Дар хуни ман ғурури ниёгон нуҳуфтааст,
Хашму ситези Рустами Дастон нуҳуфтааст.
Пиндоштӣ, ки решаи пайванди ман шикаст,
Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфтааст.
Ин мисраъҳои ормонӣ ба қалами шоири тавоно ва ҷавонмарги тоҷик Искандари Хатлонӣ тааллуқ дорад. Шоире, ки бо баёни тоза ва андешаи бикр вориди адабиёт гашту зуд машҳур шуд. Ҳузури ӯ дар ҳавзаи шеъри форсизабонон гарму самимӣ буд.
12 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шамъи хотираи ин шоири шаҳир барафрӯхта гашт ва дар он маҳфили шеъру ишқ шоирон, олимон ва дӯстдорони каломи бадеъ ширкат варзиданд. Акси Искандари Хатлонӣ бо нигоҳи меҳрбор ҳозиринро хушбошӣ мегуфт ва бо мухлисони ашъораш рози шеърашро дар миён мегузошт.
Маҳтоб дар лаби бом як коса шири гарм аст,
Овози модари ман чун бӯи шир нарм аст.
Бо ин мисраъҳои самимии Искандар шоири ширинбаён Муҳаммадалии Аҷамӣ ҷоми маҳфилро ба гардиш даровард ва ҷони ташнагони каломи бадеъро шодоб сохт. Муовини раиси ИНТ Ато Мирхоҷа диёри Хатлонро сарзамини нобиғазо хонд ва аз фарзонамардони бузурги он хиттаи ишқу ирфон Носири Хисрав, Мавлоно Ҷалолиддин ва Шоҳин ёдрас шуда, Искандари Хатлониро аз зумраи шоирони навҷӯю навпардози шеъри тоҷик муаррифӣ кард. Зикр шуд, ки Искандар аз роҳи дониш ва таҷриба ба шеър ворид гашт ва на танҳо дар сурудани шеъри арӯзӣ, балки дар эҷоди шеъри сапед аз пештозон буд.
Устод Гулрухсор вақте шамъи ёди Искандари Хатлониро барафрӯхт суханаш боҳарорат ба ҷавлон омад ва оташе дар хирмани ҷонҳо зад. Вай гуфт, имрӯз Рӯзи Ҳофиз аст. Дар чунин рӯзе иттифоқ афтодани маҳфили хотираи Искандар рамзист. Дар ибтидо шоир касби бинокориро пеша карда буд, аммо сохтмони дигареро интихоб кард, ки аз боду борон наёбад газанд. Номбурда афзуд, шеъри Искандарро дар Афғонистону Эрон мехонанду дӯст медоранд, ки аз ҷойгоҳи баланди шоирии ӯ дарак медиҳад.
Латифи Пидром, шоири донишманди Афғонистон, ки дар маҳфил ҳузур дошт, ин сухани Гулрухсорро тасдиқ кард. Ӯ изҳор дошт, ки Искандар дар Кобул тарҷумонӣ мекард ва китоби «Садои пои вожаҳо»-яш ҳамон ҷо нашр шуд ва он боиси шиносоияш бо шоир гашт. Латифи Пидром мавсуфро шоири дурахшон хонд ва гуфт алоқамандони шеъри ӯ дар байни афғонҳо фаровонанд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад аз ҳавзаи адабии Кӯлоб ёдрас шуда, таъкид кард, ки Искандари Хатлонӣ узви фаъоли маҳфилҳои адабӣ буд, ки бо роҳнамоии Ашӯр Сафар ва Ҳақназар Ғоиб баргузор мегаштанд. Вай аз ҳамон замон бо дурахши истеъдод аз дигарон фарқ мекард ва бо қадамҳои ҷиддӣ ба майдони адабиёт ворид шуд. Искандар бо парвози зебо, вале кӯтоҳ дар дили дӯстдорони шеър ҷой гирифт.
Воқеан ҳам, Искандари Хатлонӣ дар боғсори вожаҳо зист, рангу бӯю таровати вожаҳоро ҳис кард ва аз он дунёи зебо пайғоми ишқ овард. Вай дили ҳассос ва андешаи равшан дошт. Инсоне ватанпараст, истиқлолхоҳ ва миллатдӯст буд. Зиндагиашро сарфи хидмат ба Ватан ва халқи азизаш кард. Нубуғи шоириаш низ зуд фарогир гашт ва ҳатто шеъри «Ғурури ниёгон»-аш вориди китобҳои дарсии Эрон шуд.
Чу марде бе кафан мирад ғаме нест,
Маро аз беватан мурдан нигаҳ дор.
Ин байт аз шеъри «Ватандорӣ»-и шоир аст, ки онро овозхони машҳури афғон устод Маҳваш бо лаҳне ҷаззоб ва оҳанге дилрас иҷро мекард. Шеъри мазкур бо оҳанги баланди ватанхоҳӣ ҳамсадои дили одамони бешумор гаштааст. Ҳамчунин, сарояндаи машҳури дигар Аҳмад Зоҳир низ дилбохтаи сухани Искандари Хатлонӣ буду аз ашъори ӯ месуруд.
Маҳфили хотираи шоир бо ҳузури сарояндагони маъруф Ҷамшед Исмоилов Қурбоналӣ Раҳмон, Тобиш Ҳилолӣ ва бародари Искандари Хатлонӣ Ҷамшед Комронӣ боз ҳам зеботар гашт. Онҳо таронаҳои ҷолибу дилрасеро аз ашъори шоир манзури ҳозирон гардониданд.
Пешниҳод шуд, ки ҳар сол 12 октябр чун Рӯзи Искандари Хатлонӣ дар ҳавзаи ҳунариву адабии Хатлон таҷлил карда шавад. Ҳамчунин, мактаб ё китобхонаеро дар Кӯлоб ба хотири зинда нигоҳ доштани хотираи шоир ба номи ӯ бигзоранд.
Ворис,
«Садои мардум»