Паст намудани сатҳи бекорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтару хубтар кардани сифати зиндагии шаҳрвандони мамлакат ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22-юми декабри соли 2016 зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони мамлакат мебошад…».
Аз Паёми Пешвои миллат як сол сипарӣ гардид, мутаассифона, дар бархе аз шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб дар ин самт пешравӣ ба чашм намерасад. Даҳҳо нафар корҷӯй боварӣ надоштанашонро ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру навоҳӣ, ки яке аз ниҳодҳои бо кортаъминкунанда ва пасткунандаи сатҳи бекорӣ маҳсуб мешавад, изҳор медоранд.
Сокини шаҳри Кӯлоб А. Назриев, ки чанд сол боз ҷойи кор надорад, зимни суҳбат гуфт: «Чанд сол боз кори муносиберо, ки бо маошаш лоақал рӯзи худу фарзандонамро дар ҳадди миёна гузаронам, пайдо карда наметавонам. Соҳиби 4 фарзанд мебошам. Гоҳо ба бозори мардикории назди бозори Исмоили Сомонӣ рафта, кор меҷӯяму гоҳ дар бозори «Саховат» ароба мекашам. Баъзеҳо мегӯянд, ки рафта ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат кунам. Медонам, ки ин идора на ба дарди ҳама даво меёбад. Рафтану омадан ҳам беманфиат аст, мушкили корҷӯёнро ҳал карда наметавонад».
Бо вуҷуди ин ҳама шикваю шикоят, масъулони шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳисобот дода, аз пастшавии сатҳи бекорӣ ва ташкилу таъмини ҷойҳои корӣ ҳарф мезананд.
Ба иттилои сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб Мағфират Каримова, имсол тибқи нақша 881 нафарро бояд бо кор таъмин намоянд. То моҳи октябри соли ҷорӣ онҳо тавонистаанд, ки тавассути гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва муроҷиати бевоситаи шаҳрвандони корҷӯ барои 865 нафар дар идораю муассисаҳои давлатию ҷамъиятии шаҳр кор пайдо кунанд. Ба гуфти М. Каримова, шумораи ба кортаъминшудагон дар қиёс ба соли 2016 зиёд аст.
- Тибқи фармони раиси шаҳр ташкилоту идораҳои давлатӣ ба шуъба рӯйхати воҳидҳои кории холиро пешниҳод менамоянд. Шарҳрвандоне, ки барои корҷӯйӣ меоянд, ба онҳо тавсиянома дода, вобаста ба ихтисосу маълумот ба идораҳо равон мекунем, — афзуд сардори шуъба.
Баъди дастрас намудани феҳристи нафарони дар зарфи 10 моҳи соли равон бакортаъминшуда, бо ҳадафи санҷиши саҳеҳияти маълумот дари чанд муассисаву ташкилотро кӯфтем. Дар ҳуҷҷати расмии шуъбаи Агентӣ нишон дода шудааст, ки Некрӯз Файзов ва Сабза Раҳимов моҳи марти соли 2017 таҳти фармонҳои №53 ва №18 тавассути ярмарка, аввалӣ ба ҳайси табиб ва дувумӣ ҳамчун посбон, дар Беморхонаи вилоятии ба номи А. Ҳақназарови шаҳр ба кор қабул шудаанд. Вале аз рӯйи маълумоти пешниҳоднамудаи нозири шуъбаи кадрҳои беморхона возеҳ шуд, ки Н. Файзов як сол қабл ба кор таъмин шудаву ҳамон сол барои омӯзиши курси дусолаи такмили ихтисос ба шаҳри Душанбе сафарбар гардидааст ва ҳоло пайи омӯхтани илм аст. С. Раҳимов соли 2014 ба кор қабул шудааст, на 2017. Олуфта Ашӯрмадоваро низ гӯё шуъбаи Агентӣ 15-уми июни соли ҷорӣ (фармони №28) дар Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ба кор таъмин карда бошад. Аммо масъулони нозироти кадрҳои беморхона мегӯянд, ки ҳеҷ гоҳ бо чунин ному насаб корманд надоштанд.
Дар рӯйхати нафарони моҳҳои январ — майи соли равон тавассути ярмарка соҳиби коршуда номҳои Эраҷ Маҳмадиев (аз 23.01.2017 ба сифати муҳосиб), Қосим Раҳмонов ва Саидшоҳ Давлатов (аз 17.01.2017 ҳамчун назоратчӣ), Нилуфар Мирзохонова ва Манижа Ҳасанова (аз моҳи май муҳосиби ҶСК «Шабакаҳои барқии Кӯлоб») низ ҳаст. Тааҷҷубовар аст, ки мутасаддиёни шуъбаи кадрҳои Идораи шабакаҳои барқӣ аз будани чунин нафарон дар коргоҳ изҳори бехабарӣ намуда, гуфтанд: «Имсол дар шуъбаи муҳосибот ягон нафарро ба кор нагирифтем ва эълони воҳиди кории холии муҳосибӣ ҳам надодаем».
Ҳамчунин шуъбаи агентӣ номҳои Амиршоҳ Толибов, Саъдӣ Абдураҳмонзода ва Алишер Муғшуловро дар рӯйхат ҷой намуда, онҳоро соли 2017 дар Корхонаи обу ташноби шаҳр соҳиби «кор» кардааст. Аммо пурсуҷӯ собит сохт, ки онҳо соли 2016 дар корхона ба кор даромадаанд. С. Муғшулов дар корхонаи мазкур ягон вақт фаъолият накардааст.
Тибқи ҳисоботи сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр, аз аввали сол тақрибан 160 нафар мутахассиси эҳтиёҷ ба кордошта бо тавсиянома ба Раёсати маорифи шаҳр равон карда шудаанд. Ҳақиқат доштани ин ҳолатро аз мушовири раёсати маориф Мирзохон Бобоев пурсон шудем.
- Мутобиқи роҳхати Вазорати маориф ва илми мамлакат дар оғози соли хониши 2017 – 2018-ум 261 нафар барои кор ба раёсат муроҷиат карданд. Аз ин шумора 112 нафарро дар муассисаҳои таълимӣ бо ҷойи кор таъмин намудем. Ҳоло 40 нафар дар навбатанд. То ба имрӯз надидаам, ки ягон корҷӯй дар даст тавсияномаи раёсат ё шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба Раёсати маориф муроҷиат карда бошад. Дар хотир дорам, ки як намояндаи шуъбаи Агентӣ омада, рӯйхати нафарони ба кор қабулшударо гирифта буд, — гуфт М. Бобоев.
Нозироти кадрҳои аксар идораву муассиса изҳор доштанд, ки аз тавсияномаҳои шуъбаи Агентӣ барои корҷӯён хабар надоранд.
- Дар ҳисоботи мо ҳамон нафароне ҷой мешаванд, ки онҳоро бевосита бо тавсияномаи шуъбаи Агентӣ ба кор гирифтаанд. Баъди қабул ба кор санаи қабул, рақами фармон, вазифаи корҷӯй аз муассиса ба шуъба пешниҳод мегардад. Ростӣ, намедонам, чаро нозирони кадрҳо тавсияномаҳоро надидаанд. Дар бобати ба ҳисоботи шуъба мувофиқ набудани санаҳои ба кор қабулшавии шаҳрвандон низ намедонам, ки чаро чунин шудааст. Сармутахассисро вобаста менамоям, бори дигар рафта мувофиқа мекунад, — зикр кард сардори шуъбаи Агентӣ.
Таҳқиқ собит сохт, ки масъулони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба хотири иҷрои «нақша» ва зиёд намудани нишондоди оморӣ ба сохтакорию изофанависӣ даст задаанд. Номи чанд нафарро дар «маълумотнома» — ашон изофа намудаанд ва гӯё онҳоро соҳиби ҷойи кор кардаанд. Ба ғайр аз ин, исми кормандони корхонаю муассисаҳоро, ки чанд сол пеш фаъолият мекарданду бархе аллакай аз кор рафтаанд, дар ҳисоботи соли 2017- ашон навиштаанд. Бо вуҷуди ин, нақшаро «пур» карда натавонистаанд ва «маҷбур» шудаанд, ки номи як гурӯҳро бо тағйир додани рақами фармону санаи ба кор таъминшавӣ ду маротиба дар як рӯйхат нависанд. Ин ҳолат зиёд мушоҳида шуд, аммо ҳамаи онро имкони рӯи қоғаз овардан нест.
Бо мақсади гирифтани иттилои бештар оид ба вазъи бакортаъминшавии сокинон ба шуъбаи Агентии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Восеъ муроҷиат кардам. Сардори шуъба Маҳмадисо Қурбонов маро на он қадар хуш қабул намуд. Як сол қабл низ ба назди ӯ барои гирифтани маълумот дар ин масъала рафта будам. Мутаассифона, он вақт ҳам рафтори нохуб намуда, «Ҳозир ман беморам, ягон вақти дигар биё», — гуфта буд.
- Ҳозир мо барқ надорем, намедонам кай барқ мешавад. Рӯзе намеоӣ, ки барқ бошад? Ягон рӯзи дигар биё. Ё агар зарур бошӣ, номатро дар китоби бақайдгирии санҷишҳо сабт кун, баъдан ман ба ту маълумот медиҳам, — гуфт ӯ.
Таҳлил ҳолатҳои изофанависӣ, аз моҳ ба моҳ номнавис шудани кортаъминшудагонро дар ҳисоботу гузоришҳои тартибдодаи ӯ дар даҳ моҳи соли равон ошкор кард. Танҳо дар маълумотномаи омоданамудаи М. Қурбонов доир ба гузарондани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод шаш ҳолати такроран навиштани ному насаби ба кор таъминшудагон ба назар расид. Масалан, Холисамоҳи Тағоймурод, Мустафо Гулмадов, Гуландом Мирзоева тибқи гузориши ярмаркаи 17-уми феврали соли 2017 дар Маркази ҳимоя аз бемориҳои сили ноҳия ба кор даромадаанд. Ҳамчунин, дар ҳамон рӯзу моҳ Ҳикоят Малахова, Мунисаи Олимхон ва Шаҳноза Табарова низ дар Маркази кумаки аввалияи тиббӣ ва саломатии ноҳия ба кор қабул гардидаанд. Аҷиб он аст, ки номи онҳо дар рӯйхати ярмаркаи 25-уми май низ сабт шудааст.
Замираи Ғайратшоҳ соли 2015 ба МҲАБ-и ноҳия ба кор омадааст. Қурбонов бошад, номи ӯро дар рӯйхати ярмаркаи моҳи апрели соли 2017 ҷой кардааст. Гӯё, ки ӯро 04.04.2015 таҳти фармони №22 дар ин марказ ба кор таъмин карда бошанд. Ду нафари дигар — Алабердӣ Салимов ва Дилшодҷони Аваз бо фармонҳои №20-22, ҷойи кор МҲАБ, дар маълумотномаи ярмаркаи моҳи апрел навишта шудаанд, вале дар рӯйхати кормандони марказ бо ин ному насаб ягон нафар пайдо нагардид.
Масъулони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар маълумотномаи умумии кортаъминкунии моҳи августӣ 100 нафарро ҷой кардаанд, ки гӯё онҳоро бо тавсияномаи шуъбаи Агентӣ шуъбаи маорифи ноҳия ҳамчун омӯзгор қабул намуда бошад. Масъули нозироти кадрҳои шуъбаи маориф Бобохон Лақаев гуфт, ки рӯйхати мазкурро маъмурони шуъбаи Агентӣ аз ӯ гирифтаанд. Инҳо мутахассисони ҷавоне ҳастанд, ки на бо тавсияномаи шуъбаи Агентӣ, балки бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ соҳиби кор шуданд.
Вақте ки ба ҳисоботи моҳҳои дигари кортаъминкунии шуъбаи Агентии ноҳия назар менамоӣ, гумон мекунӣ, ки аҳолии ноҳияи Восеъ ҳама либосдӯзанду бофандаю занбӯриасалпарвар. Қариб ҳама шахсони дар муассисаҳои касбомӯзии ноҳия таълимгирифтаро вобаста ба касб ҳамчун «ба кортаъминшуда» ҳисобот додаанд. Ҳол он ки баъди омӯзиш ба чӣ корҳо машғул будани онҳо маълум нест.
Баробари мутолиа кардани ҳисоботи даҳмоҳаи ярмаркаҳои гузарондаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Муъминобод бошад, ҳатман ангушти ҳайрат мегазед. Изофанависию сохтакорӣ низ ҳадду ҳудуд доштагист?! Таваҷҷуҳ кунед, ба исми нафароне, ки ду-се маротиба дар маълумотномаи кортаъминкунии шуъбаи Агентӣ нишон дода шудаанд:
1.Меҳроҷи Абдулмаҷид (санаҳои 18.01.2017, 15.03.2017, 15.08.2017);
2.Одинаева Олиҳа (17.02.2017, 18.05.2017, 18.06.2017);
3.Одинабии Мирзозода (17.02.2017, 18.05.2017, 18.06.2017);
4.Файзиддин Фозилов (15.03.2017, 15.09.2017)…
16 нафар дар маълумотнома такроран қайд шудаанд. Дар ҳар ярмарка гӯё онҳоро соҳиби кор кардаанд. Баъзеи онҳоро дар муассисаҳои таълимӣ «вазифа»-и омӯзгорӣ додаанду гурӯҳи дигарро ронанда кардаанд. Ба қавли масъулони шуъбаи маориф, ягон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мошини хизматӣ он тараф истад, ҳатто воҳиди кории ронандагӣ надоранд.
Азбаски масъулон ҳайати кортаъминшудагонро дар рӯйхати мураттабнамуда бештар омӯзгор нишон додаанд, барои мувофиқанамоӣ нахуст ба шуъбаи маориф муроҷиат намудам. Якҷо бо ҷонишини мудири шуъбаи маориф Сафархон Маҳмадшоев ба он мактабҳое, ки гӯё бо тавсияи шуъбаи Агентӣ омӯзгор қабул кардаанд, бо телефон тамос гирифтем. Дар натиҷа, натавонистем, ақаллан ному насаби як нафар «омӯзгор»-и ҳисоботиро аз муассисаҳои таълимии дар маълумотномаи шуъбаи Агентӣ дарҷшуда пайдо кунем. Директорони мактабҳо аз фаъолияти омӯзгорон бо ному насабҳои дар рӯйхати шуъбаи Агентӣ сабтшуда изҳори бехабарӣ намуданд. Шуъбаи Агентӣ як нафарро гӯё дар муассисаи таълимии №61 ҳамчун омӯзгор ҷой намудааст, аммо маълум гардид, ки дар ноҳия ҳамагӣ 55 муассисаи таълимӣ фаъолият мекардааст ва муассисаи таълимии №61 вуҷуд надоштааст.
Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Абдуқаюм Исуфов зимни суҳбат иқрор шуд, ки маълумотномаи ба кортаъминшавии омӯзгоронро аз шуъбаи маориф гирифтанд.
- Дар ин ҷо воқеан айб аз мост. Мо нақшаи бакортаъминкунӣ дорем. Тасаввур кунед, рафта дар шаҳри Кӯлоб ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ мегузаронем. Албатта, ҳеҷ гоҳ дар Кӯлоб 10-12 нафар корҷӯй намеёбем. Агар дар ноҳия ҳам ярмарка ташкил кунем, ин қадар одамро соҳиби ҷойи кор карда наметавонем. Зеро ташкилоту идораҳо ба мо рӯйхати ҷойҳои кории холиашонро пешниҳод намекунанд. Ҳоло дилхоҳ идора агар воҳиди кории озодро ёбад, шиноси худашро ба кор мегирад, онро ба мо вогузор намекунад. Коргарони мо дар ба дар гашта, зораю илтимос мекунанд, ки агар ҷойҳои кори холӣ дошта бошанд ё ягон нафарро ба кор қабул карда бошанд, маълумот диҳанд. Як мисоли муқаррарӣ, қасри фарҳанги ноҳия чанд моҳ қабл коргар қабул кард. Аз онҳо хоҳиш кардем, ки ному насабашонро бидиҳанд, то дар ҳисобот ҷой намоем. Мабодо нақша иҷро нашуду роҳбарият талаб кард, маҷбур мешавем ба ҳар роҳу восита нишондодро боло барем, — баён намуд сармутахассис.
Шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру навоҳии Кӯлоб нахуст ҳисоботу гузоришоти хешро ба раёсати минтақавӣ пешниҳод мекунанд, сипас ба раёсати вилоятӣ. Қариб 20 сол мешавад, ки сардории раёсати Агентӣ дар минтақаро Сайдаҳмад Пириев ба уҳда дорад. Шигифтовар аст, ки дар ин муддат изофанависии иддае аз шуъбаҳоро надида, ҳисоботи пур аз дурӯғу сохтакории онҳоро тавассути идораҳои болоӣ то ба Ҳукумати ҷумҳурӣ мефиристад. Ба ибораи дигар, ошкоро ба чашми Давлату Ҳукумат «хок» мепошанд. Андеша намекунанд, ки «умри дурӯғ кӯтоҳ аст». Аз ин бармеояд, ки роҳбарони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ низ ба раёсату зершуъбаҳо дар ин музофот таваҷҷуҳи лозима надоранд. Қазоват кунед: сардори раёсати минтақавӣ 20 сол, шаҳри Кӯлоб — 10, Восеъ — 6 ва Муъминобод 20 сол мешавад, ки дар вазифа фаъолият доранд. Вале масъулони Агентӣ «муҳри хомӯшӣ» ба лаб задаю аз дидани ин ҳолат чашм пӯшидаанд.
Рақамҳои дар матлаб инъикосшуда, ки аз ҳуҷҷатҳои аслию расмии пешниҳонамудаи раёсати Агентӣ дар минтақа бардошта шудаанд, қатрае аз баҳранд. Пас, кӣ бояд ба ин ҳама бенизомӣ нуқта гузорад? Посухи масъулонро интизорем…
Ёқуби Содиқ,
«Садои мардум»