Замима ба Қарори ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ
аз 30 октябри соли 2017, № 3
«Оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»
Муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» баррасӣ намуда, тавсия медиҳад:
1. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ якҷоя бо вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба такмили қонунгузории амалкунанда дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва кафолату имтиёзҳо ба маъюбон таҳлилҳо гузаронда, лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва имконияти баробари фароҳамӣ ба онҳо фаъолиятро дар самтҳои зерин тақвият бахшад:
- ҷиҳати шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия «Оид ба ҳуқуқи маъюбон» дар кӯтоҳтарин муҳлат санадҳои меъёрии ҳуқуқиро омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуниро дар иртибот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» таҳия намоянд;
- таҳкими ҳамкориҳои судмандро бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва субъектони хоҷагидори дигар вобаста ба хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои будубоши маъюбон ва пиронсолон, ки барангезандаи онҳо маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад, ба роҳ монанд;
- иҷрои саривақтӣ ва бемайлони бандҳои «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020»-ро таъмин намоянд;
- кафолатҳои дастрасии баробарҳуқуқи маъюбон — шахсони дорои имкониятҳои маҳдудро ҷиҳати гирифтани кумаки ройгони тиббии бехатар, самарабахш ва сифатнок таъмин намоянд;
- назорати доимии таъмини бехатарии санитарию эпидемиологиро дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақвият бахшанд;
- бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти самарабахш ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таҷдиди сохторҳои таркибии вазоратро ба роҳ монда, низоми идоракунии муассисаҳо ва аттестатсияи кормандони онро ба ваколатҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дохил намояд;
- қоида ва дастурамалҳоро оид ба таъмин намудани табобати санаторию курортӣ ва хизматрасонии дигар вобаста ба маъюбонро таҳия ва тасдиқ намоянд;
- таъминоти моддию техникӣ ва таъмири ҷории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар доираи маблағҳои пешбинигардида ва аз ҳисоби сарчашмаҳои дигар ба роҳ монанд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳсозии шароити моддию иҷтимоии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолиятро дар самтҳои зерин тақвият бахшад:
- ҷиҳати таъмини саривақтии маблағгузории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳ надодан ба қарздорӣ аз ин ҳисоб маблағҳои субвенсиониро, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» пешбинӣ гардидаанд ва солҳои минбаъда пешбинӣ карда мешаванд, дар доираи сметаҳои хароҷоти вазорату идораҳои дахлдор ҳамасола дар моддаи алоҳида (банди алоҳида) пешбинӣ намояд;
- оид ба ҷудо намудани маблағи иловагӣ ҷиҳати таъмири асосӣ, барқарорсозӣ ва сохтмони бинову иншооти хона-интернатҳо, истироҳатгоҳҳо ва осоишгоҳҳои тобеи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосӣ чораҳои судманд андешад.
4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар самтҳои зерин ҷоннок намояд:
- мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба омодасозии мутахассисони сурдотарҷума дар барномаҳои телевизионӣ, кино ва филмҳои видеоӣ;
- таъмини саривақтии муассисаҳои таълимии махсус бо маводи хӯрокворӣ, либосворӣ, лавозимоти хониш ва техникаи муосир;
- тақвияти квотаҳои президентӣ дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии махсус ва муассисаҳои ба он баробаркардашуда дар дохил ва хориҷи кишвар.
5. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати фароҳам овардани шароити мутобиқи меҳнат ба барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон ва ба шуғли доимӣ таъмин намудани ин қишри осебпазири ҷомеа пайваста корҳои зеринро амалӣ намояд:
- дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаву ташкилотҳо ҷиҳати иҷрои бечунучарои муқаррароти моддаҳои 26 – 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №181 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ» чораҳои судманд андешад;
- фаъолияти марказҳои касбомӯзӣ оид ба ташаккул додани ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва ба имкониятҳои меҳнатии шахсони маъюб ва калонсолон мутобиқ фаъол гардонда шавад;
- ҳамкориро бо корфармоён оид ба баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ҷиҳати ба кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандони ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта тақвият бахшад.
6. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазоратҳои молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва идораҳои дахлдори дигар масъалаи индексатсияи андозаи музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, нафақаҳои заминавӣ, иҷтимоӣ ва стипендияҳоро баррасӣ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
7. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ:
- бо мақсади дастгирии иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд ва ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёздошта ҷиҳати таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ тадбирҳо андешанд;
- ҳамасола зимни ҷамъбасти ҳисоботи солона иҷрои талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»-ро мавриди баррасии амиқ қарор дода, оид ба корҳои анҷомдодашуда ба Кумита ахбороти муфассал пешниҳод намоянд;
- оид ба ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ҷиҳати дастгирии иҷтимоии шахсони маъюб, ятимон ва оилаҳои камбизоат корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ба роҳ монанд.
8. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дигар оид ба масъалаҳои ташкили чорабиниҳо ва огоҳонии шаҳрвандон оид ба дастгирӣ ва шароитҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб- интернатҳо ва маъюбону пиронсолон ва ҷалби шахсони саховатманду саховатпеша ҷиҳати кумак ба ин қишри ҷомеа барномаҳои махсусро бо даъвати мутахассисони соҳавӣ омода ва пахш кунанд.