Бисту се сол муқаддам (20 июли соли 1994) Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба ислоҳоти конститутсионӣ, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи Х1Х Шӯрои Олии Тоҷикистон изҳор намуданд: «Лоиҳаи Конститутсияи навро мардум қонуни сарнавишту такдирсоз номидааст, ки ин асоси воқеӣ дорад. Конститутсияи нави Тоҷикистон бояд ҳамчун ҳуҷҷати ифодакунандаи орзую ормон ва масъулияти шаҳрвандон, конститутсияе, ки минбаъд ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият дар чорчӯбаи он сурат бигирад, барои насли имрӯзу ояндаи мо муқаддасу шариф аст».
Баъд аз се моҳи Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия ба ирода ва ҳукми халқ, яъне раъйпурсии умумӣ вогузор ва бо ҷонибдории аксарият қабул гардид. Ҳамин тариқ, вазъи номуътадил ва номуайяни ҳуқуқӣ, ки аз моҳи декабри соли 1991 то ноябри соли 1994 идома дошт, бо иродаи мардум бартараф шуд. Он чиз низ боиси зикр аст, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамин Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият даромад.
Дигаргуниҳое, ки тӯли 23 соли охир дар мамлакат сурат гирифтанд ва номбар кардани онҳо аз доираи на танҳо ин мақола, балки аз якчанд китоб ҳам берун меравад, бидуни Конститутсия ва ислоҳоти баъдинаи конститутсионӣ ба амал омаданашон ғайриимкон буд. Дар урфият мегӯянд, ки вақт довари таърих аст ва маҳз муҳлати сипаришуда нодуруст будани хулосаи баъзе таҳлилгаронро собит намуд, ки қабули Конститутсия, шакли идоракунӣ ва сохтори давлатиро ба нафъи ҳокимияти вақт ва гурӯҳи хурди иҷтимоӣ маънидод мекарданд. Вале, тавре шоҳид будем, Конститутсияи қабулшуда сари вақт вазифаи муттаҳидгардониро ба иҷро расонид. Дар марҳилаи хеле ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ ба марказе табдил ёфт, ки дар меҳвари он қувваҳои солими ҷомеа падидаи хеле нодири охири асри ХХ- фарҳанги сулҳи тоҷиконаро эҷод ва дар амал татбиқ намуданд.
Аз рӯи анъана, конститутсияҳо дар давраҳое қабул карда мешаванд, ки давлату ҷомеа аз як сатҳи инкишоф ё худ форматсияи ҷамъиятӣ ба сатҳи дигари инкишоф мегузарад. Табиист, ки чунин гузариш бе камбудӣ буда наметавонад, нороҳатӣ ва норозигии гурӯҳеро нисбат ба гурӯҳи дигар ба вуҷуд меорад. Дар чунин вазъ, аз мафкураи пурҳаяҷони ҷомеа ҳар гуна ташаннуҷ, бесарусомонӣ ва зиддияту ихтилофи шадидро интизор будан имконпазир аст. Пешгирии чунин ҳолат ба қабули Конститутсия вобастагии калон дорад, яъне он метавонад ба санади ризоят ва ваҳдати умум табдил ёбад. Конститутсияи соли 1994 маҳз ҳамин гуна санад буд.
Аҳамияти фавқулода бузурги Конститутсия дар таҳкими пояҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва идеологии давлати навистиқлоли тоҷикон тавассути тағйирнопазир эълон шудани на танҳо шакли идора, балки моҳияти ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоии давлат барҷаста аён мегардад. Сарфи назар аз он ки дар ҳудуди ИДМ Тоҷикистон дувумин шуда (баъди Федератсияи Россия) соҳиби Конститутсия гардид, он аз назари коршиносони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар радифи 5 конститутсияи беҳтарин эътироф шуд. Танҳо бо он далел, ки қабули Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ (на бо усулҳои дигар, масалан, тавассути муассисаҳои намояндагӣ — маҷлиси муассисон, Парламент ва ғайра) сурат гирифтааст, гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ҷавобгӯйи арзишҳои демократӣ будани он тасдиқ менамояд.
Воқеан, ҷавобгӯйи демократия будани ин ё он конститутсия аз мундариҷаи демократӣ доштани он бармеояд. Қабл аз ҳама, он бояд ба рушди мунтазаму устувори институтҳои демократӣ мусоидат кунад, ки интихоботи озоду шаффоф, интихобӣ будани ашхоси мансабдор, озодии афкор, дастрасӣ ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоот, ҳуқуқҳои умумии шаҳрвандӣ, мухторияти ассотсиатсияҳо (ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳо аз рӯи манфиат, ҷамъиятҳои шаҳрвандон ва ғайра) ба он шомиланд. Новобаста аз муҳлати хеле кӯтоҳи қабули Конститутсия, институтҳои демократӣ дар Тоҷикистон рушди муътадил пайдо карданд. Чунончӣ, интихоботи озоду демократӣ (интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ, раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия) сари вақт ва бо иштироки нозирони дохиливу хориҷӣ доир гашт. Озодии афкор тавассути воситаҳои ахбори омма сурат гирифта, сензура ва таъқиб барои танқид (тибқи моддаи 30) манъ гардид.
Конститутсияи Тоҷикистон беҳтарин арзишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар худ инъикос кардааст, аммо ин маънои онро надорад, ки бе инкишофи баланди шуури иҷтимоӣ конститутсия ҷомеаро дигар мекарда бошад. Сатҳи шуури иҷтимоӣ аз худшиносии иҷтимоию маънавии шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад. Маҳз ҳамин гуна сатҳи шуур ва худшиносӣ дар тинати мардуми тоҷик буд, ки хавфи таназзули давлат дар солҳои душвори 1993-1997 аз байн рафт.
Муҳимтарин заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ислоҳи вазъи иқтисодӣ, рӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ овардани Тоҷикистон, қабули Конститутсия дар марҳилаи душвору пурихтилофи солҳои аввали истиқлолият буд. Маҳз бо шарофати ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайгиронаи шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навсозии ҳама соҳа аз ислоҳоти қонунгузорӣ дар партави Конститутсия оғоз шуд. Хусусияти аз ҳама муҳим ва ҷолиби диққати Конститутсия дар он зоҳир гардидааст, ки вай ба мафкураи ягон ҳизб ё ташкилоти диниву сиёсӣ асос наёфтааст.
Баъди 23 соли амали Конститутсия метавон хулоса кард, ки маҳз бо мақсади такмили қонунияти конститутсионӣ пояҳои демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардонида шуданд. «Демократия дар ҳолате вуҷуд дошта метавонад, ки ҳокимият ба дасти қонун аст», — ин нуктаи назари Пешвои миллат аз мақоми баланди ҳуқуқӣ доштани Конститутсия дар системаи ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳад. Ҳеҷ як санади ҳуқуқии дигар наметавонад ягон меъёри хилофи Конститутсия дошта бошад, дар акси ҳол, эътибори ҳуқуқӣ нахоҳад дошт.
Баҳри ҳифзи Конститутсия мақоми махсус — Суди конститутсионӣ ташкил шудааст, ки вазифаи он муайян кардани мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ бо меъёрҳои Конститутсия мебошад.
Дар қатори ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ иҷрои меъёрҳои Конститутсия мебошад. Дар моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад». Дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ҳимояи онҳо аз ҷониби ҳокимияти судӣ ба амал бароварда мешавад.
Таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ, волоияти қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон принсипҳои асосии демократия мебошанд. Вазифаи муҳимтарин дар заминаи Конститутсия таҳияи қонунҳоест, ки ба танзими оқилонаи муносибатҳо дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт дар ин марҳила вобаста бошанд. Баҳри иҷрои ин амал пайваста аз дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода бояд кард: «Мо бояд эҳтироми ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеаро омӯзем, аз имкониятҳои он ҳар чӣ бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардад».
Амонзода Намози Шариф,
судяи Суди шаҳри Душанбе