Чанде пеш шиноси деринам Азимҷон Дадобоев, сокини деҳоти «Унҷӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз боби таҷлили 25 — умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ пурсид:
- Мирзоҷон, шумо аз мувофиқатҳои тасодуфии Қасри Арбоб бохабар ҳастед?
- Не, чӣ буд? — гуфтам.
- Ин тавр бошад, гӯш кунед. Қасри Арбоб дорои 16 сутун аст. Инро ба ман яке аз муҳандисони сохтмон, зиндаёд Маҳкамбой Самебоев гуфта буд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 16 ноябр оғоз шуд. Он расман 17 рӯз идома ёфта бошад ҳам, аз рӯи баҳисобгирии омодагӣ 16 рӯз ҳисоб мешавад… Азимҷон хайрухуш карда рафт, вале пеши назар беихтиёр он рӯзҳои вазнину барои миллат ҳассос ҷилвагар шуданд.
Замони даргириҳои сиёсӣ дар рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» (он вақт «Ҳақиқати Ленинобод») масъули инъикоси ҳаёти ҷавонон будам. Дар иҷлосия шахсан иштирок накардаам, аммо чун корманди нашрияи вилоятӣ дар инъикоси он саҳм гузоштаам.
Воқеан, бо гузашти солҳо қадру манзалати он рӯйдоди муҳими таърихӣ баландтар мегардад. Шояд дар рӯзҳои аввали баргузорӣ, айёми гузоштани таҳкурсии сулҳу ваҳдат, ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷараёни муқаррарӣ меҳособидем. Аммо имрӯз, чун аз даричаи таърих ба он назар меафканем, дарк мекунем, ки дар ҳақиқат, ба қавли устод Лоиқ, ба ҳоли халқи азияткашида «раҳми Парвардигори мо» омад.
Чанде пеш рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод»-ро варақгардон намудам ва бори дигар бовар кардам, ки барои иншои таърих яке аз сарчашмаҳои беҳтарин мебошад. Аҳли эҷоди он тавонистаанд, ки рафти иҷлосияро бо нозукӣ инъикос намоянд. Рӯзномаро варақгардон намуда, дарёфтам, ки бештари мақолаҳои таҳлилӣ ва гоҳҳо ошкорову ҷасуронаро журналисти варзида Ғафури Нарзулло иншо кардааст.
Дар шумораҳои аввал орзуву умеди сокинони вилоят аз иҷлосия равшан ифода ёфтаанд. Масалан, шоир Назар Ашӯрзода дар шеъри худ «Ватанро дар амон монед!» ба гурӯҳҳои силоҳбадаст муроҷиат карда гуфтааст:
Ватанро дар паноҳи одамони меҳрубон монед,
Заминро бе садои тиру бешӯру фиғон монед,
Камонро пора бинмоеду андар қӯра сӯзонед,
Ҳаёти одамонро, одамон андар амон монед.
(«Ҳақиқати Ленинобод», №163, 12.Х1.1992)
Дар ҳамон шумора мақола таҳти унвони «Арзи дили собиқадорон» ба чоп расидааст. Аз ҷумла, собиқ котиби якуми Кумитаи вилоятии ҳизби коммунистӣ Рифъат Ҳоҷиев, аз ҷумла баён доштааст: «Ба фикри ман, дар иҷлосия бояд масъалаи идоракунии минбаъдаи президентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Дар давоми ду сол ду президент интихоб кардем, ин шаҳодат медиҳад, ки мо ҳоло ба ин шакли давлатдорӣ омода нестем. Бигзор як парламенти бақувват интихоб шаваду корро пеш барад…».
Дар миёни навиштаҳо мақолаи «Маҷлиси намояндагони минтақаҳои ҷумҳурӣ» диққати маро бештар ҷалб кард, ки ба АМИТ «Ховар» мутааллиқ аст. Аз мутолиаи он ба хулоса омадам, ки вакилону иштирокдорони иҷлосия, ки на ба ҳама баромад ва таклифу пешниҳод диққату эътибори ҷиддӣ медоданд, баромади раиси вақти Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонро бодиққат гӯш кардаанд: «Иштирокдорони маҷлис ба суханронии раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус диққат доданд, ки ин, албатта, беҳуда нест. Чандин вақт аст, ки вилоят дар муҳосираи иқтисодӣ мебошад. Бар асари ин аҳолии вилоят аз нарасидани озуқа машаққат мекашад.
Ҳукуматдорон меъёри шабонарӯзии нонро ба ҳар сокин ночор то 50 грамм расонидаанд. — Мо, — гуфт Э. Раҳмон, — аз Комиҷроияи вилояти Ленинобод, аз меҳнаткашони шаҳри Хуҷанд барои фароҳам овардани шароити хуби гузаронидани Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон бағоят миннатдорем. Аз ҷанги дохилӣ бисёр ҷойҳо валангор шуданд, даҳҳо ҳазор одам ба шаҳодат расид. Барои ободонии хароботи ин фоҷиаи даҳшатнок даҳҳо сол зарур аст. Давом додани хунрезӣ камоли беақлист. Мо ҷаҳд дорем, ки дар ҳар хонадон сулҳу салоҳ муқимӣ гардад. Мо маҳз бо ҳамин мақсади наҷиб ба иҷлосия омадем…». («Ҳақиқати Ленинобод», №167, 21.Х1.1992).
Дар мақолаи Ғафури Нарзулло таҳти унвони «Раиси нав интихоб шуд» чизи дигари ҷолибро мутолиа кардам: «Вакилон тасмим гирифтанд, ки интихоби Раиси Шӯрои Олӣ аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирад. Вақте ин чорабинӣ амалӣ мегардид, бо чанде аз иштироккунандагони иҷлосия нисбат ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон суҳбат оростем ва ростӣ, ки касе дар ҳаққи ӯ сухани бадро раво надид. Ҳама ӯро чун инсони софдилу поквиҷдон, адолатхоҳу ватандӯсти ҳақиқӣ сифат карданд. Аз рӯҳияи онҳо маълум буд, ки ҳама ба тарафдории ӯ овоз медиҳанд ва дар ҳақиқат ҳам аз 197 вакил 186 нафараш ин фикрро тасдиқ карданд». («Ҳақиқати Ленинобод», №167, 21.Х1.1992).
Доир ба ҷараёни минбаъдаи кори иҷлосия таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бисёр гуфтаанду навиштаанд. Ман мехоҳам дар ин бора нависам, ки кам гуфтаанд ё умуман нагуфтаанд. Масалан, дар бораи барпо намудани «Оши оштӣ». Аз мақолаи «Биёед, дар Хуҷанд оши оштӣ пазем!», ки дар шумораи 170-уми рӯзнома чоп шудаасту ба қалами Пӯлод Ҷалил тааллуқ дорад, пухтани оши оштиро собиқ раиси Комиҷроияи шаҳри Хуҷанд Йӯлчӣ Бобоев дар ҷашни 80 — солагӣ таклиф кардааст. Пири рӯзгордида дар интиҳои ҷашн бо арзи сипос ба қадршиносии меҳнати хоксорона аз вазъи муташанниҷи ҷумҳурӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ки «ниёгони ногапи мо дар гузашта маҳз бо якҷоя тановул намудани оши палав ҳамдигарро бахшида, бо ҳам оштӣ мекарданд».
Пешниҳод дастгирӣ ёфт ва 26 ноябр дар саҳни Қасри Арбоб оши оштӣ пухта шуд. Собиқадори ҷанг ва маориф, шодравон Иброҳимхоҷа Хоҷаев барои оташбаси ҷонибҳои мусаллаҳ гӯсфанди бӯрдоқӣ барои қурбонӣ пешкаш намуд (акси ӯ дар саҳифаи 1-и шумораи №173 — юми «Ҳақиқати Ленинобод» бо гӯсфанди барои қурбонӣ овардааш ҷой дода шудааст).
Қарорҳои иҷлосия рӯҳияи меҳнаткашони ҷумҳуриро баланд бардошт. Иддае ҳимматбаландӣ зоҳир карда, барои гурезагони иҷборӣ музди меҳнати якрӯзаи худро бахшиданд. Ин гуна олиҳимматӣ тибқи хабари рӯзнома аз ҷониби коргарони Колоннаи сайёри механиконидаи № 3-и ноҳияи Мастчоҳ ба ҷо оварда шуд: «Дар аввали маҷлис депутат Малик Қурбонов хабар дод, ки коргарони КСМ №3-и ноҳияи Мастчоҳ қарорҳои иҷлосияро, ки мақсад аз онҳо ба эътидол овардани вазъият мебошад, маъқул дониста, тасмим гирифтанд, ки музди кори якрӯзаашонро ба ҳисоби гурезаҳо гузаронанд. Баъзе коргарон 500-1000- сӯмӣ гузарониданд». «Ҳақиқати Ленинобод», №173, «Иттилоъ»).
Зиндаёд Ҳасани Порсо бо номи «Далелҳои аҷиб аз иҷлосия» мақолаи ҷолибе навиштааст, ки бо овардани баъзе аз бандҳо ба қазовати хонанда ҳавола мекунем:
«25 ноябр дар иҷлосия чунин манзараро дидам: соати 10.14 дақиқа 43 депутат рӯзнома мехонд, 8 нафари дигар китоб, 6 нафар ким-чиро қайд мекард, 13 ҷуфт бо ҳамдигар суҳбат доштанд. Дар иҷлосия масъалаи гумрук муҳокима мешуд»
«Аввалин барқияе, ки 27 ноябр омад, аз тоҷикони Амрико буд»…
«Дар Дафтари матбуот телефон дақиқае хомӯшӣ надошт. Беш аз 70 рӯзноманигор ба расонаҳои маҳаллӣ ва мамолики Амрико хабар мефиристоданд»…
«Дар муҳофизату амнияти намояндагони халқ ва меҳмонон зиёда аз 2200 корманди умури дохила, 200 нақлиёт ва дигар воситаҳо иштирок доранд. Дар рӯзҳои иҷлосия ягон ҳодисаи фавқулода рух надодааст. Дар атрофи Қасри Арбоб садои тире ба гӯш нарасидааст»…
«Дар рӯзҳои иҷлосия қариб 150 дег оши палав пухта шуд. Вале аз биринҷи девзираву равғани зағир не!»…
«Дар давраи иҷлосия қариб ба маблағи 116 ҳазор сӯм дорувор ва сақич (жвачка) ба савдо рафтааст. Ҳамчунин, 147 қолинча бо расми ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхӯҷаевро харидаанд»…
«Хароҷоти сессия аз рӯи гуфти ҳисобдонҳо эҳтимол ба 80-90 млн. сӯм дакка задааст» («Ҳақиқати Ленинобод», №175, 3. Х11.1992).
Кори иҷлосияи тақдирсози миллатро сармақола таҳти унвони «Мо хоҳони сулҳем» то андозае ҷамъбаст кардааст: «Рӯзҳои бисёр душвори кори иҷлосия, ки тантанаи қонунро бар беадолатӣ собит намуд, паси сар шуданд. Вале, беихтиёр кас аз дил мегузаронад, ки кай мо самараи ба эътидол омадани ҳаётамонро мебинем?!…
Ҳадаф аз варақгардон намудани саҳифаҳои таърих танҳо як чиз аст: ба насли наврас хотиррасон кардани рӯзгори чаҳоряк аср пеш, ки кӣ будему чӣ шудем? Дар кадом сатҳ қарор доштему бо кӯшишу заҳмати фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба куҷо расидем? Дар урфият мегӯянд: «Халқ гавҳаршинос аст». Сиёҳро аз сафед, талхро аз ширин ба хубӣ фарқ мекунад. Маҳз ҳамин хислати ҳамидаи халқи баору баномус буд, ки ба Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ унвони олии Пешвои миллатро сазовору арзанда донист.
Мирзоаъзам Мақсудов,
«Садои мардум»