Мулоҳиза

Сарсонӣ барои эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкӣ

№129 (3766) 02.11.2017

SANY1211Оё тағйиру иловаҳо ба қонуни дахлдор ба он хотима мебахшад?

Чанде пеш аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» қабул гардид.

Дар ин робита, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул, гуфт, ки қонуни мазкур имкон медиҳад ҳуҷҷатгузорӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи гражданӣ ба роҳ монда шавад ва баҳсҳо аз байн раванд. Дар сурати барасмиятдарорӣ тибқи талаботи тағйиру иловаҳои нав воридоти хироҷ ба буҷет беҳтар гардида, дар оянда хароҷоти иловагии беасос аз байн рафта, шароити иҷтимоии соҳибмулкон беҳтар мегардад.

Воқеан, то қабули қонуни зикршуда соҳиби ҳуҷҷати расмии ҳуқуқмуайянкунанда ба моликият шудан сарсонии зиёд дошт. Чунончӣ, ман бо мақсади соҳиби санад шудан ба манзили истиқоматиам, ки аз соли 1989 дар ихтиёрам буд, моҳи майи соли 2016 ариза навиштам. Аз ҷамоати деҳот ба ман барои гирифтани «Сертификати ҳуқуқи замин» маълумотнома доданд, ки воқеан дар китоби хоҷагӣ аз соли 1989 ба қайд гирифта шудаам ва дар соли 2016 аз андози замину амволи ғайриманқул қарздор нестам. Баъдан, мутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳия ва мутахассис — заминсози ҷамоати деҳот замини наздиҳавлигиамро чен карда, нақшаи онро тартиб доданд. Раиси Кумитаи идораи замини ноҳия 23 июни соли 2016 ҳуҷҷатҳои заминсозиро дар бораи вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷиҳати қабули қарори дахлдор ба раиси ноҳия пешниҳод кард. Баъди қариб чор моҳ, аниқтараш 13 октябри соли 2016, дар бораи вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба ман қарори раиси ноҳия баромад. Мутаассифона, дар қарор саҳван масоҳати майдони ҳавлӣ як сотих зиёдтар нишон дода шуда буд. Ман маҷбур шудам, ки барои ислоҳи он ба раиси ноҳия ариза нависам. Танҳо 31 марти соли равон бо қарори раиси ноҳия саҳви техникӣ ислоҳ шуд. Ниҳоят, 24 апрели соли ҷорӣ аз КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»- и ноҳия «Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин»-ро гирифтам.

Баъди гирифтани сертификат барои таҳияи Шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ ариза навиштам. Ҳуҷҷати мазкур 15 майи соли равон омода шуд.

Сипас, барои эътирофи соҳибмулкӣ барои ба суди ноҳия пешниҳод кардан оид ба риоя шудани меъёрҳои дахлдори сохтмонӣ хулосаҳои бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, кумитаи заминсозӣ, шуъбаҳои санитарӣ — эпидемиологӣ, муҳити зист, корхонаи обу корез, хадамоти оташхомӯшкунӣ, шабакаҳои барқи ноҳияро гирифтам. Илова бар ин, ба суд нусхаҳои шиноснома, қарори раиси ноҳия, сертификат, Шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ, маълумотнома аз ҷойи истиқомат, хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ариза оид ба эътирофи соҳибмулкиро пешниҳод кардам. Баъди ҳама сарсонӣ, 28 сентябри соли ҷорӣ суди ноҳия тибқи ҳалнома соҳиби ҳуҷҷати расмии ҳуқуқмуайянкунанда ба моликият шудани маро эътироф кард.

Ҳоло қариб 90 дарсади ҳаммаҳаллаҳоям ҳуҷҷати расмии ҳуқуқмуайянкунанда ба моликиятро надоранд. Зеро дар замони шӯравӣ сабт шудан дар дафтари хоҷагии ҷамоат ва супурдани андози солона барои эътирофи соҳибмулкӣ кофӣ буд. Баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни дар боло зикршуда умед, аст, ки шаҳрвандон барои ҷамъоварии санадҳои зиёд вақти худро беҳуда талаф надода, бо сарфи ками вақту маблағ соҳиби ҳуҷҷати расмии ҳуқуқмуайянкунанда ба моликият мешаванд.

 С. НАҶМИДДИНЗОДА,

шаҳри ҳисор