30 октябри соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоянро, ки бо ҳайати баландпояи парлумонӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев нахуст ҷаноби Ара Баблоянро ба муносибати бори дигар интихоб шуданаш ба ин вазифаи пурмасъулияти давлатӣ самимона шодбош гуфта, изҳор намуд, ки сафари мазкур дар рушду таҳкими муносибатҳои байнипарламентӣ бобати фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ дар доираи сиёсати пешгирифтаи сарони ду кишвар, хусусан баҳри татбиқи созишномаю қарордодҳои зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон баимзорасида, ки ба тавсеа ва тақвияти робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати ҳар ду ҷониб равона гардидаанд, самараовар хоҳад буд.
Дар ин робита, Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки вусъати ҳамкорӣ дар бахшҳои технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ва татбиқи Созишнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Арманистон аҳамияти аввалиндараҷаро доро мебошад.
- Мо бо Шумо, — афзуд Раиси Маҷлиси миллӣ, — густариши робитаро дар соҳаҳои астрофизика, зилзиласанҷӣ, кибернетика ва математикаи информатикӣ пайгирона ба роҳ хоҳем монд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки парламентарҳои кишварҳо беш аз ҳарвақта барои ташкили заминаи мусоиди ҳуқуқӣ оид ба рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус илму маориф, тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ имкониятҳои мавҷударо баҳри вусъат бахшидани ҳамкорӣ равона менамоянд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо бо дарназардошти узвият дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамкориҳои судманди байнипарламентиро дар масоили таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва саҳми дастаҷамъона дар пешгирии зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷаноби Ара Баблоян аз пазироии самимӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, афзуд, ки Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон барои ҳамкории боз ҳам судманд бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода буда, талош меварзад бо истифода аз ваколатҳои базиммадошта баҳри тақвияти бештари ҳамкорӣ дар ҳама самт, бо истифода аз тамоми имконият, аз ҷумла тавассути гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии тарафҳо тадбирҳои мушаххасро ба сомон расонад.
Ҷонибҳо аз дипломатияи парламентӣ ёдоварӣ карда, омодагии худро баҳри истифодаи самараноки он дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ зикр намуданд.
Таъкид гардид, ки сафари ҳайати парлумонии ҳар ду кишвар дар оянда низ идома ёфта, барои ба сатҳи баланд расидани ҳамкорию робитаҳои гуногунҷанба нақши муассир хоҳад гузошт.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба поён расид.
Наврӯз Қурбонзода,
ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма