Қонунгузории соҳаи об ва беҳдошти замин такмил меёбанд

№143 (3780) 02.12.2017

28 ноябри соли 2017 бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев суҳбати гирди миз баргузор гардид, ки дар он масъала «Оид ба омӯзиши нуқтаи назари коршиносон нисбат ба такмили қонунгузории марбут ба соҳаи об» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нақши муҳими обёрии кишоварзиро дар таъмини амнияти озуқаворӣ бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012 – 2020» махсус таъкид карда буданд.

Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, новобаста аз вазъи мураккаби иқтисодию молиявӣ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои дар ҳолати муносиби корӣ нигоҳ доштани системаи ирригатсионӣ ва мелиоративӣ, таъмиру таҷдиди пойгоҳҳои обкашӣ, заҳбуру заҳкашҳо, шабакаҳои барқии хоҷагии об ва иншооти обии аз сел муҳофизаткунанда корҳои зиёдро ба анҷом расонида истодаанд.

Айни замон 80 дарсади маҳсулоти кишоварзӣ аз заминҳои обёришаванда ба даст меоянд. Таъмини фаъолияти бонизоми соҳа, ки асоси рушди устувори кишоварзии мамлакат маҳсуб меёбад, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳшавии ҳолати мелиоративии заминҳо, аз худ кардани заминҳои нави кишоварзӣ, эмин нигоҳ доштани инфрасохтори гуногуни иқтисодию иҷтимоии мамлакат, заминҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ аз таъсири номатлуби обӣ мусоидат хоҳад кард. Бинобар ин, дастгирии соҳа аз лиҳози молиявӣ, такмили иқтидорҳои институтсионалӣ ва қонунгузорӣ тақозои замон мебошад.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Олимҷон Сафарзода гуфт, ки яке аз қонунҳои асосии соҳа, ки муносибатҳои иқтисодию молиявӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонию давлатиро танзим менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ассотсиатсияи истифодабарандагони об» мебошад. Он соли 2006 қабул шуда, бо сабаби ба миён омадани дигаргуниҳо дар системаи хоҷагии об, ба такмил ниёз дорад. Аз ин хотир, гурӯҳи вакилон, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, дар ҳамкорӣ бо мутахассисону коршиносони соҳа, лоиҳаи қонуни мазкурро дар таҳияи нав омода намудаанд.

Қабл аз таҳияи лоиҳаи қонун вакилон бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронда, бо роҳбарону мутахассисони АИО ва сохторҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ суҳбати гирди миз баргузор карданд. Таклифу пешниҳодҳои ироашуда зимни таҳияи лоиҳаи қонун ба инобат гирифта шуданд.

Вобаста ба масъалаи мазкур ҳамчунин, муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло андешаронӣ намуд.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон