Омодагии Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ВМКБ ба мавсими гармо чӣ гуна аст? Доир ба ин масъала бо сардори муассиса Гулаёз Рамазонов ҳамсуҳбат шудем.
Номбурда, минҷумла гуфт, ки дар фасли зимистон мушкилоти бештар дар ағбаҳои Қизларту Куйтезак ба миён меоянд. Аз ин лиҳоз, дар Қизларт — 1350, Куйтезак — 1000, Хобурубот — 850, Харгӯшӣ — 250 ва Куруқ 200 тонна масолеҳи зиддияхбандӣ ва зиддилағжиш захира гардид. Ба ғайр аз ин, дар Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои водии Ғунд 2550 тонна ва ноҳияи Рӯшон 1900 тонна масолеҳи зиддияхбандӣ ва зиддилағжиш захира шудааст. Дар дигар муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру навоҳии вилоят низ омодагӣ ҷиддӣ аст.
Маълум гардид, ки Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят дорои 118 техникаи гуногун мебошад, ки 103-тои он омодаи кор аст. 40 дар сади техникаи роҳсозӣ нав мебошад. Ин имкон медиҳад, ки мардум дар фасли зимистон ба мушкилот камтар рӯ ба рӯ гардад. Ҷиҳати фаъолияти муназзами техникаҳо мутахассисон ба таъмир ҳанӯз тобистон оғоз намуда буданд.
Доир ба мушкилоти мавҷуда сухан ронда, Г. Рамазонов норасоии сӯзишвории дизелӣ ва бензинро алоҳида зикр кард. – Агар ин мушкил то оғози фасли зимистон ҳалли худро наёбад, бо мушкилоти бештар мувоҷеҳ шудан мумкин аст. Бо дарназардошти муҳимияти масъала, бовар дорем, ки ин мушкил рӯзҳои наздик рафъ мегардад, — афзуд номбурда.
Лутфишоҳи ДОДО