Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа: Ҳамкорӣ дар масоили оби тоза

№128 (3765) 31.10.2017

_DSC0197Муҳимтарин омиле, ки боиси мавриди таваҷҷуҳи оламиён қарор гирифтани масъалаи оби тоза гардид, мушкилоти дастрасӣ ба захираҳои он аст. Дар маҷмӯъ, афзоиши аҳолии сайёра, рушди иқтисодии кишварҳо, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим ин мушкилро дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар гардонидааст.

Дар иртибот ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сентябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ, аз ҷумла изҳор намуданд: «вақти он расидааст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба проблемаҳои оби тоза ва масъалаҳои ба он вобаста ҷалб карда шавад».

Ин ташаббуси беназири Сарвари давлат дар доираи созмон ва ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ ­ҳамовозӣ пайдо намуд ва дар кишварҳои гуногун семинару симпозиум, ҳамоишҳои байналмилалӣ доир гаштанд, ки дар онҳо проблемаи дастрасӣ ба захираҳои оби тоза мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бо дарназардошти асосҳои илман исботгардида, Маҷмаи умумии СММ ин ташаббуси ояндасозро, ки воқеан ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, яке аз омилҳои марказии Ҳадафҳои рушди ҳазорсола донист ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро амали саривақтӣ ҳисобида, дар бораи эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» Қатънома қабул намуд. Вобаста ба ташаббусҳои минбаъдаи Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мавзӯи об марбут буданд, Маҷмаи умумии СММ, инчунин оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об-барои ҳаёт», (2005-2015), «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об», (2013) қатънома қабул намуд. Баъдан, 22 декабри соли 2016, бо ҳамовозии зиёда аз 190 давлати узв Маҷмаи умумии СММ Қатънома оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, қабул гардид, ки амалигардонии он аз ҷониби давлатҳои хурду бузург оғоз ёфтааст. Вобаста ба ин, дар нимсолаи аввали соли 2018 дар мамлакат баргузории симпозиуми байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

23sТибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ки соли 2009 дар Форуми панҷуми байналмилалии об пешниҳод гардид, истеъмоли оби тоза дар 50 соли охир се баробар зиёд шудааст. Маълумоти омории ниҳодҳои илмӣ — тадқиқотии ҷаҳонӣ низ шаҳодат медиҳанд, ки то соли 2050 аҳолии сайёра қариб ба 10 миллиард нафар мерасад ва афзоиши аҳолӣ асосан ба кишварҳои рӯ ба инкишоф, ки аллакай аз норасоии об танқисӣ мекашанд, рост хоҳад омад. Дар баробари ин, ҳар сол талаботи аҳолии дунё ба оби тоза ба андозаи 64 миллион метри кубӣ меафзояд. Дар ин сурат, бе андешидани тадбирҳои фаврӣ метавонад қариб 5 миллиард одам, ки тахминан 67 фоизи аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, то соли 2030 ба норасоии об рӯ ба рӯ шаванд.

Шумораи аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки соли 1956 тақрибан 20 миллион нафарро ташкил медод, имсол ба 70 миллион хоҳад расид. Аз ин рӯ, коршиносон ба он ақидаанд, ки бо зиёд гардидани аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ низ эҳтимол мушкилоти оби тоза ба миён ояд.

Агар соли 2000 норасоии солонаи об дар ҷаҳон 230 миллиард метри мукаабро ташкил дода бошад, пас то соли 2025 ин рақам даҳ маротиба афзуда, ба 2 триллион метри мукааб хоҳад расид. Норасоии об дар минтақаҳои биёбон ва нимбиёбони ҷаҳон ба муҳоҷирати босуръати аҳолӣ боис хоҳад шуд. Тибқи тахмини коршиносон, бар асари норасоии об дар оянда зиёда аз 700 миллион нафар макони зисти доимии худро иҷборан тарк менамоянд.

Мувофиқи маълумоти Институти захираҳои ҷаҳонӣ (World Resources Institute), захираҳои солонаи оби тоза дар Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ 293 миллиард метри мукааб ва ба сари ҳар як нафар аҳолӣ 6100 метри мукаабро ташкил медиҳад. Ҳаҷми миёнаи истифодаи оби тоза ба сари ҳар як нафар аҳолӣ аз 2000 метри мукааб дар Тоҷикистон, то 4900 метри мукааб дар Туркманистонро ташкил медиҳад. Зимнан, мувофиқи маълумоти омории солонаи кишварҳои минтақа ин нишондод дар Тоҷикистон – 1,96 ҳаз. м3, Қазоқистон – 2,35, Қирғизистон – 2,38, Ӯзбекистон – 3,42ва Туркманистон 4900 ҳаз. м3-ро ташкил медиҳад.

Мутобиқи маълумоти Институти захираҳои ҷаҳонӣ, норасоии об дар ҳолате пеш меояд, ки истифодаи он ба ҳар сари аҳолӣ камтар аз 1700 метри мукааб бошад. Тавре аз таҳлилҳои олимон бармеояд, норасоии об дар Осиёи Марказӣ асосан аз кишварҳои поёноб вобастагӣ дорад, ки 70 фоизи захираҳои оби мавҷударо барои талаботи соҳаи кишоварзӣ истифода мебаранд. Аз ҷумла, истеъмоли об дар минтақа асосан ба Ӯзбекистон (59200 млн. м3/ сол) рост меояд, ки он, дар маҷмӯъ, ба истеъмоли муштараки Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон (68930 млн. м3/сол) баробар аст. Ӯзбекистон 88,5% ҳаҷми обро барои талаботи соҳаи кишоварзӣ сарф месозад. Исрофи об ба воҳиди маҳсулот аз нишондодҳои ҷаҳонӣ аз 3 то 10 баробар зиёд мебошад, ки ин, пеш аз ҳама, ба системаи куҳнашуда ва бесамари обёрисозии кишварҳои минтақа вобаста аст. СММ талафоти обро дар аксар минтақа ва кишварҳои ҷаҳон аз 0,5% то 2,5% ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ арзёбӣ менамояд. Талафоти иқтисодии истифодаи нооқилонаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ тибқи маълумоти Барномаи рушди СММ ҳар сол зиёда 1,7 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Тибқи таҳлилҳои Барномаи рушди СММ ва Бонки ҷаҳонӣ, ҷамъи талафоти оби давлатҳои Осиёи Миёна, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти кишоварзӣ ва неруи барқ, ба 45 млрд. доллари ИМА мерасад.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки захираи фаровони об дорад. Ҳар сол дар кишвар 64 миллиард метри мукааб оби тоза ташаккул меёбад, ки қариб 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷми бузург камтар аз 10 фоизи он барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ сарф ва боқимонда ба кишварҳои поёноб ҷорӣ мегардад.

Бо вуҷуди мавҷудияти захираҳои фаровони об, аҳолии як қатор ноҳияҳои кишвар бо оби тоза таъмин ­нестанд. Ҳоло беш аз 40 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ ба оби тозаи ошомиданӣ даст­расии маҳдуд доранд. Тоҷикистон айни ҳол аз рӯи нишондиҳандаҳои қиёсии замини кишт ва истифодаи об ба ҳар сари аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойи охирро ишғол менамояд. Бар замми ин, норасоии об ба пайдоиши як силсила масъалаҳои ҳалталаб сабаб гаштааст, ки дар сурати вусъат гирифтан метавонанд кишварҳову минтақа ва дар маҷмӯъ, ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти ҷиддии глобалӣ рӯ ба рӯ созанд.

Эҳтиёҷоти афзоянда ба маҳсулоти озуқа, хусусан маҳсулоти соҳаи кишоварзии обёришаванда, ба зиёд шудани истеъмоли об мусоидат менамояд. Тибқи пешбинии коршиносон, то соли 2050 эҳтиёҷоти ҷаҳонӣ ба об дар маҷмӯъ 70 фоиз, аз ҷумла, истеъмоли глобалии об дар соҳаи кишоварзӣ 19% хоҳад афзуд. Навад дарсади офатҳои табиӣ дар ҷаҳон марбут ба об мебошанд. Солҳои охир афзоиши шумора ва оқибати харобиовари ин ҳодисаҳо мушоҳида мешавад, ки бешубҳа, садди роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ мегардад. Дар як қатор кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта, солҳои 1990-2000, зарар аз офатҳои табиӣ аз 2 то 15 фоизи ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти солонаро ташкил дод.

Дар чунин шароит танзими истифодаи захираҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ, бешубҳа, ҳамчун василаи асосии ҳалли масъалаҳои зикршуда хоҳад гардид.

Гулнора Алиева,

мутахассиси пешбари Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия