Ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзода аз солҳои 1992 борҳо аз ифротӣ ва хатарзо будани фаъолияти ҳаракати террористӣ — экстремистии Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ҳушдор додаву суханони зарбазан гуфтааст. Аз ҷумла, 25 сол муқаддам дар Иҷлосияи XVI баён дошт: «Ман сар ба сар зидди Ҳизби наҳзати исломӣ будам, ҳастам. Ва чанде умри боқимонда дошта бошам, дар ин ақида мемонам. Агар ҳизб ба дини Ислом лозим мебуд, аз пайғамбари Худо Муҳаммад (с.а.в) билети ҳизбӣ ё ин ки низомнома мерос мемонд».
Роҷеъ ба мавзӯи оғозкарда бо вакили халқ аз собиқ вилояти Кӯлоб, олими дини Ислом Ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзода, ки дар давраи мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ дар сафи пеш истода, аз ҳокимияти конститутсионӣ пуштибонӣ намуд, ҳамсуҳбат шудам. Ӯ гуфт, ки возеҳ аст сабабгор ва саркардагони ҳама қатлу куштор, ғорату хонасӯзӣ маҳз аъзои Ҳизби мамнуи террористӣ – экстремистии наҳзати исломии Тоҷикистон буданд.
Аз ҳамон иҷлосияи таърихӣ ман зидди Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон будам, чунки Тоҷикистонро ба хуну хок кашиданду миллатро қариб ба парокандагӣ расонданд. Падарро ба дасти фарзанд куштанду бародарро ба дасти додар.
Дар ҳеҷ сурат, гузашти айём наметавонад кирдорҳои нангини ватансӯзонаю ғоратгарона ва қотилонаи хоинон – наҳзатиҳоро аз лавҳи хотири мардуми тоҷик зудуда намояд.
Дар он шабу рӯзи бисёр ноамну душвор ҳеҷ нафаре ҷуръату қудрати сарварии давлатро бар дӯш гирифтанро намекард. Ҳар касе мехост, ки бо ҷони худу пайвандон бозӣ кунад, ин маснадро бар уҳда мегирифт. Шахси боғайрат ва дурандеш, меҳандӯсту миллатдӯст лозим буд, ки бо ҷасорату ғайрати бепоён дар роҳи азнавсозии Ватан гомҳои устувор ниҳад ва миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшад. Вакилон дар чеҳраи Эмомалӣ Раҳмон хислатҳои ҷавонмардонаю хирадмандонаро дида, аз тариқи овоздиҳӣ ӯро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд. Шукронаи Худованди азза ва ҷалла, ки баҳри наҷотбахшии миллати тоҷик аз бунбасти қашшоқию гуруснагӣ ва ноосудагӣ Сарвари ғамхору сазоворро ато кард. Сарвари тозаинтихоб барои овардани сулҳ ба чӣ мушкилоту ҳаводиси бениҳоят хатарнок дучор гардиданд. Вале ғами худро нахӯрданд, фақат миллат гуфтанду Ватан.
Ёд дорам, ки дар рафти иҷлосия ҷониби мухолифин – наҳзатиҳо шартҳои худро иборат аз 30 банд пешниҳод намуда, гуфтанд, ки дар сурати қабул нашудани онҳо дар ҳеҷ ҳолат барои аз тарафи намояндаи ҳукумат интихоб шудани Сарвари давлат розӣ намешаванд. Шарти онҳо пазируфта шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кирдори харобкоронаю ҷинояткоронаи наҳзатиҳоро бахшид. Мутаассифона, баъди иҷлосия низ амалҳои зишти хешро идома доданд.
Кунун дар кишвари азизу маҳбубамон Парчами сулҳу озодӣ парафшон аст. Агарчӣ он «бародарон»-и муғриз то ҳол кӯшиши иҷрои «дастур»-и иҷронокардаи «хоҷагони хориҷиашон»-ро карда истода бошанд ҳам, аммо миллати бонангу ори тоҷик дӯстро аз душман ба хубӣ шинохтааст. Аллакай фарҳангу афкору тафаккури мардум чанд сатҳ боло рафтааст. Дар ҳеҷ сурат қувваю ҷангҳои равонии муғризин, ба фикру ақидаи сулҳҷӯёнаи одамон набояд таъсири манфӣ расонад.
Ёқуби СОДИҚ,
«Садои мардум»