Бузургмарде фармудааст, ки аҳамият ва шукӯҳу шаҳомати ҳар ҳодисаи бузурги таърихӣ бо гузашти вақт муайян мешавад. Ҳамин нуктаро ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ низ метавон нисбат дод. Дар инъикоси он нақши воситаҳои ахбори омма калон аст. Аз ҷумла, саҳми телевизиони вилояти Ленинобод (ҳоло телевизиони вилояти Суғд) муассир буд.
Дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома, раиси бахши Суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён, ки он вақт вазифаи сармуҳаррири телевизиони мазкурро ба уҳда дошт, чунин гуфт:
- Дар муҳити носолими онвақтаи кишвар, дар ҳоле ки кашмакашиҳо ба авҷи аъло расида, ғазабу кинаю адоват ақлҳоро тира сохта, ҷанги шаҳрвандӣ аланга гирифт ва баъзе расонаҳои хабарии ба истилоҳ, «мардумӣ» афсонаҳои дурӯғин бофта, ба оташи ҷанг равған мерехтанд, кор барои рӯзноманигороне, ки аз амалҳои нангини бархе аз ҳампешагони эҳсосотӣ ба риққат омада, азоби рӯҳию ҷисмонӣ мекашиданд, осон набуд. Он вақт Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Ленинободро зани шуҷоъ ва воқеъбин Муҳаббат Мирсаидова сарварӣ менамуд. Замони хеле ҳассос буд. Эътимоди мардум ба расонаҳои хабарӣ ҳамчун манбаи иттилои боварибахш, рӯз аз рӯз коста мегардид. Дар кишвар камбуди маълумоти воқеӣ ва эътимоднок ба мушоҳида мерасид ва на ҳама расонаҳои хабарӣ рисолати касбии худро басареҳ иҷро мекарданд. Бархе аз васоити ахбори омма ба думболи майдонҳо тақсим шуда буданд. Телевизиони ҷумҳурӣ, ки бузургтарин мухотабонро фаро гирифта буд, бо вуҷуди худро ТМТ (Телевизиони мардумии Тоҷикистон) эълон кардан, аз воқеъбаёнӣ ва мардумӣ будан фарсахҳо дур буд. Радиои Тоҷикистон низ.
Хуб дар хотир дорам, ки роҳбарияти вақти вилоят бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии иттилооти ғайривоқеӣ пахши барномаҳои телевизиони марказиро дар вилоят аз 27 августи соли 1992 қатъ кард, вале барномаҳои радиои кишвар пахш мегардид. Бинобар ин, воқеиятро гуфтану тасвир кардан ва ҳақиқати ҳолро ба мардум расонидан пеш омад. Пешбурди ин кор, дар ҳоле ки камбуди иттилои воқеӣ аз рӯйдодҳои манотиқи ҷумҳурӣ эҳсос мешуд, хеле сангин буд.
Ростӣ, вақте ки ҷойи баргузории иҷлосия муайян шуд, тахмин доштем, ки дар инъикоси он ширкат хоҳем кард. Аммо касе ҳатто тасаввур ҳам намекард, ки сабти пурра ва инъикоси он дар шабакаи асосии телевизиони кишвар, тибқи тартиби муайянкардаи Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз ба зиммаи телевизиони вилояти Суғд вогузор мешавад.
Ростӣ, ба таҳлука афтодем. Гап сари он аст, ки ҳамон вақт инъикоси кори иҷлосия (аз ҷумла, намоиш додани он) аз ҷониби телевизиони марказӣ бо чанд далел, ки ҳоҷат ба зикраш нест, ғайриимкон буд. Сониян, васоити техникии телевизионӣ, аз қабили пойгоҳи сайёри телевизионӣ (ПТС), дастгоҳҳои статсионарии наворгирӣ ва ғайра аз ҷумҳурии ҳамсоя оварда шуданд. Вале, бинобар зиддулнақзии меъёрҳои фаннӣ, истифодаи комили таҷҳизоти телевизионии ҳамсояҳо ғайриимкон буд. Ягона илоҷи ҳалли масъала он буд, ки захираҳои техникӣ ва ҳам эҷодии телевизиони вилояти Ленинобод ҷалб карда шавад.
Ёдам ҳаст, муовини ҳамонвақтаи раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои кишвар оид ба масоили техникӣ Ғуломҷон Маҳмудов (равонашон шод бод!) дар ин бобат моро дастур дод. Воқеан, ӯ ягона мансабдори он ниҳоди давлатӣ буд, ки дар фаъолияти иҷлосияи таърихӣ фаъолона ширкат дошт. Ҳамин тариқ, тасмим гирифта шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, бояд телевизиони вилояти Ленинобод сабти пурра ва инъикоси кори иҷлосияро таъмин намояд. Албатта, иҷрои ин вазифаи пуршараф эҳсоси масъулияти моро боло бурд, зеро телевизиони навтаъсис бо собиқаи дусолаи корӣ ҳанӯз аз нигоҳи эҷодӣ ва техникӣ танқисии зиёд дошт. Дастгоҳҳои дурусти касбии садо ва наворбардорӣ набуданд. Гузашта аз ин, пахши мустақим бароямон қазияи ниҳоят ҷиддӣ буд, чунки дар ин кор умуман таҷриба надоштем, ки муъҷиби хавотирии Абдуалӣ Халилов – директори маркази техникии телевизион ва радиои вилоят (роҳбари гурӯҳи техникӣ) гардид. Бо вуҷуди ин, ситоди корӣ таҳти сарпарастии Ғуломҷон Маҳмудов, бо дастгирии хеле қавии кормандони масъули соҳаи алоқа, тамоми чора андешид, то ин ки имкони пахши кори иҷлосия муҳайё гардад.
- Ҳамон замон гурӯҳҳои сиёсӣ, намояндагони аҳзоб ва ҳаракатҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ, дар Қасри Арбоб гирд омада буданд. Оё ҳодисаҳои фишор овардану халал расонидани қувваҳои муайян ба кори ҳайати эҷодии ТВ Ленинобод вуҷуд дошт?
- Бале, чун вазъ ноором буд, ҷонибҳо аз манфиатҳои сиёсӣ ҳимоя мекарданд. Касе намедонист, ки чӣ мешавад, аммо ҳама ба ақли солим бовар доштанд ва умед он буд, ки иҷлосия ба кашмакашиҳои дохилӣ хотима бахшида, ба кишвар сулҳу субот меорад. Фишорҳо асосан дар арафаи баргузории иҷлосия вуҷуд доштанд. Масалан, се – чор рӯз қабл аз оғози иҷлосия раиси ҳамон вақт нав ба вазифа таъиншудаи Кумитаи давлатии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ Даврон Ашӯров ҳамроҳи депутат Моёншо Назаршоев ва чанд тани дигар ба студияи телевизион омада, як фитаро пешниҳод карда, пахши онро исрор намуданд. Баъдан, ба фикрам, ҷавобан ба исрори зикршуда ҳамчунон аз ҷониби роҳбари Ҷабҳаи халқӣ Сангак Сафаров ба воситаи дӯсти ҳамкорамон, корманди масъули телевизиони Кӯлоб Сафаралӣ Эргашев боз як навори дигар расид ва тақозо шуд, ки он ҳатман намоиш дода шавад. Азбаски ҳар ду навор ҳам аз лиҳози мундариҷа ва ҳам аз лиҳози ҷой доштани тасвирҳо хеле эҳсосотӣ буданд, ситоди корӣ қарор кард, ки аз намоиши онҳо худдорӣ шавад. Албатта, ин амал каҷфаҳмиҳоро ба миён овард ва ба фишору тазйиқ низ рӯ ба рӯ гаштем. Вале ман имрӯз ҳам муътақид ҳастам, ки тасмим дуруст буд, зеро агар он наворҳоро намоиш медодем, имонам комил, ки на танҳо кори иҷлосия халалдор мешуд, балки баргузории онро низ зери шубҳа қарор медод.
- Бо гузашти 25 сол месазад номи онҳоеро бигирем, ки дар инъикос ва пахши чорабинии тақдирсози кишвар даст доштанд?
- Қаблан ман як ҳодисаро ёдовар шуданиам. Дар поёни иҷлосия, агар иштибоҳ накунам, депутат Тӯхтабой Ғаффоров ба кормандони телевизион барои иштироки фаъолона дар инъикоси кори иҷлосия миннатдорӣ кард. Аммо аз чӣ бошад, ки ӯ ба кормандони телевизиони кишвари ҳамсоя (Ӯзбекистон) изҳори сипос намуд. Ҳол он ки ҳама корро кормандони телевизиони вилояти Ленинобод анҷом доданд. Ҳарчанд дастгоҳҳои боҳашамати телевизионии меҳмонон то охири иҷлосия дар толор ҷойгир буданд, вале истифода нашуданд. Бинобар ин, дар аксар наворҳои бойгонии иҷлосия логотипи телевизиони вилояти Ленинобод ҷой дорад, ки мустақиман аз телевизиони ҷумҳурӣ ҳамон вақт намоиш дода шудаанд. Ҳамон лаҳзаҳо журналисти маъруф Акрамалӣ Ҳасанов (рӯҳаш шод бод!), ки дар инъикоси иҷлосия саҳми хеле калон дошт, шӯхиомез киноя кард: «Ҳалвоя ҳаким хӯрду калтака ятим». Воқеан ҳам, бо ҳайати навтаъсис ва бо вуҷуди камтаҷрибагӣ, телевизиони вилояти Ленинобод, бешубҳа, хизмати таърихӣ кард. Кори телевизион дастҷамъист ва теъдоди зиёди онҳое низ, ки корашон паси кадр мемонад, саҳмгузоранд. Журналист Акрамалӣ Ҳасанов, таҳиягарон Орифҷон Набиев, Абдуллоҷон Ғаффоров (равонашон шод бод!), наворбардорон Абдусамад Расулов, Аюбҷон Бобоев, Сайдулло Файзиев, Усмонҷон Маъруфов, садобардорону муҳандисон ва дигар кормандони техникию эҷодӣ дар ин кори сангину масъулиятталаб саҳми арзанда гузоштанд.
Хулоса, бузургтарин дастоварди он чорабинии бузурги сиёсӣ барои миллат Сарвари давлат интихоб шудани фарзанди шуҷову шоиста Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳарчанд ки он замон аз чеҳраҳои навошнои сиёсии кишвар буду дар доираҳои алоҳидаи дохилию хориҷӣ ба қудрату тавоноии ӯ бо назари шубҳа менигаристанд, бо такопӯи пайгиронаи минбаъда тавонистанд кишварро аз вартаи ҷангу ҷидол берун кашанд. Ғарибонро ба Ватан баргардонданд. Барои ояндаи шукуфони мамлакат заминаҳои воқеӣ муҳайё гардиданд.
Тавассути сиёсати ҳирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо азму иродаи қавӣ, ҷонбозиҳои самимона, меҳнати ҳалолу бунёдкоронаи мардуми Тоҷикистон пойдевори давлату давлатдории мустақил дар кишвар гузошта шуд. Сулҳу ризоят ва ваҳдати миллӣ устувору шикастнопазир гардида, кишвар ба шоҳроҳи рушди муътадил ва устувори иқтисодӣ ворид шуд. Дар мамлакат раванди бебозгашти ободонию созандагӣ торафт вусъат мегирад, роҳ ба сӯи ҷомеаи боадолати шаҳрвандӣ, пешрафти рӯзафзуни илму маориф ва фарҳангу маънавиёт пайгирона тай мешавад ва ин ҳама ба шарофати Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози XVI Шӯрои Олӣ муяссар шудааст.
Суҳбаторо Ҳусейни НАЗРУЛЛО,