба мансабдорон дарси ибрат бошад.
Умре кӯшидааст, ки дасти афтодаеро бигираду сиришки аламу беадолатию бепуштупаноҳиро аз рухсорааш пок созад. Ба онҳое, ки мардумро ба худию бегона қисмат намудаву оқибат Ватанро ба коми оташу хун кашидаанд, бо куштору ғоратгарӣ ва дуздиву роҳзанӣ боиси парешониву хонавайронии миллати тоҷик гардидаанд, нафрат дорад. Ба сиришти поки ӯ таъбири «Давр, ки расид, сиёсат намо» бегона аст. Барои ҳамин ҳам то зинаҳои боло расидааст. Нони мардуму Ватану миллат ба ӯ баринҳо ҳалол аст, зеро умре дар андешаи Ватану миллат буданду ҳастанд.
Дар тамоми зинаҳои мансаб меҳнати софдилона, хоксориву масъулиятшиносӣ ва садоқат ба давлату миллатро шеваи асосии фаъолият қарор додаасту аз ҳеҷ гуна душворӣ наҳаросида, бо мушкилнописандиву ҷасорат ҳаргиз аз роҳи интихобнамудааш даст накашидааст. Манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузошта, умри бобаракати хешро сарфи хизмати Ватан намудааст.
Иҷлосияи XVI тақдирсози Шӯрои Олӣ ба бисёр соҳибдилон чун ӯ, пайроҳаи саодати миллатро боз намуд. Ба ояндаи неки кишвар аз сидқ бовар намуд. Дар баробари абармардони содиқи Исфара дар таҳкими пояҳои сутуни истиқлолият саҳм гузошт.
Солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ҳеҷ аз ёдам намеравад. Гиряи талхи модарон, нолаи ҳамсарон, ашки ятимон, таъми орди ҷаву ҷуворимакка ва пӯстлохи донак магар фаромӯш мешавад? Дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз бо шарофати тадбири ҷасуронаю азми қотеонааш ҳазорҳо хонавода аз чанголи ноумедӣ ва марги муфоҷо наҷот ёфт. Ташкили реҷаи кори шабонарӯзӣ дар осиёбҳо, тартиби тақсими маводи хӯрока дар мағозаҳо ва таъмини аҳолии маҳал бо коғазҳои одии қиматноки муҳрдор, ки пули ҳамондавраро иваз менамуд, маҳсули ақлу заковати нотакрораш буд.
Душвориҳо паси сар шуданд. Насими ҷонбахши ваҳдат абрҳои сиёҳро аз самои кишвар дур андохт. Хуршеди иқбол аз сари нав ба бахти миллати тоҷик тулӯъ кард. — Нобасомониҳо замоне афсона мегарданд, — гуфта буданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамин тавр ҳам шуд. Торикиҳои воқеии мо рӯз то рӯз, соат ба соат рӯшан мегарданд. Вале ҳамеша бояд дар фикри ислоҳи торикиҳои маънавӣ шуд, ки дигар он рӯзҳои мудҳиш такрор наёбанд. Ба торикиҳои тақлид, таассуб, нодонӣ бояд ҳатман хотима бахшид. Зиндагиномаи ӯ баринҳоро бояд шиори умри худ кард.
Дар ҳалқаи оила менишинаму бо фарзандону наберагон аз ҷоннисорию қаҳрамонии фарзандони миллат, аз ҷумла Гулафзо Савридинова, қисса мекунам. Зиҳӣ модари тоҷик, ки ба бахти мо чунин занҳои фидокор зодаӣ! Корномаи онҳо ифтихори мост. фаъолияти онҳо сармашқи кори наслҳост барои имрӯзу фардои миллат.
Аз бархе ҳаводиси зиндагиномаи ин шахсияти бароям хеле азиз бархӯрдораму дараҷаи ихлосу эҳтиромам нисбаташ афзун аст.Ӯ ҳамчун шахсияти маъруфу маҳбуб бо хислатҳои неку наҷибу воло, донишу таҷрибаи ғанӣ, заҳматкашӣ, фидокорию ободкорӣ дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст. Ӯ занест дар шумори абармардони ҷоннисор ва бонангу ори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бо хирадпешагию дурандешӣ ва дониши тадбирсозаш бо покдиливу покгуфторӣ ва покравӣ шинохта шудааст.
- Таъриху сарнавишти одамон борҳо собит сохтааст, ки инсон комёбӣ ва нокомиҳоро аз рӯзу рӯзгори гузашта сабақ гирифтааст. Аз таъриху дастовардҳо, асарҳои донишмандон истифода намуда, доираи мутолиаро васеъ намоед. Зеро маҳз огоҳӣ аз вазъи ҷаҳон ва мутолиаи оқилонаи асарҳои мутафаккирону сиёсатмадорон метавонад барои тақвияти фикриву илмию иҷтимоӣ мусоидат намояд, — мегӯяд қаҳрамони мо. Андешаҳояш аз ҳар ҷиҳат заминиву ақлонӣ асту арзиши бузурги худшиносии таърихии миллӣ дорад ва инсонро ба ҳадди комил роҳбалад аст. «Хайрхоҳ танҳо намемонад, зеро ҳамфикронаш кам нестанд», — фармудааст мутафаккири бузург Конфутсий. Воқеан ӯ соҳибмактабест, ки ҷавонони ватандӯсту масъулиятшиносу худогоҳ дар дабистонаш тарбия ёфта, ба камол расидаанд. Имрӯз онҳо андарзу ҷасорат ва таҷрибаҳои аз ӯ андӯхтаашонро барои рушду нумӯи кишвар роҳандозӣ менамоянд, то Ватан обод бошаду миллати тамаддунсози тоҷик ба саодати комил бирасад.
Ба тарҷумаи ҳолаш дида медӯзам ва ба фаъолияти кориаш ошно мешавам:
Раиси ҷамъияти матлуботи шаҳр, муовини раиси Комиҷроияи шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Исфара, котиби Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист, котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Исфара, мудири шуъбаи маданият, шуъбаи савдо ва хизматрасонии маишии КМ ПК Тоҷикистон, котиби аввали кумитаи шаҳрии ҳизб ва раиси Шӯрои депутатҳои халқ, раиси шаҳри Исфара, муовини Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Бархе ӯро духтари оташ мегӯянд. Бале ӯ шабеҳи оташ аст. Оташе, ки нур медиҳад, роҳи минбаъдро равшан менамояд, гармии хуршедӣ мебахшад, сардиҳоро меронаду гулистонҳо меофарад.
Баъди хатми мактаби миёна баҳри амалӣ намудани орзуҳои деринаи волидон қадам сӯйи донишгоҳ ниҳод. Дар ҳамин айём дили модари азизу меҳрубонаш аз задан бозмонд.
Аҷали бераҳмро парвои гиряву нола ва сӯзу гудози кӯдакони хурдсол набуд, дар як дам ин хонадони осоиштаро ба мотамсаро мубаддал сохт. Бо додару хоҳаракони хурдсолаш ҳайрон монд, аммо бо иродаи устувор пайи нигоҳубину тарбияи додару хоҳаронаш буду дар як вақт ба дарсҳо омодагӣ мегирифт.
Ба рағми қисмати номард ва санҷишҳои тақдир ҳар якеро ба по рост намуд, то алами бемодариро лаҳзае эҳсос нанамоянд. Ба гоҳи ташнагияшон чашмаю дарё шуду ба гоҳи гуруснагияшон хони эҳсон густурд.
Ҳамин тариқ, имтиҳони зиндагӣ борҳо қалби нозукашро пора сохт. Ӯро гаштаю баргашта санҷид. Андозаи ғуруру виқор ва сабуриашро ба қиёс гузошт. Вале ӯ пешорӯйи каҷдорумарезҳои қисмат худро набохт. Бо сари хаму дидагони пурнам таслим нашуд. Сар ба зонуи бечорагӣ ниҳода, навҳа накард. Боре лаб ба шиква накушод, баръакс ҳар як нобасомониҳои рӯзгор ӯро сангинтару қавитар месохт.
Мегӯянд, ки «умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст». Бо Пӯлодҷон 46 сол зиндагии гуворо доштанд, ки ҳар як рӯзи он китобу мактаб аст.
Орзуманди онам, ки Гулафзо Савридинова ҳамеша дар фарози қуллаи комёбиву обрӯ бошад ва оташдони қалби пурҳарораташ аз ишқи Ватан ҳеҷ гоҳ холӣ нагардад.
Ҳусни САБОҲ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон